Нашрияи Омӯзгор

Кӯдакон ва ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

Ҳамасола, якуми июн, дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин рӯз бори аввал, моҳи ноябри соли 1949 бо қарори Иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон ҷашн гирифта шуда, соли 1950 дар 51 кишвари чаҳон таҷлили он ба ҳукми анъана даромад.

Дар Тоҷикистон ба тарбияи кӯдак ва рушди тарзи ҳаёти солими насли наврас, таълиму тарбияи онҳо аҳамияти махсус дода мешавад.

Соли 1989 Созмони Милали Муттаҳид санади аз ҳама муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак – Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд, ки он аз се қисм ва 54 модда иборат аст. Дар моддаи 2-и Конвенсия зикр гардидааст, ки “Давлатҳои аъзо тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинигардидаро нисбат ба ҳар як кӯдаке, ки дар доираи ҳуқуқии онҳо қарор дорад, бидуни ягон табъиз, сарфи назар аз нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ва ақидаи дигар, асли миллӣ, этникӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, вазъи саломатӣ ва таваллуди кӯдак, волидайн ё сарпарасти қонунии ӯ ё ягон ҳолатҳои дигар эҳтиром ва таъмин менамоянд”. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин Конвенсия мавриди амал қарор дошта, фаъолиятҳои зиёдеро дар ин самт амалӣ мегардонад. Аз ҷумла, лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии техникии Хазинаи кӯдакони СММ амалӣ ва аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мешавад ва он ҳифзи солимии кӯдаконро дар мадди аввал қарор медиҳад.

Дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон кӯдакони дар шароити ниҳоят мушкил зиндагидошта ҳастанд ва ба ин гуна кӯдакон мебояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Солҳои охир дар пайи даргириҳо дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон кӯдакони зиёде ҳалок шуда, як қисми онҳо бесарпаноҳ ва ё аз оилаҳои худ маҳрум гаштаанд. Барои ҳимояи кӯдакон ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд кӯшиши ҳамаҷониба намуда, ҳамаи корҳои заруриро ҷиҳати ҳимояи насли наврас анҷом диҳад.

Рушди минбаъдаи миллат, ҷомеа ва давлат маҳз аз тарбияи дурусти кӯдакону ҷавонон вобаста мебошад. Барои тарбия ва ҳифзи насли наврас нақши оилаи онҳо нисбат ба дигар қишри ҷомеа муқаддамтару муҳимтар мебошад. Тарбияи дурусти кӯдак дар асоси дониш, ҷаҳонбинӣ, мафкура ва эътибору эҳтиром, инчунин, арзишҳои маънавии падару модар сурат гирифта, бад-ин васила, шахсияти ӯ ташаккул меёбад. Ҳар як оилае, ки мехоҳад фарзанди донишманд ва пешқадам ба воя расонад, дар тарбияи ӯ вақти бештари худро бояд сарф намояд. Мақсади асосии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ ҳамин аст, ки ҳар як падару модар ояндаи фарзанди худро фикр карда, дар тарбияи ҳамаҷонибаи онҳо саъю кӯшиш намоянд.

Нусратбек ШОМИРЗОЗОДА,

омӯзгори мактаби №1,

ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш