Нашрияи Омӯзгор

Олами рангину зебо

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Дар боғи истироҳатӣ - фароғатии шаҳри Кӯлоб  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон,  чорабинии идона баргузор гашт. Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳр ҷамъомади тантанавиро оғоз бахшид.

Имсол ба муносибати санаи мазкур  дар доираи тадбирҳои “Як ҳафтаи ҳаёти кӯдакон” дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ озмуни «Навраси соҳибистеъдоди беҳтарин»-ро аз рӯйи номинатсияҳои «Рассоми беҳтарин», «Ровии беҳтарин», «Дастони моҳир», «Сарояндаи беҳтарин», «Ихтироъкори беҳтарин», «Шеърхони беҳтарин», «Раққос (а)-и беҳтарин», «Навозандаи беҳтарин» ва викторинаю маҳфилҳои саволу  ҷавоб созмон дода шуд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш