Нашрияи Омӯзгор

Саргаҳи ташаккули шахс

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Оила муҳимтарин восита ва сарчашмаи тарбияи шоистаи насли наврас буда, фарзандонро ба ҳаёт ва фаъолияти воқеӣ тайёр мекунад. Мақсадҳои муҳиме, ки ҷамъият дар назди мактаб гузоштааст, аз тарбияи оилавӣ вобастагии ҷиддӣ доранд.

Вазифаи оила аз он иборат аст, ки бояд дар баробари дигар корҳои хонавода ташкили оқилонаи фаъолияти кӯдакро таъмин созад, ёрӣ расонад, ки ӯ таҷрибаҳои мусбат ва судманди насли калонсолро аз худ карда, дар фаъолият, одат ва муносибат таҷрибаҳои фардӣ гирд оварад.

Дар санадҳои соҳаи маориф ва махсусан, дар Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» асоситарин вазифаҳои падару модарон қайд карда шудааст: оила бояд шароити  зарурие ба вуҷуд оварад, ки бачагон сари вақт соҳиби маълумоти миёна гашта, ба ин ё он касбу кор тайёр шаванд; бачагонро бо рӯҳияи ахлоқи ҳамида тарбия намояд; онҳоро ба малакаҳои  меҳнатӣ одат кунонида, нисбат ба моликияти ҷамъиятӣ эҳтиёткор буданро ёд диҳад; нисбат ба саломатии кӯдак ҳамеша ғамхорӣ зоҳир намуда, барои аз ҷиҳати ҷисмонӣ ҳаматарафа инкишоф ёфтани ӯ тамоми шароитро муҳайё созад.

Дар оила зери таъсири тамоми хусусиятҳои ҳаёти оилавӣ равиши маънавию ҷамъиятӣ, майлу рағбату ҷабҳаи равонии насли наврас ташаккул меёбад. Ҳамин аст, ки бачагон аз рӯи марому мақсади худ, кӯшишу  муносибатҳои  нисбат ба одамон доштани  худ, пеш аз ҳама, хислатҳои падару модаронашонро такрор мекунанд. Хулқу атвор ва рафтори шоистаи калонсолон дар оила ба рушди ахлоқии кӯдак ҳамеша ёрӣ мерасонад.

Дар инкишофи талаботи маънавӣ ва майлу рағбатҳои бачагон низ  нақши оила бағоят барҷаста аст. Муносибатҳои ҳаррӯзаи кушоду равшани калонсолону бачагон барои азхудшавии арзишҳои маънавӣ имкониятҳои хубе ба вуҷуд меоранд. Фарзандонро нағз донистану омӯхтани падару модарон имкон медиҳад, ки онҳо аз хурдсолӣ майлу рағбатҳои фардии онҳоро ошкор намуда, барои истеъдодҳои худро  инкишоф додани онҳо ёрӣ расонанд. Дар хона бачагон баробари донишу маҳорат ва малакаҳои дар мактаб азхудкардаашонро мустаҳкам намудан соҳиби таҷрибаҳои мустақилонаи корҳои фикрӣ мегарданд. Китобу маҷалла ва рӯзномаҳои аз китобхонаи хонагӣ дастрас намудаи онҳо, гӯш кардани барномаҳои радиову телевизион ҳамсафари доимии мактаббача дар оила буда, хираду ҳисси кӯдакро такмил  мебахшанд, боиси васеъ шудани ҷаҳонбинии ӯ мегарданд.

Оила муҳимтарин манбаи ҳиссиёт, баҳодиҳӣ ва муҳокимаҳои амиқу нозуки маънавию эстетикӣ мебошад, ки дар асоси он чунин муносибатҳои ҳамидаи инсонӣ, чун муҳаббат, дӯстӣ, ғамхорӣ, ҳурмат кардани калонсолон, амалан кӯшиш намудан барои беҳтарсозии шароити гирду атроф ва худтарбиякунӣ… ташаккул меёбанд.

Инкишофи иродаи кӯдак, пеш аз ҳама, дар оила сурат мегирад. Чунки дар ин ҷо кӯдак мунтазам ба фаъолияти муфид ҷалб ва ба рафъи душвориҳои моддиву маънавӣ одат кунонида мешавад. Маҳз ба воситаи оила кӯдак мазмуни зиддиятҳои хостану имкониятҳои воқеии оилавиро дарк менамояд.

Ҳаёти оилавӣ бо тамоми хусусиятҳои гуногуни психологӣ, маънавӣ ва маишии худ мактаби хосе ба шумор меравад, ки дар он батадриҷ одами комил  тайёр карда мешавад.

Вазифаҳои тарбияи оилавӣ аз вазифа ва мундариҷаи раванди таълимӣ ва тарбиявии мактаб ҷудонашаванда бошанд ҳам,  дар айни ҳол, ҳар яке аз инҳо дорои махсусиятҳо мебошанд.

                                                                                                                                    

Зайнура Юсуфова,

омӯзгори Донишкадаи сайёҳӣ,

соҳибкорӣ ва хизмат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш