Нашрияи Омӯзгор

Қадрдонии раиси Иттифоқи журналистон

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода барои ҳамкории густурда бо аҳли маориф  бо нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуд.  Зимни супоридани ин нишони бонуфуз дар ҷаласаи мушовараи вазорат вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид  иброз дошт, ки вазорат бо васоити ахбори омма ҳамкории пурсамару ҳамешагӣ  дошта, ҳамасола зумрае аз журналистонро барои ҳамкорӣ ва инъикоси паҳлуҳои гуногуни фаъолияти соҳаи маориф бо ифтихорнома ва  нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ менамояд. Мо қаноатманд аз онем,  ки ВАО ҳамеша ба соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо ба кормандони соҳа ёрии амалӣ мерасонад. Дарвоқеъ, имрӯз ВАО дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва махсусан, соҳаи маориф  ҳиссаи сазовор мегузорад.

Раиси ИЖТ З. Исмоилзода барои чунин қадрдонӣ ба вазири маориф ва илм  изҳори сипос намуда, қайд кард, ки соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  афзалиятнок ба ҳисоб меравад ва пешрафти дигар соҳаҳо  маҳз ба таълиму тарбия ва рушди соҳаи маориф иртиботманд аст.

 

Н.ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш