Нашрияи Омӯзгор

Баҳори сулҳ    

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Миллати тоҷик ғамхориҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлати тоҷикон, Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, бахусус, дар ҷараёни баргузории гуфтушунид дар қаламрави Афғонистон, дар мулоқоте, ки 11 декабри соли 1996 баргузор гардид, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Ҷараёни ин мулоқот дар китоби рӯзноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Геннадий Шалаев «Роҳ ба сӯи созиш’’ чунин шарҳ ёфтааст: «Эҳтимол вохӯрии аз ҳама пуршиддат ва хатарноку бемисл дар Афғонистон 11 декабри соли 1996 баргузор шуд. Вақте сарвари гурӯҳи мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки гуфтушунидро дар рустои Хосдеҳи вилояти Тахор гузаронанд, гӯё иродаи қавии Президентро месанҷид, аммо  Эмомалӣ Раҳмон  бе ягон дудилагӣ розӣ шуд: -Ман тайёрам дар он ҷой ва дар он соат вохӯрам. Муҳим он аст, ки вохӯриам судманд бошад…

Аз рӯи маслиҳати пешакӣ чархболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сарҳад пешвоз гирифта, ҳамзамон, тарафи пешвозгирандагонро мебоист, ба қароргоҳи Президенти онвақтаи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ мебурданд. Бояд сарлашкари машҳури Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин гуфтушунид иштирок мекард.

Ҳамаи ҳамроҳон ба Президенти ҷумҳурӣ барои ба қафо баргаштан маслиҳат медоданд. Зеро дар ҳудуди давлати бегона, ки дар он ҷанги шаҳрвандӣ дар авҷ буд, парвоз кардан хатари бузург дорад, онҳо мекӯшиданд, ки Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз роҳ гардонанд. Ӯ инро мефаҳмид. Бо вуҷуди ин, шояд боз мефаҳмид, ки ҳоло дар ин соат то созишномаи умумии оташбас имзо нагардад, ҷавонони зиёде аз ду ҷониб талаф меёбанд. Дар ин муддат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дод, ки ба парвоз идома диҳанд.

Аммо ин воқеа бархилофи чашмдошт хеле бомуваффақият анҷом ёфта,  Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари гурӯҳи мухолифини тоҷик Абдуллоҳи Нурӣ «Суратҷаласа дар бораи ба танзим даровардани вазъияти сиёсӣ дар минтақаҳои ҷанг»-ро имзо карданд. Ғайр аз ин, хусусан, пас аз вохӯрӣ, дигаргуниҳои қатъӣ ва муҳиме дар гуфтушунидҳо ба амал омад ва амалан оташбас байни размандагони мухолифин ва сарбозони ҳукуматӣ оғоз ёфт. Ва агар Президент аз сарҳад ба Душанбе бармегашт, маълум набуд, ки дар Тоҷикистон «садои тӯп кай хомӯш мешуд». Бо ин ҳама ҷонбозиҳо, ин абармарди дунёи сиёсат тавонист ба Тоҷикистон ва тоҷикистониён  сулҳ биёрад.

 

Шаҳриёр Исуфов,

омӯзгори мактаби №30-и шаҳри Роғун


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш