Обе, ки ба ҷӯйбори орзуҳои ман меомад, хушк шуд. Аз беобӣ ҷӯйбор торс-торс кафид. Ҳама орзуҳо аз беобӣ хушк шуданд. Марги орзуҳоям фаро расид.
Тақдир маро шикаст. Чунон сахт шикастам, ки дигар мадори хестан дар пойҳо намонда, зиндагӣ норӯшан ва зебоиҳои ҳаёт ноаён шуда. Хаста аз ҳама садову симоҳои дунё шудаам. Зиндагиро ман бо “оинаи нилгун”-и ранга медидам, лек ҳоло баробари дида дӯхтан ба табиату одамон хаёл мекунам филми давраи қадимаро бо “оинаи нилгун”-и куҳнае, ки пулташ амбӯр буд, тамошо карда истодаам. Ё рангҳои дунё ва ё рангҳои чашмонам тамом шудаанд, ба ҷуз ранги сиёҳ. Сиёҳпӯш шудам! Сиёҳбин шудам! Сиёҳгуфтор шудам!
Рӯзеро, ки тақдир ба сари мани ноосудаву бадбахт овард, Илоҳо, ба сари касе наорад, зеро таҳаммулаш ниҳоят вазнин аст, ҳатто аз вазнин дида вазнинтар. Ба ман чӣ шуд? Чӣ гуна маро тақдир шикаст? Чаро ҳамаро сиёҳ мебинам? Чаро умедҳоям барбод рафта?
Ривояте ҳаст, ки то меҳмон шудани ҳазрати Азроил инсон мурданашро намефаҳмад. Вале падарҷони ман чанд рӯз қабл аз сафари охираташон фаҳмида буданд, ки наздик аст аз чашмҳо дур шуданашон. Гӯё касе ба он кас гуфта буд, ки аз ҳама бахшиш пурс. Бо ёру дӯстон хайрухуш намо. Суханҳои нагуфтаатро ба ахли байтат бигӯ. Писарону духтараки яккаву ягонаи ба туҳматҳои нокасон ғарқшудаатро дӯстдорӣ кун. Набераҳои ба ҷон баробаратро ба банди дилат зер кун! Ҳамаро бубахшу омӯрзиши гуноҳонатро талаб кун. Бале, касе ва ё чизе меҳмони падарҷони ман шуда буд ва ин ҳама ҷумлаҳои ноумедӣ аз ин дунё ва хайрбодиро гуфта буд, зеро бо ҳама ҳамкорону шогирдон, ёру дӯстон, хешу ақрабо ва аҳли оила қабл аз ба сафари шаҳри Истаравшан баромадан хайрухуш карда буданд.
Падарҷонам, амакам ва бибиям дар роҳи Истаравшан - Душанбе ба садама дучор шуданд; мошин ба ҷарӣ меафтад. Аз амаку бибиям дида аҳволи падарҷонам вазнинтар буд, зеро сарашон осеб дида буд. То омадани мошини духтур гапҳои ногуфта ва суханҳои охиринашонро ба додари яккаву модари зори ҷигаркафидаашон гуфта, дар мошини ёрии таъҷилӣ ба якборагӣ аз ин дунё, аз меҳмоние, ки 53 сол дар ин ҷо буданд, рафтанд.
Баробари шунидани ин хабари пурдаҳшат ҳуш аз сарам парид. Дастонам аз худам не, пойҳоям аз худам не, сарам аз худам не, ақлам аз худам не, чашмону гӯшҳоям ҳам дар ҷояшон набуданд. Афсӯс, ҳамон рӯзе, ки аз он метарсидам, ба сарам омад ва сарам аз ман ҷудо шуд. Намедонистам сари сахтамро ба куҷо занам. Ба кӣ дардамро бигӯям. Чӣ кор кунам, ки худамро шиносам ва ба даст гирам.
Аз марги нобаҳангоми падарҷону бибиҷони шаҳидгаштаам ҳоло ашки чашмонам хушк нашудаанд. Ҳоло ҳам пурра ба худ наомадаам. Вале Худоро шукр, ки аз хонаи ғайбаш ба ман сабр дод. Сабре, ки тавонистам қалам ба даст гирифта, каме бошад ҳам, дарди диламро рӯи варақ оварам. Таҳаммул кардани марги волидайн мерос бошад ҳам, мушкил будааст. Охир, зиндагиямро ба номи падарҷони меҳрубонам пайванд зада будам, рамзкушоии онро он кас ба ман омӯзонида буданд ва кунун мани саргардону хонавайрон ҳаргиз намедонам, ки сар ба куҷо занам.
Оҳ, зиндагӣ худ дард будааст! Худоё, касе ин рӯзро набинад ва Илоҳо, ҳама хушу хурсанд бошанд!
Маҳина Дадабоева,
донишҷӯи соли
3 – юми ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр