Нашрияи Омӯзгор

Боз ҳам беҳтар кор бояд кард

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

14 июли соли равон дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он  фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2018 мавриди баррасӣ  қарор гирифт.

Дар ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илм, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммад Сафолзода, муовини сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, сардорон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Фаъолияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ дар маърӯзаи вазири маориф ва илм Нуриддин Саид  ҳамаҷониби мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. 

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ  Нуриддин Саид иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22 декабри соли 2017) таъкид доштанд: «Мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем». Дар заминаи гуфтаҳои Пешвои миллат Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷиҳати вусъат бахшидани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ корҳои назаррасро ба сомон расонид.  Дар масъалаи маблағгузорӣ ба соҳаи маориф вазири маориф ва илми кишвар таъкид кард, ки  агар соли 2017 барои соҳаи маориф 3 миллиарду 581 миллиону 016 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда бошад, пас соли 2018 ба ин соҳа 3 миллиарду 863 миллиону 64 ҳазор сомонӣ  ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта  7,8 % зиёд мебошад.

Ба таъкиди вазир, дар ҷумҳурӣ 615 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 93053 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Фарогирии кӯдакон нисбат ба соли 2016  1972 нафар зиёд гашта бошад ҳам, ҳанӯз мушкилоти ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҷалб намудани кӯдакон ҳалли худро наёфтааст. Боиси нигаронист, ки дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои  ғайримақсаднок истифода гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ боқӣ мондааст. Зарур аст, ки барои баргардонидани муассисаҳои томактабӣ ва мақсаднок истифода намудани онҳо бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳамкорӣ намуда, чорандешӣ карда шавад.  Мушкилоти дигар, ки дар самти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мавҷуд аст, ғайриихтисос фаъолият намудани аксари мураббияҳо дар ин муассисаҳо маҳсуб меёбад, - қайд кард вазир.

Дар идомаи суҳбат вазири маориф ва илм аз он изҳори нигаронӣ кард, ки иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар сатҳи паст қарор дошта, то имрӯз танҳо дар 17 шаҳру ноҳия муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ таъсис дода шудаасту халос. Дар  51 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ талаботи барномаи мазкур иҷро нагардида, аз теъдоди умумии 496 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ дар муддати 4 сол ҳамагӣ 71 муассисаи томактабии хусусӣ таъсис дода  шудааст, ки 14,3% иҷрои барномаро ташкил медиҳад. 

Тибқи  Барнома дар 4 сол (2014-2017) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд 249 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ташкил мегардид. Аммо ҳамагӣ 11 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ (дар шаҳрҳои Душанбе - 5 муассиса, Бохтар - 1 муассиса, Бӯстон - 3 муассиса ва дар ноҳияи Спитамен - 2 муассиса) таъсис дода шудааст, ки он 4,4% иҷрои барномаро ташкил медиҳад.

- Дар ҷумҳурӣ 3878 муассисаи таҳсилоти рӯзона, аз ҷумла, 352 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 489 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3029 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъ-олият менамояд. Мавриди зикр аст, ки вазъи ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор дар шаҳру ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Темурмалик, Балҷувон, Вахш, Кӯшониён ва Носири Хусрав ниҳоят ташвишовар аст. Бо вуҷуди он ки ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илм мутахассисони ҷавон дар асоси нақша фиристода шаванд ҳам, ҳамоно норасоии кадрӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят боқӣ мемонад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда асосан норасоии омӯзгорони забонҳои англисию русӣ, математика, физика, химия, технологияии иттилоотӣ ба назар мерасад, - изҳор дошт вазири маориф ва илм Н.Саид.

Яке аз ҳадафҳои муҳими Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшидани ҳаракати олимпӣ  маҳсуб ёфта,  ҷиҳати вусъат бахшидани ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ ҳамасола олимпидаҳои гуногуни фаннӣ роҳандозӣ мегарданд. Ҳамин аст, ки дастоварди хонандагони тоҷик дар олимпидаҳои бонуфузи байналмилалӣ сол аз сол зиёд гардида, Тоҷикистон дар ин самт ба қатори беҳтарин давлатҳои дунё шомил гардидааст.  Ба таъкиди вазири маориф ва илм Нуридди Саид, аз аввали соли 2018 хонандагони тоҷик дар 12 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Россия, Руминия, Малайзия, Ҳиндустон, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон, ИМА ва Булғория баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 181 медал (45 медали тилло, 65 медали нуқра, 71 медали биринҷӣ) шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 86 медал(25 медали тилло, 24 медали нуқра  ва 37 медали биринҷӣ) зиёд мебошад.

Дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 1753  хонанда иштирок намуда, аз ин шумора   22 нафар хонанда бо гирифтани аз 90 то 100 хол мушарраф гардида, тавассути суҳбат имкони дохил шудан ба муассисаҳои олии кишварро ба даст оварданд.  

-           Айни замон, дар назди раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 68 марказ ва бахшҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия бо ҷалби 423 нафар корманд фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 60651  компютер, 10976    принтер, 1592 тахтаи электронӣ, 2208 проектор ва 2434 генератори дизелӣ мавриди истифода қарор доранд. Бояд қайд намуд, ки истифодаи технологияи нави муосир дар муассисаҳои таълимӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Тибқи таҳлилҳо на  ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо таъмин мебошанд. То ба имрӯз 2384 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба шабаки Интернет пайваст карда шудаанд, ки қисми зиёди онҳо ба воситаи WiFi  ва  модем амал мекунанд.

Дар 84 муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 50200 таълимгиранда ба маҳфилҳои равияҳои техникӣ, экологӣ-биологӣ, сайёҳӣ-кишваршиносӣ, варзишӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳфилҳои фаннӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар идомаи суханронӣ вазири маориф ва илм иброз дошт, ки соли ҷорӣ аз 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 31 муассисаи таълимӣ (47,0 %) пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузашта, 35 муассисаи дигар то моҳи сентябри соли 2018 ба ин низом мегузаранд.

 Аз ин рӯ,   директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро, ки то имрӯз ба низоми таҳсилоти кредитӣ  нагузаштаанд, мебояд, ки дар доираи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан ба низоми таҳсилоти мазкур то аввали моҳи сентябри  соли таҳсили 2018-2019 чораҳои зарурӣ андешанд. Рафти қабули ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ  нишон дод, ки раванди таваҷҷуҳ ва майли довталабон ба ин намуди муассисаҳои таълимӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар гаштааст.

Вазир аз он изҳори нигаронӣ кард, ки паст будани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳамчун яке аз мушкилоти муҳими рӯз боқӣ монда, сабаби асосии он аз нокифоятии китобҳои дарсӣ,  дастурҳои таълими, воситаҳои аёнӣ, компютер ва дигар воситаҳои нави техникӣ, норасоии омӯзгорон ва  шароити мусоид дар таълим мебошад.

Нуриддин Саид иброз намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳсилоти олии касбӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик намудани сифати таҳсилот, ворид намудани шаклу воситаҳои нави азхудкунии илму дониш ва принсипи салоҳиятнокии касбӣ дар раванди таҳсилот мебошад, ки зарурати такмил ва дар таҳрири нав қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин соҳаро ба миён овардааст. Бояд тазаккур дод,ки баланд гаштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои олии касбӣ муҳим буда, аз омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта чораҳои зарурӣ андешида, барои ҳимояи рисолаҳои илмии омӯзгорон шароит фароҳам оварда, иқтидори илмии кафедраҳо ва шуъбаву бахшҳои муассисаи таълимиро таҳким бахшанд.

Сатҳи омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, ҳамзамон аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон чандон назаррас набуда, омӯзгорон бештар аз фанҳои ҷомеашиносӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта мешаванду халос. Бояд қайд намуд, ки айни замон дар 15 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ  485 нафар дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) таҳсил менамоянд, ки аз ин теъдод 99 нафарашонро докторанти курси 3-юм ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки 6224  магистрант  дар муассисаҳои илмӣ ва олии касбӣ  ба таҳсил фаро гирифта шуда, бештари онҳо дар гурӯҳҳои буҷавӣ таҳсил мекунанд.

Бо таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 40 Шӯрои диссертатсионӣ ташкил гардидааст, ки то имрӯз 93 нафар рисолаҳои илмии худро дар онҳо ҳимоя намудаанд. Айни замон дар ҷумҳурӣ  22 Шӯрои диссертатсионии назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия амал менамоянд. Дар давраи ҳисоботӣ  11 нафар унвонҷӯю  аспирант рисолаҳои илмии худро барои дифоъ пешниҳод намуданд, ки дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли 2017 29% зиёд мебошанд.

Вазорати маориф ва илм бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо сол то сол теъдоди ба хориҷи кишвар фиристонидани шаҳрвандонро зиёд менамояд.          Дар 6 моҳи соли ҷорӣ барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия 618, ҷумҳурии мардумии Чин 187 бурсияи таҳсилӣ ҷудо гардид.     Зиёда аз 6 ҳазор довталаб барои озмуни дарёфти бурсияҳои Федератсияи Россия ва 400 нафар барои бурсияи Ҷумҳурии мардумии Чин ширкат намуданд.

То имрӯз 1199 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар асоси бурсияҳои ҷудонамудаи Федератсияи Россия ва ҷумҳурии мардумии Чин ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишварҳо интихоб шуданд.

Дар 6 моҳи соли 2018 тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 9 адад Ёддошти тафоҳум ва лоиҳаи созишномаҳо, ки қаблан бо вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ гардида буданд, ба имзо расида шуданд.

Дар соли ҷорӣ барои сохтмону азнавсозии иншооти соҳаи маориф аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосӣ 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Дар доираи маблағи ҷудогардида сохтмону азнавсозии 33 иншооти соҳаи маориф ба маблағи 23 млн сомонӣ ва лоиҳакашии 13 иншоот ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ба нақша ворид карда шудааст.

Айни замон, дар ҳамаи иншооти банақшагирифташуда корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ, ба андозаи 13 млн 625 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки он 101 фоизи нақшаи шашмоҳа ва ё мутаносибан 57,9 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Тибқи нақша соли равон баистифодадиҳии 11 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла, сохтмони 9 муассисаи таълимӣ барои 1724 ҷойи нишаст, бунёди 1 толори варзишӣ ва таҷдиду азнавсозии як мактаб-интернат бо маблағи умумии 13 млн 500 ҳазор сомонӣ  дар назар дошта шудааст.  То имрӯз сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи  Обиҷомаки шаҳри Истаравшан, таҷдиду табдили  бинои собиқ мадраса ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 300 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Рустамбеки шаҳри Истаравшан ва таҷдиду азнавсозии мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав ба анҷом расида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 14 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 4276 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 60 млн 49 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби вазири маориф ва илм Нуриддин Саид вазъи содир кардани ҷиноятро аз тарафи наврасону ҷавонон, фаъолияти мактаб – интернатҳо, вазъи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва фаро гирифтани хонандагон ба истироҳатгоҳҳо, ҷараёни муносибати босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи моариф, фаъолияти марказҳои касбомӯзӣ, қабули довталабон тибқи квотаи Президенти Ҷумиҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Муассисаи давлатии занон - «Сарвар», ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони омӯзгорӣ, аз аттестатсия  ва аккредитатсия гузаронидани муассисаҳои таълимӣ, фаъолияти нашрияҳои соҳаи маориф ва ғайра мавриди таҳлил қарор дода шуд ва барои рафъи камбудиҳо ба масъулин дастуру  супоришҳо дода шуд.

Дар музокира ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода  Лайло Раҷабова фаъолияти вазорати маориф ва илмро дар нимсолаи аввали соли 2018 қаноатбахш арзёбӣ намуданд. 

Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммад Сафолзода  фаъолияти вазоратро дар нимсолаи аввали соли равон қаноатбахш арзёбӣ намуда,  иброз дошт,  ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вусъат бахшидани таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ як қатор барномаҳои давлатӣ қабул шудааст, ки иҷрои аксари онҳо соли 2020 ба анҷом мерасад. Масъулинро мебояд ҷиҳати татбиқ намудани барномаҳои мазкур чораҳои таъхирнопазир андешанд. 

Дар охир вазири маориф ва илм Нуриддин Саид  қайд кард, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои рушди илму маориф, тарбияи насли ҷавони худшиносу ватандӯст ва муҳофизи содиқи ин марзу бум равона шудаанд. Дар ин робита, Вазорати маориф ва илм, тамоми кормандони соҳа мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дар амал табиқ намоянд. Ҳамзамон, вобаста ба эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дигар ҷашну санаҳои муҳими милливу таърихӣ чораҳои зарурӣ андешида, барои таъмини сифати таҳсилот ва тарбияи насли наврас саъю талош намоянд.  

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

„Омӯзгор“


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш