Нашрияи Омӯзгор

Раҳкушои имрӯзу фардои миллат

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар таълимгоҳҳо солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф» эълон гардид. Ин боиси хушнудӣ ва дастгирии аҳли ҷомеа гардид, зеро пешрафти босуръати илму техника ва раванди ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир аз ҳар як омӯзгор тақозо дорад, ки ҷиҳати омӯзиши ин фанҳо саҳми худро гузоранд. Ба таъкиди Сарвари давлат, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши ин фанҳо ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад. Мақсади асосии озмун бедор намудани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Ин нукта мо, омӯзгоронро водор месозад, ки дар самти тақвият бахшидани тафаккури илмӣ-техникии насли ояндасоз бештар заҳмат кашем.

Меробшо ХӮҶАОРИФОВ,

директори мактаби №27, ноҳияи Ишкошим


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш