Нашрияи Омӯзгор

Пешгирӣ аз ифротгароии динӣ

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлати миллӣ: самти пешгирии ифротгароии динӣ ва бегонапарастӣ» бо иштироки директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода мулоқотро ифтитоҳ бахшида, мавзӯи онро дар вазъи печидаи ҷаҳони муосир, пайдо гардидани гурӯҳу равияҳои мухталиф дар кишварҳои алоҳида муҳиму ҳадафмандона арзёбӣ кард.

Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода зикр намуд, ки истиқлоли Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки миллати дар тӯли таърих азобдидаро аз нав эҳё намуд ва сарзамини аҷдодиро барқарор карда, ба халқи тоҷик озодии комилро баъди ҳазорсолаҳои бедавлатӣ бахшид. Сарвари давлат арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодиро яке аз вазифаҳои муқаддаси насли замони истиқлол мешуморанд.

Ҳадафи мулоқоти мазкур низ омӯзиши дақиқи мақсадҳои гурӯҳу равияҳои ифротӣ ва муборизаи шадид бо он, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии аҳолӣ, махсусан, ҷавонон ва ба ин васила, гиромидошти арзишҳои милливу динӣ ва давлатдорӣ маънидод карда шуд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш