Нашрияи Омӯзгор

Шукрулло Аминзода – барандаи медали нуқра

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Шукрулло Аминзода, хонандаи синфи 11, мактаби №17 аз деҳаи Рунҷи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз фанни география мақоми дуюмро соҳиб гашта, сазовори диплом ва медали нуқра гардид.

Ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ӯро устодаш Ноилшоҳ Арабов омода намудааст. Шукрулло Аминзода аз зумраи толибилмонест, ки солҳои охир ба беҳтарин комёбӣ дар ноҳияи дурдасти кишвар ноил гардид ва ӯ орзу дорад, таҳсили худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси омӯзгори география идома диҳад. Ҳамчунин, Шукрулло Аминзода дар даври ноҳиявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” дар бахши география ширкат варзида, сазовори мақоми аввал гардид.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш