Нашрияи Омӯзгор

Камбудиҳо бартараф мешаванд

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш яке аз омӯзгорони фаъол ва соҳибтаҷриба Қосим Давлатзода сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат таъйин гардид. Ӯ фаъолияташро аз бартараф сохтани нуқсонҳои ҷойдоштаи соҳа оғоз намуд. Аввалин коре, ки анҷом дод, эҳёи нашрияи соҳавии назди раёсат – “Шамъи ирфон” буд. Нашрияи мазкур соли 2000-ум таъсис гардида, дар муддати 15 соли фаъолият ҳамчун оинаи фаъолияти омӯзгорони шаҳр, манбаи паҳн намудани таҷрибаи пешқадами мактабу ҳайатҳои педагогӣ ва омӯзгорони алоҳида гардида буд. Дар саҳифаҳои он навигариҳои соҳаи маориф, рӯзгори омӯзгор, таҷрибаи пешқадами педагогӣ, маводи методӣ ва эҷоди бадеии омӯзгорон ба табъ мерасид, вале аз беэътибории кормандони раёсат он як муддат аз назар дур монд. Марди маорифпарвару адабиётдӯсту Қосим Давлатзода дастур дод ва мусоидат кард, ки нашрияи омӯзгорон аз нав ба нашр расонда шавад.

Дуюмин коре, ки сардори нави раёсат анҷом дод, аз нав ташкил намудани фаъолияти семинарҳои доимоамалкунандаи директорон, муовинони бахши таълим ва тарбия, иттиҳодияҳои методии минтақавии роҳбарони синф мебошад. Қаблан ин чорабиниҳои муҳими методӣ нозарур дониста, аз байн бардошта шуда буданд.

Сардори нави раёсат ҳангоми суҳбат ба мо иброз дошт, ки дар соҳаи маорифи шаҳр камбудиҳои зиёд, аз қабили қисман нарасидани адабиёти бачагона, китобҳои дарсӣ, мизу курсӣ ва мутахассисони варзида ба чашм мерасанд. Ҳамаи онро ислоҳ мебояд кард.

Сеюмин коре, ки Қ.Давлатзода анҷом дод, иваз кардани шиору овезаҳои куҳнаю фарсуда ва забонзадаи бинои идора ва долону роҳравҳои раёсати маориф мебошад.

Тавассути ҳашарҳои ободонӣ дар дохили ҳуҷраҳои корӣ, долону роҳравҳо ва атрофи бинои раёсат симои идора ба куллӣ дигар гашт. Шиору овезаҳо бо диди нав, мазмуну мундариҷаи тоза таҳия гардиданд, ки аҳли иштирок дар барои тарбияи насли наврас ва ҳамкорӣ бо мактабу маориф ҳидоят менамоянд.

Даромадгоҳи идора ва қисмати поёнии деворҳои бинои идора бо тахтасангҳои мармарӣ оро дода шудаву дару девори бино рангу пардози нав гирифтанд.

Сардори раёсат азм дорад, ки таъмиру тармими кӯдакистонҳо, муассисаҳои таълимӣ, омода намудани истироҳатгоҳи тобистонаи мактабиён – “Ҳамсафар” ба мавсими нави истироҳату фароғат ва ғайраро вусъат бахшад.

 

Саидмурод ИСКАНДАРӢ,

рӯзноманигор,

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш