Нашрияи Омӯзгор

Таълими химия такмил мехоҳад

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Мақолаи банда дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар бахшида ба Рӯзи ҷавонон (21.05.2021) рӯйи коғаз омад.

Банда собиқадори меҳнат ҳастам, тамоми фаъолияти кориамро ба тарбияи насли наврас ва таълими фанҳои химия ва биология бахшидаам.

Президенти муҳтарам ба ду нафар баромадкардагон муроҷиат намуда пурсиданд, ки барои беҳтар аз худ кардани фанҳои дақиқ чӣ бояд кард?

Мехоҳам андешаҳоямро дар мавриди саволи Пешвои миллат баён кунам.

1.Аксаран омӯзиши ҳамаи фанҳо аз синфҳои поёнӣ оғоз мегардад, вале таълими химия аз ҳама баъд, аз синфи 8 сар мешавад, ки ба назари мо, хеле дер аст.

2. Ба таълими химия соатҳои хеле кам (дар синфҳои VIII, IX ва X 2 соат) ва фақат дар синфи XI 3 соат ҷудо карда шудааст. Дар забони тоҷикӣ 35 ҳарф мавҷуд аст ва омӯхтани он аз синфи якум шурӯъ мешавад. Дар вақти омӯзиши химия ба 118 элемент, ё ба истилоҳ, «алифбои химия» шинос мешаванд, ки аз як ё ду ҳарфи лотинӣ ё юнонӣ гирифта шудааст ва барои омӯзиши аломат, формула, ном ва талаффузи онҳо вақт хеле кам мемонад.

3. Барномаҳои таълими фанни химия низ ҷавобгӯи талабот нестанд ва мутаассифона, қариб ҳар сол дигаргун мешаванду ба китобҳои дарсӣ мувофиқат намекунанд. Барои мисол, дар синфи нуҳ 11 соат (қариб ду моҳи охири соли таҳсил) дарсҳои химияи органикӣ омӯхта мешавад ва ҳамин дарсҳо такроран дар синфи X боз таълим дода мешаванд.

4. Масъалаи чорумро аз боби сухани омӯзгори химияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ оғоз менамоям, ки дар ҳамон ҷамъомади ҷавонон изҳор кард: корҳои беруназсинфиро дар амалия мувофиқ кунем.

 Бояд гуфт, ки имрӯз чанде аз асбобҳо, реактивҳое, ки дар кабинетҳои фаннии химия нигоҳ дошта мешаванд, аз давраи Иттиҳоди Шуравӣ боқӣ мондаанд. Ва хеле кам. Дар чунин вазъ машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаҳои лабораториро чӣ гуна бо барномаҳои таълимӣ мувофиқ гузарондан метавон? Худи ҳамин сол ман дар синфи VIII барои ҳосил кардани оксиген аз дорухона перманганати калий ва аз мағоза спирт (этанол) харидорӣ кардам. Перманганати калийро 5 - граммӣ мефурӯхтанд. Спиртро баъди харидорӣ ба лампачаи спиртӣ рехтем, ки бо алангаи паст сӯхт. Ва бояд гӯям, ки на ҳамаи омӯзгорони химия чунин ҳавсала доранд, ки ба хонандагон мавҷудияти оксиген, ҷамъкунӣ ва дигар хосиятҳои онҳоро нишон диҳанд. Ҳама медонанд, ки аз ҳазор назария як амалия беҳтар аст! Барои дигар машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаҳои лабораторӣ низ чунин корҳо ба сомон расонида мешавад.

Зарурати гуфтани як масъалаи дигарро бамаврид меҳисобам. Соҳибкорони мо аз Чин реактивҳои химиявӣ ба кишварамон меоранд. Ҳамаи навиштаҷоти этикеткаҳо бо забони чинӣ буда, барои аксарият номафҳуманд. Бинобар ин, аз гузаронидани баъзе машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаҳои лабораторӣ худдорӣ мекунем. Кӣ медонад, ки дар бастаҳо чӣ ҷой додаанд?!

5. Яке аз сабабҳои дигар нарасидани кадрҳои баландихтисос аст. Дар аксари муассисаҳои таълимӣ дарсҳо рӯякӣ аз тарафи омӯзгорони ғайриихтисос гузаронида мешаванд. Методикаи дарсдиҳӣ ва методикаи ҳалли мисолу масъала ва муодилаҳоро намедонанд.

6. Ба омӯзгорони мо адабиёти илмӣ ва методӣ намерасад. Омӯзгороне, ки китоби химия менависанд, мисолу масъалаҳоро аз китобҳои дигар забонҳо мекӯчонанд. Равиши методикаи ҳалли масъалаҳоро барои омӯзгорони ҷавон ва хонандагон нишон намедиҳанд.

7. Дар баробари ҳамаи ин, корҳои ташвиқотӣ – тарғиботӣ, чорабиниҳои илмӣ, конфронсҳо, семинарҳо, курсҳои баландбардории ихтисос рӯякӣ гузаронида шуда, масъалаҳои асосӣ яктарафа мемонанд,муҳокима карда намешаванд…

Бадриддин ХОЛИҚОВ,

Аълочии маорифи Тоҷикистон,

ноҳияи Файзобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш