Нашрияи Омӯзгор

Миралӣ Достизода: Ҳадафи озмун кашфи истеъдодҳои ҷавон аст

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 836        Шарҳ: 0

 

- Мегуфтед, ки мазмун ва мавзӯи суруду оҳангҳое, ки ба озмун пешниҳод    мегарданд, аз чӣ  иборат аст? Ҳамасола ба озмун якчанд тағйиру илова дохил карда мешаванд. Оё имсол низ дар ин самт ягон тағйирот ба назар мерасад?

 - Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро, ки ба озмун пешниҳод мегарданд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон, зебоии табиати биҳиштосои Тоҷикистон,  васфи Ватану ватандӯстӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, инъикоси  ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, об ҳамчун манбаи ҳаёт ва ободӣ  дар бар мегирад. Ҳамчунин, дар озмун истифодаи асарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз тарафи бастакорони ҷаҳонӣ иншо шудаанд, истифода бурда мешаванд. 

Оре, имсол низ баъзе тағйирот дар баргузории озмун вуҷуд дорад.  Чун анъана озмун дар се давр баргузор мегардад. Яке аз тағйироти озмун  ба ду гурӯҳ ҷудо намудани иштирокчиён мебошад: Яъне, ба гурӯҳи якум - хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, гурӯҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони  филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ансамблҳои ҳунарӣ,  оилавӣ (гурӯҳи касбӣ) ва ба гурӯҳи дуюм хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ходимони илмӣ ва эҷодӣ (гурӯҳи ҳаваскорон) дохил мешаванд.

- Оё аз нигоҳи синну сол ин ду гурӯҳ ба инобат гирифта мешаванд?

- Албатта, онҳо аз ҷиҳати синну сол фарқ мекунанд. Дар гурӯҳи якум нафарони аз 12 то 17 – сола ва гурӯҳи дуюм аз 18 то 40 – сола иштирок карда метавонанд.

- Дар бораи номинатсияҳои озмун чанд сухан мегуфтед.

- Тавре дар Низомномаи озмуни соли равон омадааст, озмун аз рӯйи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин, ҳар як номинатсия аз се жанр: академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ иборат аст. Дар Низомномаи соли 2019  озмун аз рӯйи панҷ номинатсия – оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ доир гардида буд.

 - Тартиби гузаронидани озмун чӣ гуна аст?

- Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар се давр гузаронида мешавад: даври якум, моҳи май – июни соли 2021 (яъне аллакай сар шуд) дар маркази шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм – моҳи июл – нимаи аввали моҳи августи соли 2021 дар марказҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт; даври сеюм – то 16 ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе барпо ва бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мегардад. Теъдоди иштирокчиёни даври якум бемаҳдуд буда, ғолибони даври якум ба даври дуюм, ғолибони даври дуюм ба даври сеюм роҳхат мегиранд. Рафти даврҳои озмун тавассути ВАО ва шабакаҳои телевизиону радио тарғиб карда мешавад.

-Кадом махсусиятҳои дигареро озмун дар назар дорад? Оё аз ҷиҳати ширкат дар он ягон маҳдудияте дида мешавад?

- Маҳдудият танҳо дар он аст, ки дар озмун шахсони шинохтаи санъати мусиқӣ, сарояндагону навозандагони унвондору касбӣ иштирок намекунанд. Зеро ҳадафи озмун кашфи истеъдодҳои наву ҷавон аст. Ҳамзамон, як шахс дар ду номинатсия ширкат варзида наметавонад. Дар озмун истифодаи фонограмма манъ аст. Дар баробари ин, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» (барандагони ҷоизаи ифтихорӣ, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм) танҳо  баъди се сол ҳуқуқи иштирок дар озмуни навбатиро пайдо мекунанд. Албатта, ҳар як номинатсия – композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дорои талаботи махсуси касбӣ мебошад. Дар     номинатсияи композиторӣ  (даврҳои дуюм ва сеюм) асарҳо дар шакли мусиқии зинда (иҷрои амалӣ) баррасӣ мегарданд. Дар номинатсияи сарояндагӣ ба шеърҳои муосир, хусусан, шеърҳо аз баёзҳои тозанашр афзалият дода мешавад. Дар талаботи номинатсияи навозандагӣ ба сабкҳои аслии санъати навозандагии тоҷик афзалият дода мешавад. Вақти баромади ҳар як довталаб дар даври дуюм то панҷ дақиқа ва дар даври сеюм то даҳ дақиқа муайян гардидааст. Баҳогузорӣ (аз 5 то 10 хол) тариқи овоздиҳии пӯшида сурат мегирад.

- Дар бораи тартиби дарёфти ҷоизаи ифтихорӣ чӣ гуфтан мумкин аст?

- Ба ғолиби асосӣ Ҷоизаи ифтихорӣ дода мешавад. Дар даври сеюм ба ҳар як номинатсия як Ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо карда мешавад, ки баробар ба Шоҳҷоиза аст. Ин Ҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки дар асар офаридан, суруд хондан ва мусиқӣ навохтан маҳорат ва истеъдоди фавқулода дошта, маҳорат, истеъдод ва касбияти ӯ аз иштирокчии ҷои якум болотар аст.

 - Ғолибон дар оянда  ба кадом  имтиёзҳо  сазовор мегарданд?

- Ғолибони озмун  ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва мактаби олии мусиқӣ (консерватория) тариқи суҳбат, ба таври ройгон (ғайр аз тахассусҳое, ки тавассути шартнома қабул мегарданд), бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.  

 

Суҳбаторо Ҳотами ҲОМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш