Маҳбуба Мӯсохоҷаева 54 соли умри бобаракати худро дар роҳи таълиму тарбияи шогирдон сарф намудааст. Ӯ хатмкардаи факултаи забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Ҳамсари муаллима Ф. Абдуллоев низ тамоми умри худро дар роҳи илму дониш сарф намуда, то охирин нафас ҳамчун мудири кафедраи химияи органикӣ дар донишгоҳи мазкур кор кардааст.
Маҳбуба Мӯсохоҷаева баъди хатми донишгоҳ фаъолияти омӯзгорияшро ҳамчун муаллимаи забони англисӣ аз мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе оғоз бахшида, соли 1968 кори худро дар мактаби №62-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт давом дод. Аз соли 1980 то имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба шогирдон дарс мегӯяд.
Омӯзгори садоқатпеша ҷиҳати соҳибилму соҳибкасб гаштани шогирдашон пайваста заҳмат мекашад. Дарсҳои худро бо навтарин методу усулҳои таълимӣ, мутобиқ ба синну соли хонандагон ва рушди психологию ҷисмонии онҳо мегузаронад.
Хислатҳои неки Маҳбуба Мӯсохоҷаева, аз қабили иродатмандӣ, дӯст доштани касби худ, хоксориву таҳаммулпазирӣ барои шогирдону ҳамкасбон мактаби бузургест дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ . Агар ягон омӯзгори ҷавон мушкилоти оилавӣ ё касбии худро дар миён гузорад, муаллимаи собиқадор ва зиндагидида бо оромию тамкин аз рӯзгори худ мисолҳо оварда, ӯро ба касбу кору зиндагӣ дубора дилгарм мегардонад. Мавсуф худро аз он хушбахт медонад, ки дар оилаи зиёӣ ба воя расидаасту тамоми пайвандонаш таҳсилдидаву соҳибкасбанд.
Устоди поквиҷдону сермаҳсул Маҳбуба Мӯсохоҷаева бар ивази заҳматҳои шабонарӯзияш дар кори таълиму тарбияи насли наврас бо даҳҳо диплому ифтихорнома, сипосномаву раҳматнома қадр шудааст, дорандаи нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” мебошад.
Муаллимаи мушфиқу ғамхор Маҳбуба Мӯсохоҷаеваро аз номи шогирдон ва омӯзгорони мактаби №10-и шаҳри Душанбе ба ифтихори 75-умин солгарди умраш муборакбод гуфта, барояш тансиҳатӣ, умри дароз ва толеи баланд таманно дорем.
К. КАРИМОВ,
омӯзгори мактаби №10-и
шаҳри Душанбе,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр