Нашрияи Омӯзгор

Шоҳине аз Боми ҷаҳон

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Доктори илмҳои физикаю математика, профессор Музаффар Азизов зодаи сарзамини биҳиштосои ВМКБ буда, ҳаёти худро ба омӯзиши илм ва таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст.

Ӯ соли 1950 дар ноҳияи Шуғнон ба дунё омада, соли 1967 мактаби миёнаи №69-и  зодгоҳашро хатм кардааст. Аз хурдӣ мехост, ки риёзиётро амиқ омӯзаду омӯзгор шавад ва дар навбати худ ба дигарон омӯзонад. Пас аз як соли хатми мактаби миёна Музаффари ҷавон бо ҳамин орзу роҳ ба сӯи пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе пеш мегирад ва соли 1968 донишҷӯи факултаи физика-математикаи Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) мегардад. Таҳсил дар донишкада шавқу завқи Музаффар Азизовро ба омӯзиши ин илм бештар кард. Кӯшишу ғайрат ва дониши амиқ доштани ӯро ба инобат гирифта, пас аз хатми донишкада дар кафедраи анализи математикӣ ба сифати ассистент ба кор қабулаш карданд. Солҳои 1980-1985 ҳамчун коромӯз-муҳаққиқ ва аспирант ба Институти илмӣ-тадқиқотии математикии АУ Ҷумҳурии Украина рафта, дар муҳлати муайяншуда (моҳи декабри соли 1984) рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Приближение многочленами решения некоторых классов дифференсиальных уравнений» сарбаландони дифоъ намуд ва ба Ватан баргашт. То соли 1989 М.Азизов дар кафедра дар вазифаи муаллими калон ва аз соли 1989 ҳамчун дотсент фаъолияти худро идома дод.

Донишу таҷрибааш водор мекард, ки тадқиқотро идома диҳаду дар соҳаи худ олими комил шавад. Бо ин ният солҳои 1993-1997 боз ба Институти илмӣ-тадқиқотии математикии АУ Ҷумҳурии Украина ба сифати докторант ба фаъолият мепардозад. Устод рисолаи доктории худро соли 2009 дар мавзӯи «Оптимизация приближённых методов решение некоторых классов интегральных уравнений и смешние вопросы теории приближённого методов» дифоъ намуда, ба дараҷаи илмии доктори илмҳои физика-математика мушарраф мегардад.  Ӯ муаллифи беш аз 125 кори илмӣ, як монография ва се китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ буд. Солҳои 2008-2015 дар вазифаи мудири кафедраи анализи математикии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намуда, дар ин давра мақому манзалати кафедраро афзудааст. Аз соли 2015 то нафаси вопасин ҳамчун профессори кафедраи номбурда фаъолият дошт. Устод М.Азизов дар давоми фаъолияти илмиву омӯзгории худ дар чандин конфронси илмии дохилу хориҷи кишвар бо маърӯзаҳо баромад намуда, сазовори ҷоизаҳо гардидааст.

Профессор М. Азизов умед дошт, ки орзуҳои минбаъдаашро дар соҳаи омӯзиши илми риёзӣ аз тарафи шогирдон амалӣ мегардонад. Аммо субҳи 16-уми феврали соли равон марг ӯро аз байни мо рабуд. Имрӯз устод, мутаассифона, ҷисман бо мо нест, вале ёди ӯ ҳамеша дар қалби ҳамкорону шогирдон ҷой дорад.

 

Мансур НУЪМОНОВ,

 профессор,

Абдураззоқи РАЗЗОҚ,

 мудири кафедраи методикаи

таълими математика,

Мастона ХОЛИҚОВА,

мудири кафедраи анализи математикӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш