Яке аз кашфиёти барҷаста ва басо муҳим дар таърихи башарият китоб эътироф шудааст. Бо нашри китоб ва китобдорию китобхонӣ инсоният ба марҳилаи пурмуҳтаво, ба шоҳроҳи хирад ворид гашт. Китоб ганҷинаи беназире гардид, ки тавассути он дороии маънавии халқҳову миллатҳо аз насл ба насл интиқол дода мешавад. Китоб ҳофизаи таърихии аҳли башар аст, василаест, ки тавассути он одамон таҷриба, ақлу хирад, ҳунару маърифат меомӯзанд ва ҷаҳони маънавиашонро вусъат мебахшанд. Ба шарофати ин хазинаи хирад таърих зинда мемонад, маънавият замон ба замон вусъат пайдо мекунад, кӯлвори хиради инсонҳо пурратар мегардад. Китобро бузургон ба равзанае мушобеҳ донистаанд, ки ба василаи он ҳамагон ба вусъати ҷаҳон менигаранд, аз бисёр ҳодисаву воқеаҳо, аз сарватҳои маънавии башарият огоҳӣ пайдо менамоянд. Китоб рӯшанибахши ҷаҳони мост, бидуни китоб ҷаҳолат домангири мо мешавад. Маҳз китоб аст, ки одамонро аз вартаҳои маънавӣ берун мекашад, ҷодаҳоро ҳамвор менамояд, роҳи ростро нишон медиҳад, дурусту хирадмандона рафтор карданро меомӯзад. Мегӯянд, ки тавонотарин, хирадмандтарин шахс онест, ки пайваста китоб мехонад, бо китоб ҳамдам аст ва онро беҳтарин рафиқи худ, ҳамсафари доимияш медонад. Аҳли хирад бо оҳанги таъкидомез ва ҳикматбор фармудаанд:
Бе китоб, эй дӯстон, бунёди мо норавшан аст,
Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст.
Таърих собит кардааст, ки маҳз ба шарофати арҷгузорӣ ба китоб ва мунтазам рӯй овардан ба он халқҳои ҷаҳон ба пешрафту комёбӣ ноил гардидаанд. Бисёр мамлакатҳо бо китобхонаҳои бузургашон шуҳрат доранд ва бо он ифтихорманданд, ки нодиртарин шоҳкориҳои маънавии инсоният - китобҳои пурарзишро ҳифз менамоянд.
Халқи тоҷик табиатан китобхону китобофару китобпарвар аст ва ба шоҳидии таърих, аз душманони ғоратгар, пеш аз ҳама, китобу китобхонаҳояшро ҳифз кардааст. Бузургтарин шаҳрҳои қаламрави таърихии тоҷикон дорои китобхонаҳои муҳташаму пурсарват будаанд. Аз китобҳои офаридаи аҳли хиради тоҷик тавассути тарҷума аҳли ҷаҳон бархӯрдор будаанд. Ин анъанаи неки ниёгон, хушбахтона, дар замони мо - дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон низ идома дорад. Ҳоло дар ҷумҳурии азизамон бузургтарин ва муҳташамтарин китобхона дар Осиёи Марказӣ бунёд шудаасту фаъолияти фарогир ва хирадгустарона дорад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамарӯза хонандагони зиёдеро дар канор мегирад ва дороии маънавиаш давра ба давра бештар мегардад. Барои ҳар чӣ бештар ҷалб намудани доираи васеи хонандагон ба мутолиаи китоб, махсусан, ибтикори маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкилу баргузор намудани озмуни ҳамасолаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» такони бузурге бахшид. Сол то сол теъдоди иштирокдорони ин озмун меафзояд. Дар доираи омодагиҳо ба ин озмун ва тайёру ҳидоят намудани шогирдан ба он омӯзгорони мактабҳо пайваста ҷидду ҷаҳд менамоянд ва аз роҳу усулҳои пурсамари ташвиқот пурсамар истифода мекунанд. Бо ин ҳама, мебояд, ки дар тамоми таълимгоҳҳо таблиғи китобу китобхонӣ пурҷозибаю рангинтару бавусъаттар бошад. Бо ин ҳадаф тавзеҳи гуфтаҳои бузургон дар бораи китоб, ташкили дарсҳои тарбиявӣ дар ин мавзӯъ, созмонбахшии саёҳатҳо ба китобхонаҳову нашриётҳо, вохӯрӣ бо аҳли адаб… хеле манфиатбор хоҳад буд. Мехоҳам гуфтаи ҳикматборе дар ситоиши китоб поёнбахши ин навиштаи мухтасар бошад: «Дар оғӯши китобҳо ҳар шахс худро хушбахттарин дар олам эҳсос менамояд».
Раҳима КАБУТОВА,
омӯзгори забони англисии
мактаби № 90-и ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр