Нашрияи Омӯзгор

Заминаи боэътимоди маорифи кишвар

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 852        Шарҳ: 0

 

Чунонки маълум аст, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Стратегияи миллии рушди маорифи ҷумҳурӣ барои давраи то соли 2030 ва нақшаи миёнамуҳлати он барои солҳои 2021-2023 тасдиқ ва мавриди татбиқ пешниҳод гардидааст. Дар хусуси муҳтавою ғоя ва ҳадафу вазифаҳои асосии ин ҳуҷҷати муҳим суҳбате оростем бо сардори раёсати иқтисод ва банақшагирии Вазорати маориф ва илми кишвар Бадриддин Музаффаров.

- Муаллими муҳтарам, нахуст мехостем дар хусуси марҳалаҳои таҳия, коркард ва қабули Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун ҳуҷҷати меҳварӣ дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот маълумот бидиҳед.

- Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун ҳуҷҷати асосии муайянкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ ва ватанӣ таҳия шудааст. Гурӯҳи кории вазорат тибқи фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 13.05.2019, №2617 таъсис дода шудааст. Лоиҳаи Стратегияи мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо иштироки бевоситаи қонунгузорон, мутахассисони соҳа, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон ва олимон муаррифӣ ва мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, такмил ёфт. Стратегияи миллии рушди маориф мақсад ва вазифаҳои татбиқи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлатро бо мақсади тамоюл ва самтҳои афзалиятноки соҳа муайян месозад.

- Мегуфтед, ки мақсад ва вазифаҳои Стратегия ҳамчун ҳуҷҷате, ки дурнамои ислоҳот дар соҳаи маорифро мушаххасу муайян месозад, аз чӣ иборат аст?

- Бояд зикр намуд, ки Стратегияи миллии рушди маорифи ҶТ барои давраи то соли 2030 нақши маорифро ҳамчун манбаи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он муайян намуда, вазъи ҷории соҳаи маориф, мушкилоту талаботи он ва ҳамзамон, мақсаду вазифаҳои рушди соҳаро дар бар мегирад. Мақсади асосӣ ва дарозмуҳлати Стратегияи миллии рушди маорифи ҶТ барои давраи то соли 2030 бунёди низоми самараноки маориф аст, ки имконияти фарогир (инклюзивӣ) ва баробарро барои инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ, таъмини шуғл ва беҳтар намудани некуаҳволии аҳолии кишвар муҳайё месозад. Стратегияи дарозмуҳлати соҳаи маориф ба бартариҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии ҶТ, ки дар Стратегияи миллии рушди маорифи кишщвар барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтаанд, такя карда, ба мақсад ва вазифаҳои ҳадафҳои рушди устувор барои солҳои 2015-2030 мутобиқат мекунад. Вазифаҳои банақшагирии стратегӣ аз муайян кардани чорабиниҳои калидӣ ва афзалиятноки раванди ислоҳот тавассути мушаххас намудани имконият ва мушкилот дар партави рушди иҷтимоию иқтисодӣ иборат мебошад. Ҳадафи ислоҳот ба вуҷуд овардани чунин низоми таҳсилоти босифат ва дастрас барои ҳамаи шаҳрвандон дар тӯли ҳаёт аст, то ки иқтисодиёти кишвар бо кормандони босалоҳияти мутобиқ ба инфрасохтор ва технологияҳои муосиру инноватсионӣ таъмин гардад. Тибқи Стратегия таваҷҷуҳи бештар ба сифати таҳсилот, инчунин, малакаҳои касбӣ ва салоҳиятҳое зоҳир мегардад, ки ҷавонон ва калонсолон дар ҷараёни таҳсилот ба даст меоранд. Дар шароити тағйирёбии фазои иқтисодӣ, таъсири омилҳои беруна ва демографӣ, таҳсил дар тамоми тӯли ҳаёт бо вазифаи асосии шаҳрвандони ҷумҳурӣ табдил меёбад.

- Стратегияи миллии рушди маориф (СМРМ) барои то давраи соли 2030 чӣ тавр, бо кадом тарзу роҳҳо татбиқ карда мешавад? 

- Раванди амалӣ намудани СМРМ якчанд омил (ё унсур)-ро дар бар мегирад:

1. Нақшаи миёнамуҳлати амали соҳаи маориф барои солҳои 2021-2023, ки иборат аз 147 тадбири ба нақша гирифташуда (ба арзиши 5476,6 миллион сомонӣ) дар давоми 3 сол мебошад.

2. Матритсаи нишондиҳандаи асосии амал барои солҳои 2021-2030, иборат аз 92 нишондиҳандаи самаранокӣ (аз ҷумла, 67 нишондиҳандаи миқдорӣ ва 25 нишондиҳандаи сифатӣ) ва нишондиҳандаҳои мобайнӣ барои ҳар як марҳалаи татбиқ иборат аст.

3. Ҳисоботи мунтазам дар бораи татбиқи Стратегия ва вохӯриҳои шарикони рушд бо Вазорати маориф ва илми кишвар (дар асоси омӯзиши муштараки қаблан гузаронидашуда).

4. Арзиши татбиқи Стратегия дар асоси якчанд сенария.

5. Нақшаи коммуникатсионӣ, ки ҷадвали кор ва фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятро барои огоҳ кардани бенефитсиарҳо ва ҷонибҳои манфиатдори миллӣ дар бораи дидгоҳ ва самти ягонаи ислоҳот дар соҳаи маориф муайян мекунад.

- Дар ин замина, хуб мешуд дар бораи сохтор ва мундариҷаи Стратегия ва самтҳои асосии ислоҳот, ки дар ин ҳуҷҷати муҳим инъикос ёфтаанд, муфассалтар андешаҳоятонро баён намоед.

- Стратегияи милии рушди маориф барои солҳои 2021-2030 аз панҷ боб: мақсади асосӣ ва вазифаҳои стратегия, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва заминаи меъёрӣ- ҳуқуқӣ, чорчӯбаи стратегии ислоҳот, самтҳои калидии ислоҳот ва муқаррароти хотимавӣ иборат мебошад.

Дар хусуси сохтор ва мундариҷаи СМРМ ҳарф зада, аз унсурҳои асосии ҳамоҳангсозии ислоҳот дар давраи то соли 2030 бояд ёдовар шуд, ки баланд бардоштани потенсиал ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, тақвияти системаҳо ва равандҳои тиҷоратӣ дар сатҳи марказӣ ва маҳаллӣ, такмили инфрасохтор ва сохтани синфхонаҳо ё муассисаҳои таълимии нав, бознигарии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф ва тақвияти идоракунии захираҳои инсонӣ ва назорат дар бахши маорифро дар бар мегирад. Самтҳои асосии ислоҳот дар стратегия ба омилҳое, чун вусъат додани шаклҳои алтернативӣ ва инклюзивии таълим ва нигоҳубин, такмили имкониятҳои физикии инфрасохтор дар ҳамаи зинаҳои таълим, таъмини муҳити иҷтимоии бехатар, дастгирӣ ва таълими фарогир, баланд бардоштани риояи гигиенӣ дар зинаҳои таълим, фарогирӣ ба таҳсилоти миёнаи умумӣ, алалхусус, барои духтарон дар деҳот, татбиқи идоракунии электронӣ ва воситаҳои таълими электронӣ дар таҳсилоти ИК, МК ва донишгоҳҳо ва васеъ намудани фарогирии духтарон ба ихтисосҳои технологӣ ва техникӣ дар донишгоҳҳо вобаста мебошад. Яке аз дигар самтҳои ислоҳот дар СМРМ идоракунӣ ва маблағгузории соҳаи маориф маҳсуб меёбад, ки ба ҳавасмандкунии сармоягузории хусусӣ барои дастгирии ислоҳоти соҳа, тақвияти системаи иттилоотии идоракунии маориф, баланд бардоштани самаранокии таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, заминаҳои гузариш ба таҳсилоти 12-сола, коркарди нав ва инноватсионии механизмҳои маблағгузорӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, оптимизатсияи инфрасохтори мактаб (яъне ҳалли мушкилоти мактабҳои хурд), такмили ихтисоси роҳбарони мактабҳо (директорон, муовинони онҳо ва ғ.), истифодаи беҳтари далелҳо дар қабули қарорҳо ва таҳияи сиёсат дар соҳаи маориф, тақвияти захираҳои инсонӣ барои идоракунӣ ва назорат аз болои ислоҳоти соҳа, васеъ намудани мустақилияти МТОК, татбиқи механизми маблағгузории сарикасӣ дар таҳсилоти касбӣ, интегратсияи технологияҳои рақамӣ ба менеҷмент ва арзёбии сифат ва ҳамгироии амнияти мактаб ба рушди устувор ва сиёсати коҳиши хатар аз офатҳо мусоидат хоҳад кард. Агар СМРМ то соли 2020-ро бо СМРМ то соли 2030 ба таври муқоиса аз назар гузаронем, мушоҳида мекунем, ки дар Стратегияи миллии рушди маориф барои то соли 2030 афзалият хеле зиёд аст. СМРМ барои то соли 2030 се марҳилаи амалишавиро дар тӯли 10 сол дар бар мегирад.

Дар стратегияи мазкур чаҳорчӯби ислоҳоти стратегӣ дохил карда шудааст, ки дар ҳуҷҷати ҳамноми қаблӣ (то соли 2020) ин чаҳорчӯб мавҷуд набуд. Дар СМРМ барои то соли 2030 таҳсилоти инклюзивӣ ба ҳар як сатҳи таҳсилот ворид карда шуда, матритсаи ҳамаҷониба ва воқеии хавфҳо таҳия шудааст.

- Шумо дар бораи чорчӯбаи стратегияи ислоҳоти маориф, ки ба Стратегияи миллии рушди маориф барои то соли 2030 дохил карда шудааст, ҳарф задед. Тавзеҳ медодед, ки чорчӯбаи стратегияи ислоҳоти маориф чиро дар бар мегирад? Ва боз: мехостем моҳияти нақшаи миёнамуҳлат ва дарозмуддатро, ки дар СМРМ омадааст, фаҳмонда медодед.

- Чорчӯбаи стратегияи ислоҳоти маориф барои давраи то соли 2030 равандҳои татбиқ (иҷро)-и нақшаи миёнамуҳлатро дар бар гирифтааст, ки он дар ниҳояти кор ба амалишавии нақшаи дарозмуддати СМРМ барои то соли 2030 оварда мерасонад. Мусаллам аст, ки нақшаи дарозмуддат таъмини дастрасии баробар ва иштирок дар таҳсил дар тамоми зинаҳои таҳсил барои ҳама дар тӯли зиндагӣ ба шумор меравад. Дар нақшаи миёнамуҳлат иҷрои ин тадбир ба таври зер инъикос ёфтааст: васеъ кардани фарогирӣ ва дастрасӣ ба таҳсилоти босифати рушди барвақтии кӯдак, беҳтар намудани ҳавасмандӣ ва дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ, техникӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти олии касбӣ, густариш ва татбиқи низоми таълими давомдор барои ҳама, таъмини фарогирии таҳсилот барои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, коҳиши сатҳи хориҷ шудани хонандагон аз муассисаҳои таълимӣ ва таъмини шароити бехатар ва мусоиди иҷтимоӣ барои таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва илм. Ба нақшаи дарозмуддат, инчунин, тақвияти низоми самараноки идораи соҳаҳои маориф ва илм шомил гардидааст, ки ҷиҳати амалишавии он тибқи нақшаи миёнамуҳлат чунин корҳоро, мисли таҳкими ҷараёни ҳамоҳангсозии ислоҳот дар соҳаи маориф ва илм, истифодаи дурусти маълумоти ҷамъоваришуда ва ҷараёни қабули қарорҳо дар ҳамаи зинаҳои соҳаҳои маориф ва илм, таҳкими низоми идораи молияи давлатӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла, робитаи ислоҳот бо маблағгузорӣ, ҷорӣ намудани низоми самарабахши мониторинг ва арзёбии татбиқи ислоҳоти сохторӣ ва институтсионалӣ дар соҳаҳои маориф ва илм бояд анҷом дода шаванд.

- Дар суҳбати мо дар бораи механизми мониторинг ва баҳодиҳӣ ба СМРМ то давраи соли 2030 сухан рафт. Ин чӣ гуна механизм аст?

- Воқеан, соли 2016 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии рушди ҷумҳуриро барои давраи то соли 2030 таҳия ва қабул намуд, ки дар он самтҳои асосии ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) муайян карда шудаанд. Имрӯз дар назди Ҳукумати кишвар дар баробари мониторинги татбиқи ҳадафҳои стратегии СМРМ – 2030 ва масъалаҳои милликунонӣ, инчунин, вазифаҳои ҷорӣ намудани ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) ба соҳаҳои афзалиятдошта, масоили ташаккул ва инкишофи баъдии механизмҳои миллии ҷорӣ кардани ҲРУ ва муайян кардани мушкилот дар ин роҳ низ меистанд. Барои истифода кардани низоми мониторинг ва баҳодиҳии амалкунандаи ноил шудан ба натиҷаҳои миёнамуҳлат, дарозмуҳлат ва ҷорӣ зарур аст, ки ҳайати кадрӣ тайёр карда шуда, ташаккули мақомот (институтҳо)-и давлатӣ оғоз ёбад, яъне бояд дастурҳои вазифавӣ, усулҳои кор, таҳияи дархостҳо барои гузаронидани баҳодиҳӣ ва ғайра омода карда шаванд. Дар умум, мутобиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, мониторинг ва баҳодиҳӣ яке аз воситаҳои асосии назорат ва иҷрои СМРМ боқӣ мемонад. Раёсати иқтисод ва банақшагирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барои фаъолияти низоми мониторинг ва баҳодиҳии соҳаи маориф сафарбар шудааст. Ҷорӣ намудани низоми мониторинг ва баҳодиҳии амалкунанда давра ба давра мегузарад. Давраи аввал, соли 2021 бо оғози иҷрои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 роҳандозӣ карда мешавад. Ин давра бояд ба низоми коммуникатсионии мавҷуда такя карда, таҷриба ва амалияи истифодаи баҳодиҳӣ ва мониторинги ба индикаторҳои Стратегия вобастаро ташаккул намудани мониторинг ва баҳодиҳӣ 4 солро дар бар мегирад. Дар ин давра, бояд дар сатҳи ҷумҳурӣ гурӯҳи мақсадноки мутахассисонро таъсис дода, тарзи тайёр кардани ҳисоботи мониторингро ба вуҷуд овард. Гурӯҳҳои мақсадноки мутахассисон оид ба мониторинг ва баҳодиҳӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ташкил карда мешаванд. Давраи дуюми ҷорӣ намудани низоми мониторинг ва баҳодиҳӣ аз соли 2025 оғоз меёбад, ки дар ин давра ченакҳои иловагии мониторинг ва баҳодиҳӣ ба роҳ монда мешавад, зарурати дар бахши мониторинг ва баҳодиҳӣ гузаронидани таълим ва такмили ихтисос, баҳодиҳии намояндагони минтақаҳо пеш меояд ва ҳамзамон, маводи методӣ ва дастурҳо ташаккул меёбанд. Дар ҳамаи давраҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои меъёрию методии гузаронидани низоми мониторинг ва баҳодиҳиро барои минбаъд, дастрас шудан ба мустақилона таҳия намудани асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ, нишондод, баҳодиҳӣ ва танзими таркибии онро таъмин менамояд.

 

Мусоҳиб Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш