Нашрияи Омӯзгор

Таҳқиқоти густурда дар бораи Бадри Чочӣ

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 863        Шарҳ: 0

 

(«Девони Бадри Чочӣ», матни илмӣ – интиқодӣ, Душанбе – 2020, 376 с.)

Дар адабиёти тоҷик чеҳраҳои зиёди адабие ҳастанд, ки  ҳанӯз ҳам осори онҳо барои хонандаи тоҷик ошно нест. Бо ба вуҷуд омадани имконот ва шароити созгор тадриҷан ашъори шоирони классики форсу тоҷик мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Бадри Чочӣ аз ҷумлаи шоирони барҷаста бошад ҳам, то имрӯз  ашъори ӯ барои хонандаи тоҷик муаррифӣ нашудааст.

Бори аввал матни илмию интиқодии «Девони Бадри Чочӣ» (Душанбе – 2020, 376 саҳ.) зери назари профессори зиндаёд Худоӣ Шарифзода бо пешгуфтор ва тасҳеҳи адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ Фахриддин Ҳайдаров  омода ва бо хатти ниёгон пешкаши хонандагон гардид. Бадри Чочӣ шоири бузурги охири қарни сездаҳум ва аввали чордаҳуми милодӣ мебошад ва нашри комили интиқодии девони ӯ нахустини маротиба дар Тоҷикистон сурат гирифтааст. Саҳми ӯ дар рушду такомули қасидаи куҳани форсию тоҷикӣ чашмгир мебошад.

Дар пешгуфтори китоб муҳаққиқи варзида Ф. Ҳайдаров ҳаёт ва эҷодиёти ин шоири маъруфро бо такя  ба сарчашмаю осори муҳаққиқон  мавриди баррасӣ қарор додааст. Пеш аз он ки муҳаққиқ ҳаёт ва фаъолияти  эҷодии шоири тавоноро мурур кунад, аввалан, вазъи адабию сиёсӣ ва иҷтимоии рӯзгори шоирро таҳлил намудааст. Дар бораи  авзои адабӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ  дар рӯзгори шоир муҳаққиқони адабиёт, пажӯҳишгарони ватаниву хориҷӣ  асарҳои зиёд навиштаанд ва зимни таҳлилу баррасӣ  ду ҳавзаи адабӣ – Мовароуннаҳр ва Ҳиндустонро асосӣ ҳисобидаанд. Зеро шоир дар ин ду ҳавза ба камол расидааст. Аввалан, ӯ дар Мовароуннаҳр илмҳои замонаро азхуд мекунад ва бо бад гардидани авзои сиёсӣ ва ҳуҷуми муғулҳо ба ин сарзамин, тарки Осиёи Миёна мекунад. Баъди азобу машаққату саргардониҳои зиёд ба Ҳиндустон меравад ва дар дарбори Муҳаммад Туғлуқшоҳ ба дарёфти унвони Фахруззамон сазовор мегардад.

Ба таъкиди Ф. Ҳайдаров, замони зиндагии Бадри Чочӣ яке аз пурошӯбтарин давраҳои таърихии Мовароуннаҳр маҳсуб меёбад. Замоне ки бар асари тохтутози муғулон иқтисоди Мовароуннаҳр ва Хуросон таназзул кард, ба марокизи бузурги адабӣ, ки ағлаб дар ин сарзамин мавҷуд буданд, хисороти зиёде ворид гашт. Муғулҳо иддае аз аҳли адаб ва фарҳангро, ки дар ин сарзамин ба сар мебурданд, ба қатл расониданд. Танҳо теъдоди андаке ба сарзаминҳои амнтаре фирор намуданд. Аз ҷумла, Бадри Чочӣ, Ибни Нусрати Хуҷандӣ, Зиёуддини Нахшабӣ ба Ҳиндустон  фирор карданд. Носири Бухороӣ ба Ироқ рафт, Камоли Хуҷандӣ эъзоми Табрез гардид.

Муҳаққиқ, ҳамчунин, ба анвои шеър дар ин давра таваҷҷуҳ намуда, таъкид мекунад: «Яке аз вижагиҳои адабиёти ин давра иборат аз он аст, ки бештари шоирон берун аз дарбори ҳокимони аср зиндагӣ ва эҷод мекарданд».  Дар ин маврид муҳаққиқи варзидаи адабиёти  форсӣ Шиблии Нуъмонӣ  менависад: «Шоирони машҳури аср мисли Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Мавлавӣ, Авҳадӣ, Ибни Ямин иртиботи хосе ба ҳеҷ яке аз дарбориҳои аср надоранд ва ин рӯҳи озодихоҳӣ  ва истиқлол дар суханронӣ дамида шуд  ва шоире аз қайди ситоишу ину он тааллуқоти беҷо халосӣ ёфт».

Таҳлилу баррасии авзои адбиию сиёсии Ҳиндустон дар ин давра низ дар пажӯҳиши Ф. Ҳайдаров ба таври густурда сурат гирифтааст. Ӯ  бо такя бо осори муътамади пажӯҳишгарони тоҷику форс вазъи ондавраро дар ҳавзаи Ҳиндустон таҳлил менамояд. Ба таъбири Ф. Ҳайдаров, «Қобили зикр аст, ки адабиёти форсӣ қабл аз вуруди Бадри Чочӣ ба  ин сарзамин (Ҳиндустон дар назар аст  – Н. Н., Н. О.) рушду такомули беандоза дошт  ва ҳавзаҳои гуногун  дар нуқоти мухталифи Ҳиндустон машғули фаъолият буданд. Воқеан, нақши ин  ҳавзаҳо дар пешрафт  ва камоли чеҳраҳои боқариҳа ниҳоят чашмрас буданд. Бавижа, ҳавзаи Деҳлӣ дар шимоли Ҳиндустон дар ин боб қобили тазаккур аст. Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки аксар салотини Деҳлӣ худ аз адабиёту фарҳанги форсӣ огаҳии комил доштанд ва бархе аз онҳо шеър ҳам эҷод мекарданд».

Омӯзиши шарҳи аҳволу осор ва эҷодиёти Бадри Чочӣ аз нимаи дуюми асри XIX  оғоз ёфтааст ва аввалини муҳаққиқ Ғиёсиддин Муҳаммади Ромпурӣ мебошад., ки бар қасоиди шоир бо номи «Кошифи асрор» шарҳ навиштааст. Муҳаққиқ Ф. Ҳайдарзода менависад, ки «Перомуни зодгоҳи шоир будани шаҳри Чоч (Тошканди имрӯза) ихтилофи назар нест. Аввал ин ки, Чоч тахаллус гирифтани шоир гувоҳи матлаб аст. Сониян, ағлаби пажӯҳишгарони феҳристи осори мактуби шарқии китобхонаҳои ҷаҳон мутаваллиди шаҳри Чоч будани адибро таъкид мекунанд».

Дар бораи туфулият ва овони ҷавонии шоир иттилои дақиқе дар даст нест. Ва дар осораш низ аз ҷониби вай ишорате нашудааст. Доир ба ҳиҷрати ӯ ба Ҳиндустон дар манобеи муътабар ақидаҳои мухталиф зикр гардидааст: «Ризоқулихони Ҳидоят санаи ҳиҷрати шоирро зикр накарда, таъкид намудааст, ки шоир рӯзгоре дар Деҳлӣ ба маддоҳии Султон Муҳаммад Туғлуқшоҳ ва дигар салотини Ҳинд ба сар бурда ва аз хони эҳсони эшон рӯзӣ мехӯрда».

Мирҳусайни Дӯст ишора намудааст, ки Мавлоно Бадриддини Чочӣ дар давраи ҳукмронии Муҳаммадшоҳи Туғлақӣ ба Деҳлӣ омад, вале аз навиштаи вай замони дақиқи ҳиҷрати шоир маълум нест.

Муҳаққиқ Ғиёсиддин Муҳаммад чунин гуфтааст: «Бадриддин мутахаллис ба Бадр аст аз шаҳри Чоч, музофоти Турон, ки муаррабаш Шош бошад. Дар санаи ҳафтсаду сию се дар дорулхилофати Деҳлӣ ворид гашт, мулозим ва надими Султон Муҳаммадшоҳ ибни Ғиёсиддини Туғлуқшоҳ шуда, мулаққаб ба Фахруззамон будааст».

Донишманди тоҷик Холиқ Мирзозода соли вуруди шоирро ба Деҳлӣ 1332 зикр намудааст ва иллати ҳиҷрати вайро вазъи душвори сиёсӣ донистааст, ки бар асари салтанати истиқроргаронаи муғул ба вуҷуд омада буд. 

Фахриддин Ҳайдаров ба ин андеша аст: «Аз ишороти шоир бармеояд, ки вай дар хилоли зиндагӣ мусофиратҳои зиёде доштаву дар кишварҳои мухталиф сукунат варзидааст, вале тибқи навиштаи муҳаққиқон ӯ ҳаргиз  пеши касе сари таъзим фурӯ наёвардааст ва хидматгузори ҳеч касе набудааст. Танҳо Султон Муҳаммад буда, ки хидмат дар дарбораш раванди зиндагиву рӯзгори Бадри Чочиро комилан дигаргун сохтааст.

Ф. Ҳайдаров баъди омӯзишу мутолиоти зиёди осор ба хулосае мерасад, ки айёми туфулият ва овони ҷавонии шоир дар Осиёи Миёна сипарӣ шудаву улуми замонаро низ дар ин сарзамин фаро ги-рифтааст. Баъдан бар асари ҳаводиси нохушоянди замона, тахминан, миёни солҳои 728 -733 ҳичрӣ ҷилои ватан намуда, ба Деҳлӣ меояд ва ба ҳайси надими Султон Муҳаммад Туғлуқшоҳ баргузида мешавад.

Пужӯҳишгар дар тадвини девони илмию интиқодии Бадри Чочӣ  ба чор нусхаи ашъори шоир  такя намудааст, ки нусхаи аввали он дар захираи дастхатҳои Институти шарқшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва  се нусхаи дигари он дар захираи дастхатҳои Институти шарқшиносии ба номи Берунии Академияи илмҳои Ӯзбекистон  маҳфузанд.  Бояд гуфт, ки нусхаҳои хаттии девон ва маҷмӯаҳои ашъори Бадри Чочӣ дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон мавҷуданд, ки муҳаққиқ танҳо ба ҳамин чор дастхат дастрасӣ пайдо кардааст. Муҳаққиқ ин нусхаҳоро мавриди таҳлил қарор дода, миқдори қасидаву рубоӣ ва қитъаҳои шоирро муайяну мушаххас ва дар заминаи муқоиса онҳоро баҳогузорӣ кардааст.

Ҳамин тариқ, дар заминаи нусхаҳои дастрасшуда, дар девони илмию интиқодии Бадри Чочӣ 72 қасида, 105 қитъа ва 40 рубоӣ гирд оварда шудааст. Ҳамчунин, дар охири китоб тавзеҳот дарҷ гардидааст, ки кори хонандаро дар дарку фаҳми ашъори шоир ба таври назаррас осон мегардонад. Мавзӯи қасидаҳои шоирро рӯйдодҳои таърихӣ ва воқеоти замон, тавсифи иморот, ҷашнҳои пуршукӯҳи шоҳона, панду ахлоқ, мазмуну муҳтавои шарҳиҳолӣ, илми мусиқӣ  ва вижагиҳои он  ва инчунин, мадҳу ситоиши зимомдорон дар бар мегирад.

Муҳаққиқ Фахриддин Ҳайдаров менигорад, ки «мутолиоту дониши густурда дар риштаҳои мухталифи улуми замон ҷанбаи дигаре аст, ки ба сабку услуби шоир таъсиргузор будааст. Бадри Чочӣ аз улуми динӣ ва махсусан, Қуръон огаҳии комил доштааст. Дар радифи ин, шоир илми нуҷум, ҳайат, ҳикмат ва мантиқро фаро гирифтааст. Шинохти ин ҳама улум ба забони ашъори вай беасар набудааст. Мушкилот ва печидагиҳо  дар осораш дида мешавад, ки аз баракати ҳамин ошноист».

Девони илмӣ – интиқодии Бадри Чочӣ даричаи навро барои пажӯҳишгарону адабиётшиносон ва дилбастагони каломи бадеъ мекушояд ва дар ин замина чандин ҷабҳаро барои шинохти бештари ашъори шоир мушаххас менамояд.

 

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш