Тоҷикон дар таърихи башар ҳамчун халқи куҳантаърих ва соҳибтамаддун шинохта шудаанду фарҳанги гаронарзишу муҳтавоманд доранд. Ин халқи шарафманд дар марҳилаҳои ҳастиаш ба ҳодисаву воқеаҳои зиёде дучор омадаву аз бисёр вартаҳо берун ҷастааст ва ҳастии худро, дороиҳои маънавию моддии худро шарафмандона ҳифз намудааст.
Хушбахтона, дар поёни асри ХХ тоҷикон ба орзуи дерини худ расида, истиқлоли давлатӣ дарёфтанд ва дар харитаи сиёсии олам ҳамчун мамлакати мустақил арзи ҳастӣ карданд. Бо мурури замон, новобаста аз бисёр мушкилоту монеаҳо, истиқлоли кишвари мо тақвият ёфту устувор гашт. Ҳоло халқи тоҷик дар Ватани ободу озоди худ сарбаландона кору зиндагӣ мекунад. Аммо ин ҳама комёбиҳову пешрафти тоҷикон на ба ҳама писанд аст ва неруҳои беруние фаъолият доранд, ки ҳадафи асосиашон халалдор кардани ҳаёти осоиштаи халқи тоҷик, баршикастани пояҳои истиқлоли Тоҷикистон ва ба парокандагӣ кашидани ин халқи бошараф мебошад. Ин неруҳои иртиҷоӣ ба ҳар васила мехоҳанд ба ғаразу ҳадафҳои нопоки худ даст ёбанд ва ба коми худ фаъолият намоянд. Онҳо баҳри дастёбӣ ба нақшаҳои хоинонаашон аз ҳама гуна аъмоли зишту пурзиён, аз хиёнату диёнат истифода мебаранд ва чеҳраи манфури худро манфуртар месозанд, нисбат ба худ нафрати халқро меафзоянд. Ин тоифа, аслан, душманони аҳли башар мебошанд. Мутаассифона, дар бисёр манотиқи олам неруҳои иртиҷоӣ, ҳангоматалаб ва манфиатхоҳ тавонистанд, ки зумрае аз шаҳрвандон, аз ҷумла, ҷавононро ба дастаҳои хиёнатпешаю тахрибкори худ ҷалб намоянд. Онҳо бо роҳи макру фиреб ва ваъдаҳои бардурӯғ ҳазорон ҷавонро ба тори анкабутгунаи худ кашида, онҳоро қурбони амалиёти пурзиёни худ гардондаанд. Дар ин миён душманони миллати тоҷик низ ба ҳар роҳу васила мехоҳанд фазои орому беғубори Тоҷикистони соҳибистиқлолро олуда созанд. Онҳо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллати тоҷикро, ки ба таъмини сулҳу субот ва пешрафти ҷумҳурӣ нигаронида шудааст, беасос ва бешарафона танқид мекунанд ва ба сӯи диёри арҷманди мо санги хиёнату туҳмат меафкананд. Неруҳои иртиҷоӣ, террористону экстремистон кӯшиш мекунанд, ки махсусан, ҷавононро ба доми фиреби худ кашида, онҳоро ба муқобили Ватану миллат бишӯронанд. Ҷои афсӯс аст, ки зумрае аз ҷавонон ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ пайваставу ҳаёти худро зери хатар гузоштаанд, доғдор бинмудаанд. Ин гуна ҷавонон, албатта, оқибат аз кирдори худ пушаймон хоҳанд шуд…
Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои тамаддунпарвари ҷаҳон бо ҳама гуна гурӯҳу ташкилоту созмонҳову дастаҳои ифротгаро ва террористиву экстремистӣ муборизаи пайваставу оштинопазир бурда, мекӯшад, ки истиқлоли худро, осоиштагии халқи худро, ваҳдату сулҳу саодати худро ҳифз намояд. Дар ин самт дар Тоҷикистон якчанд санади бунёдӣ, аз ҷумла, Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), Конвенсияи Созмони Ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм… ба тасвиб расидааст.
Имрӯз ҳар яки мо, сокинони Тоҷикистон, бояд бар ҳифзи Истиқлоли давлатии кишвари азизамон пайваста ҷидду ҷаҳд намоем, ҳушёру бедор бошем ва ҳаргиз нагузорем неруи нотавонбине, гурӯҳи хиёнаткоре ва созмони иртиҷоие Ватани ободу озод ва пешрафтаи моро поймол созад, ба ваҳдати мо халал ворид намояд. Тоҷикистон то абад кишвари осоишта ва ошёни сулҳ боқӣ хоҳад монд.
Дилафрӯз Одинаева,
омӯзгори таърихи мактаби
№51-и ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр