Баргузории озмунҳои гуногун, аз ҷумла, озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ба рушди фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ мусоидат менамояд. Дар деҳаи Падаски ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мақсади осон кардани мушкилоти кишоварзон дар заминҳои нисбатан хурд Муҳаммадфайёз Содиқзода бо роҳнамоии падараш Муҳаммадсодиқ Содиқов – омӯзгори фанни физика ва алгебраи мактаби №15 барои коркарди заминҳои кишти картошка ду адад трактори хурдро сохта мавриди истифода қарор дод. Зимни суҳбат Муҳаммадфайёз Содиқзода изҳор дошт, ки бо истифода аз муҳаррики мототсикли “Муравей” ва қисмҳои эҳтиётии автомашинаи “Нива” чунин як трактори хурдро сохта ба истифода додем. Ҳадафи асосии мо осон кардани кори деҳқонон мебошад. Иқтидори трактори хурди мо ба 11 қувваи асп баробар аст ва барои 10 сотих заминро коркард кардан 3 литр сӯзишворӣ масраф мегардад. Мо ҳамаи таҷҳизот ва чархҳои трактори хурдро аз мошинаҳои корношоям гирифта, онро мавриди истифода қарор додем. Нархи умумии сарфи таҷҳизот барои омода кардани трактори хурд наздики 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба бозор арзонтар мебошад.
Муҳаммадфайёз Содиқзода бо трактори хурди истеҳсолкардаи хеш дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ғолибият ба даст овард ва акнун барои ширкат дар даври вилоятии озмун омодагӣ мебинад. Маҳз баргузории озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” ва ҷудо намудани маблағҳои зиёд барои ғолибони озмун аз тарафи Пешвои миллат ӯро водор намуд, ки бо тракторҳои хурди худсохти худ барои ба даст овардани ҷоизаи озмун саъйю талош намояд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр