Нашрияи Омӯзгор

Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии “Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2021”

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

19-уми майи соли равон дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии “Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2021” бо иштироки намояндагони 26 муассисаи таҳсилоти олии Федератсияи Россия – Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж, Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгород ба номи Н.А.Добролюбова, Донишгоҳи федералии Сибир, Донишгоҳи давлатии Тюмен, Донишгоҳи давлатии техникии Омск, Донишгоҳи давлатии Мари, Донишгоҳи давлатии Воронеж, Донишгоҳи давлатии нақлиёти Шарқи Дур, Донишгоҳи давлатии Вятка, Донишгоҳи давлатии идоракунии системаҳои радио ва радиоэлектроника, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи федералии Кавкази Шимолӣ, Донишгоҳи давлатии Комсомоли лаби - Амур, Донишгоҳи политехникии Москва, Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи давлатии Кемерово, Филиали Муассисаи давлатии таҳсилоти олии федералии «МИРЭА - Донишгоҳи технологии Россия» дар Ставропол, Донишгоҳи давлатии техникии Кузбасс, Донишгоҳи давлатии миллӣ-таҳқиқотии Мордовия ба номи Н.П.Огарева, Донишгоҳи давлатии политехникии Россияи Ҷанубӣ ба номи М.И. Платова, Донишгоҳи давлатии техникии Уляновск, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Россия, Донишгоҳи давлатии технологияҳо ва дизайни Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии Томск, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Кавкази Шимолӣ (Донишгоҳи давлатии технологӣ) ва 4 филиали донишгоҳҳои Россия дар Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард.

Қабл аз оғози намоишгоҳ-ярмарка, дар толори калони Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон бо иштироки ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду кишвар мулоқот доир гардид, ки дар он Б. Қодирзода – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, А.Шведсов – муовини директори Маркази илм ва фарҳанги Россия “Россотрудничиства”, И.Иванов -  директори намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Россия «Россотрудничество» дар Душанбе ва И. Бурлко – котиби якуми сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола ҳадаф аз ташкили чунин намоишгоҳ-ярмарка фароҳам овардани имкон барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯён, довталабон ва хоҳишмандоне мебошад, ки мехоҳанд таҳсилро дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия идома диҳанд.

Сипас, дар саҳни донишгоҳ бо иштирокдорони намоишгоҳ-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, довталабон ва волидайн мулоқоти намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Маркази илм ва фарҳанги Россия “Россотрудничество” баргузор гардида, бо буридани лентаи рамзӣ иштирокдорон аз намоишгоҳ дидан карданд.

Дар рафти намоишгоҳ намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Россия ба хоҳишмандон дар бораи шароити қабул, таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ, барномаҳои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, шароити зист дар давраи таҳсил, истироҳат ва стипендияҳои муассисаҳо маълумот дода, ба суолҳои довталабон посухҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон, дар доираи намоишгоҳ-ярмаркаи мазкур, дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ мулоқоти М.Имомзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо И.С. Лякин-Фролов -  сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Шведсов – муовини директори Маркази илм ва фарҳанги Россия “Россотрудничества С.Иванов -  директори намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Россия «Россотрудничество» дар Душанбе И. Бурлко  – котиби якуми сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои ҷойдоштаи кишварҳо дар самти маориф ва  илм ибрози назар намуданд. Бояд қайд кард, ки Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии “Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2021” дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия кори худро рӯзҳои 19-20-уми май идома дода, теъдоди зиёди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, донишҷӯён ва волидайн аз он дидан намуданд.

Ҳамчунин, рӯзи 22-юми майи соли ҷорӣ Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии “Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2021” дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он Г.Ғанизода-муовини вазири маориф ва илм, О.Каримзода-сардори раёсати маорифи вилоят, намояндагони Маркази илм ва фарҳанги Россия «Россотрудничество» дар Душанбе, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии вилоят ва волидайни хонандагон иштирок карданд. Зимни баргузории намоишгоҳ-ярмарка зикр гардид, ки нисбат ба солҳои қаблӣ имсол теъдоди хоҳишмандон аз ҳисоби духтарон бештар ба назар мерасад ва иштирокдорон ба ихтисосҳои техникӣ таваҷҷуҳи бештар доранд.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш