Нашрияи Омӯзгор

Манбаи кадрҳои соҳаи энергетика

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15-солагии таъсисёбии донишкадаи мазкур ва Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Энергетика – омили рушди иқтисодиёт” баргузор гардид.

Дар он муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбахш Шарифов, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳ. Вализода, намояндагони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, донишмандони соҳаи энергетика, собиқадорон, аввалин хатмкардагони ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Қабл аз баргузории  кори  конфронс меҳмонон дастовардҳои илмию техникии факултаҳои донишкадаи мазкурро тамошо карданд. Донишкада зодаи даврони соҳибистиқлолии ватан ва махзани омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи энергетикаи кишвар мебошад.

Зимни муаррифии дастовардҳои донишкада гуфта шуд, ки манбаъҳои ғайрианъанавӣ дар шакли се панели офтобии иқтидори умумиашон 41 киловатт, ки дар як вақт ҳамчун манбаи энергия ва аёнияти озмоишӣ барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён истифода мешаванд, мавҷуд мебошад. Пасон иштирокдорони конфронс бо вазъ ва фаъолияти маркази илмӣ – инноватсионӣ ва рушди истеъдодҳои донишкада шинос гардиданд.

Дар идомаи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Энергетика – омили рушди иқтисодиёт” доир гардид. Ректори донишкада Д.Исозода дар бораи таърихи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, дастовардҳо, омодашавии кадрҳои лаёқатманди соҳаи энергетика, омӯзиш дар хориҷи кишвар, афзоиши олимони соҳа, шароиту имкониятҳои таҳсил ва будубош дар хобгоҳи донишҷӯён изҳори назар намуд. Дар конфронс, ҳамчунин, суханронии чанде аз олимон ва мутахассисони соҳа шунида шуд.

С. АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш