Нашрияи Омӯзгор

Ситоишгари «Бешаи палангон»

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Дар адабиёти муосири тоҷик нависанда Маҷиди Салим бештар бо силсилаи ҳикоёташ, ки ба васфи табиат  ва ҳайвоноту парандагон бахшида шудааст, мавқеъ ва шуҳрат дорад.

Китоби тозанашри адиб, ки «Ҳикоёти «Бешаи палангон» ном гирифтааст, ин силсиларо идома мебахшад. Ин китоб, чунонки нависанда худ дар сарсухани он овардааст, ҳосили сафарҳову мушоҳидаҳои ӯ ба мамнӯъгоҳи машҳури кишварамон – «Бешаи палангон» мебошад.

Ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон расми рӯнамои китоби мазкури Маҷиди Салим баргузор гашт. Дар он гурӯҳе аз аҳли илму адаб ва теъдоди зиёди ҳаводорони каломи бадеъ иштирок доштанд. Рӯнамоӣ бо намоиши филми мустанади «Бешаи палангон» оғоз ёфт, ки хеле диданиву маърифатбахш буд. Дар идомаи ин ҳамоиш адиби маъруф Кароматуллоҳи Мирзо, адабиётшиносони номвар Аламхон Кучаров ва Ҷамолиддин Саидзода дар бораи махсусиятҳои эҷодиёти Маҷиди Салим ва мазмуну муҳтавои китоби «Ҳикоёти «Бешаи палангон» суханронӣ карданд. Чанде аз ҳаводорони нигоштаҳои нависанда андешаҳои хешро перомуни паҳлуҳои ҳунари нигорандагии ӯ иброз доштанд. Расми рӯнамои китоби тозанашри адиби хушзавқро ҳунарнамоии гурӯҳе аз санъаткорон рангинтар намуд. Китоби «Ҳикоёти «Бешаи палангон»-ро нависандаи пуркор, барандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Маҷиди Салим ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эҳдо бинмудааст.

 

М.Абдурауф,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш