Нашрияи Омӯзгор

Бунёди боз 3 мактаб

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

3-юми июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзорасии созишнома байни Корпоратсияи «Power China»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони 3 муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин, муовини директори Корпоратсияи «Power China International Group Limited» дар минтақаи Аврупо ва Осиё Чэн Шисзюя, директори минтақавии Ширкати Бюро Синохидро 16 дар Осиёи Миёна Ван Чжунпан, дигар меҳмонони расмӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, масъулини вазоратҳои маориф ва илм, корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои оби кишвар ширкат варзиданд.   

Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин Юе Бин иброз дошт, ки Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  бо ҳам кишварҳои бародар, дӯст, ҳамсоя ва шарикони стратегӣ мебошанд ва боиси ифтихори мардуми Чин аст, ки мардуми тоҷик таваҷҷуҳи зиёд нисбат ба забон, илм ва фарҳанги чинӣ доранд. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чин омодааст, барои густариши ҳамкориҳо чораҳои судманд андешад.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар, иброз дошт, ки дар соҳаи маориф ва илм то имрӯз миёни ду кишвар як қатор санадҳо ба имзо расидааст. Аз ҷумла, ҳамкориҳои дуҷонибаи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб роҳандозӣ  шудааст.

Инчунин, дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон марказҳои илмию фарҳангии «Конфутсий» фаъолият менамоянд, ки дар онҳо хоҳишмандон забон, фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои халқи Чинро меомӯзанд.

Қобили зикр аст, ки дар асоси санадҳои ба имзорасида ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чин ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курси солонаи забономӯзӣ, зинаҳои бакалавриат, магистратура ва аспирантураи (PhD) донишгоҳхои ин кишвар, бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо карда мешавад ва сол то сол шумораи довталабони тоҷик меафзояд.

Айни замон, дар 112 муассисаи таҳсилоти олии Чин тақрибан 3000 донишҷӯи тоҷик таҳсил доранд.

Инчунин, зимни суҳбат қайд карда шудааст, ки то имрӯз аз тарафи ширкатҳои чинӣ 7 бинои нави мактаб мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки  ҳар яке барои 640 нафар  ҷойи нишаст мебошанд.

Дар идомаи суҳбат Абдуворис Эшонов, директори ҶДММ «Абрис», лоиҳаи сохтмони мактабҳоро муаррифӣ намуд.

Дар охир маросими баимзорасии созишнома байни Корпоратсияи «Power China»-и Ҷумҳурии мардумии Чин ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони 3 муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сурат гирифт, ки тибқи он як муассисаи таълимӣ барои 640 ҷои нишаст дар ноҳияи Данғара ва ду муассисаи таълимӣ барои 320 нафарӣ дар шаҳрҳои Бохтару Леваканд сохта мешаванд.

 

Нафиса Муминова,

корманди Маркази матбуоти

Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш