Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар мактаби №1, деҳаи Оббурдон даври ноҳиявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
Дар саҳни мактаби №1 бо иштироки довталабони озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” чорабинии тантанавии идона баргузор шуд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Сафар Салимов дар бораи низомномаи озмун маълумот дода, баргузории озмунро дар самти баланд бардоштани рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ хеле муфид арзёбӣ карда, қарори раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро оид ба ҷудо намудани 10 000 сомонӣ барои ҳавасмандгардонии ғолибони озмун қироат намуд.
Озмун тибқи талабот дар синфхонаҳои алоҳида дар бахшҳои гуногун гузаронида шуд ва дар он беш аз 130 нафар довталаб иштирок намуд. Дар муассиса се синфхонаи лаборатории муҷаҳҳаз бо аёниятҳо аз фанни химия, биология ва физика мавҷуд мебошад, ки барои иштирокчиён бо истифода аз аёниятҳо ҳимоя намудани корҳои илмиашон мусоидат кард. Ҳайати ҳакамон фаъолияти ҳар як довталабро дар бахшҳо мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ғолибонро муайян намуданд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр