Нашрияи Омӯзгор

Пирӯзии мактабиёни пойтахт

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

22-23-юми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илм дар литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ барои синфҳои 5-6 баргузор шуд. Ҷамъомадро директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф дарёфт ва рушди истеъдодҳо мебошад. Барои пешрафти ин бахши муҳим «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» қабул ва мавриди татбиқ қарор дода шуда буд. Агар то соли 2010 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ як олимпиада баргузор мешуд, айни замон теъдоди озмунҳои фаннӣ ба 21 расидааст.

Муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён  қайд намуд, ки имрӯзҳо ҳаракати олимпӣ дар кишвар вусъати тоза касб намудааст ва хонандагони мо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок карда, обрӯву эътибори Ватанамонро баланд мебардоранд...

Лозим ба ёдоварист, ки дар сабқати дурӯза 811 нафар ғолиби даври минтақавию вилоятӣ, аз ҷумла, аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 318 хонанда ва фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 493 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок варзиданд. Довталабон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, география, математика, ботаника ва технологияи иттилоотӣ байни ҳам сабқат намуданд.

Озмун маълум кард, ки 392 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла, 72 нафар соҳиби медали тилло, 139 нафар соҳиби медали нуқра ва 181 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардидаанд. Хонандагони шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ, 119 медал, аз ҷумла, 32 медали тилло, 46 медали нуқра ва 41 медали биринҷӣ ба даст оварда, дар зинаи авввали ҷадвали озмун қарор гирифтанд. Довталабон аз вилояти Хатлон 107 медал, аз ҷумла, 12 медали тилло, 31 медали нуқра ва 64 медали биринҷиро соҳиб шуда, ҷойи дувумро аз худ карданд. Намояндагони вилояти Суғд 88 медал, аз ҷумла, 16 медали тилло, 38 медали нуқра ва 34 медали биринҷӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 51 медал, аз ҷумла, 11 медали тилло, 14 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 27 медал, аз ҷумла, 1 медали тилло, 10 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш