Нашрияи Омӯзгор

Ганҷинае аз таърихи ниёгон

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳияи Роштқалъаро метавон ҳамчун беҳтарин ва бойтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии наздимактабии ВМКБ ном бурд. Дар аввал ҳамагӣ 10 нигораи он дар як синфхона ба намоиш гузошта шуда буданд. Бо гузашти вақт, бо саҳми омӯзгорону хонандагон ва шахсони алоҳида шумораи нигораҳо афзуда, мавқеи ҷойгиршавиашон низ васеъ гардид. Имрӯз шумораи нигораҳои осорхона ба 2 ҳазор адад расидааст, - мегӯяд мудири он Карам Парпишоев.

Лоиҳаи фаъолияти осорхонаро сарвари онвақтаи муассиса Дилшодбегим Худобахшева асос гузошта буд.

Акнун дар назди осорхонаи мактаб курси “Осорхонашиносӣ” амал мекунад, ки шунавандагони он чандин маротиба дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба соҳаи таъриху кишваршиносӣ ғолиб омадаанд.

Ҷ. Қозибеков,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш