Нашрияи Омӯзгор

Боргоҳи донишу хирад

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

 

Мактаби ман дар байни ду деҳа: Қизил  - Тоҷикистон ва Андреев ҷойгир аст. Ҳоло ин ду деҳа бо ҳам пайаст гардида, Асадулло ном гирифтаанд. Асадулло Саъдуллоев солҳои зиёд сарчӯпони хоҷагии деҳқонии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов буд. Барои меҳнати софдилона ва марди накукор буданаш аҳли деҳа қарор доданд, ки ба макони зисташон номи ӯро гузоранд.

Мактабамро соли 1936 муаллими покзамир Мухтор Хоҷаеви намангонӣ ҳамчун муассисаи ибтидоӣ ташкил намудаву то соли 1950 вазифаи мудирии мактабро бо сари баланд иҷро кардааст. Ин омӯзгори асил ду бачаи бепарасторро ба фарзандӣ қабул намуда, ба воя расондааст. Таҳсил дар ин боргоҳ бо ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сурат мегирифт. Соли 1954 бо сабаби камшумор будани хонандагони ӯзбекзабон таҳсил пурра ба забони тоҷикӣ гузашт.

Мухтор Хоҷаев ягона тоҷике буд, ки соли 1921 дар кори Анҷумани Х - и РКП(б) болшевикон дар шаҳри Москва иштирок кардааст.

Мактаби ман соли 1958 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуда, рақами 33-ро гирифт. Он дар колхози «Коммунизм» - и ноҳияи Кагановичобод (баъдтар Колхозобод ва айни ҳол Ҷалолиддини Балхӣ) ягона мактаби миёна ба шумор мерафт ва аз панҷ деҳа фарзандони меҳнаткашон ба таълим фаро гирифта мешуданд.

Ин боргоҳи донишро як профессор, як доктори илмҳои иқтисодӣ, чор номзади илм, як нависанда, ду шоиру ду рӯзноманигор, шаш вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дувоздаҳ вакили маҷлиси халқии вилоятӣ, бисту панҷ вакили маҷлиси халқии ноҳиявӣ, сиву ҳашт вакили ҷамоатҳои деҳот, ду генерал, чор полковник, чор раиси ноҳия ва ду устоди пахта хатм намудаанд.

Ҳамчунин, дар ин муассиса ҳамсари меҳрубони Пешвои миллат Азизмоҳ Асадуллоева ва директори генералии ҶСШК «Ориёнбанк» Ҳасан Асадуллозода таҳсил намудаанд.

Дар қатори муаллимон ва омӯзгорони бешумор ҷавонмарди таҳҷойӣ Ҳайдар Пирматов низ ба таълиму тарбияи насли наврас камар баста, зиёда аз сӣ сол (аз соли 1965 то соли 1995) иҷрои вазифаи директори мактабро бар дӯш дошт ва ба се насли сокинони деҳа дарси адабу инсондӯстиву одамгарӣ омӯзонд.

Бо ғамхорӣ ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат соли 2015 бинои сеошёнаи мактаби нав барои 1500 хонанда бо тамоми таҷҳизот ва шароити созгор ба истифода дода шуд. Айни замон ин ҷо 80 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба дар синфхонаҳои барҳаво машғули тадрис мебошанд.

Мактабам шоҳиди ташрифи шахсони маъруфу намоёни ҷумҳурӣ, аз қабили адибон Пӯлод Толис, Юсуфҷон Акобиров, Ҳабибулло Файзулло, бастакори машҳур Абдуфаттоҳи Одина гардидааст. Ин меҳмонони олиқадр бо шогирдон вохӯриҳои хотирмон гузаронида, бобати ватандӯстиву худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба таърихи макону миллат панду андарзҳои таъсирбахш баён намудаанд.

 

Зариф ҒУЛОМ,

нависанда


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш