Нашрияи Омӯзгор

Таҳаввулбахши шеъри муосири тоҷик

Сана: 2021-06-03        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

25-уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Лоиқ Шералӣ ва таҳаввули шеъри муосири тоҷик» баргузор гардид, ки дар он доираи васеи шоирону нависандагон ва олимону донишмандон ширкат ва суханронӣ карданд.

Ҳамоишро ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки Лоиқ Шералӣ тӯли солҳои фаъолияти пурвусъати худ барои тоза нигоҳ доштани забони модарӣ талоши зиёд кардаанд. Ҳамчунин, устод ифшогари дарди миллат буданд, дар шеърҳояшон дардҳои миллатро хеле рӯшану возеҳ баён намудаанд.

Шоир Акбари Абдулло иброз дошт, ки Лоиқ Шералӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳсил кардааст ва мехостем, ки ба устод унвони профессори фахрии ин донишгоҳ дода шавад. 

Хотироти Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамиди Самад басо шуниданию ибратомӯз буд. 

Узви вобастаи Академияи миллии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмадов гуфт, ки ягон шоири тоҷик ба андозаи Лоиқ ба адабиёти классикӣ таваҷҷуҳи зиёд надошт.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода низ аз хотираҳояш дар бораи устод Лоиқ ҳикоятҳои ҷолиб намуд.

Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Сулаймон Анварӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Раҷабалӣ Худоёров вобаста ба ҳаёт ва эҷодиёти Лоиқ суханони пурмеҳру самимӣ гуфтанд. Конфронс кори худро дар бахшҳо идома бахшид, ки дар онҳо маърӯзаҳои профессорон Р. Восиева, Ш. Солеҳов,  С. Хоҷазод, В. Элбоев С. Саидов,  дотсентон Ш. Муҳаммадиев, А. Набавӣ,  профессор Ш. Исрофилниё, муҳаққиқ Б. Бузургмеҳр, дотсентон Ҳ. Боқиев, Р. Ҳамроҳ, ассистент М. Раҳмонов ва дигарон шунида шуд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш