Нашрияи Омӯзгор

 Ҳадиси дӯстӣ

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

Рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад.   

Эмомалӣ Раҳмон

 

Муҳаммад Ғоиб,

Шоири халқии Тоҷикистон

Суруди дӯстӣ

Ҷаҳон донад, ки мо  ҳамсоя  ҳастем,

Ба ҳар шодиву ғам якҷоя ҳастем.

Ба зери боми даврон ворисонанд,

Ба ин даргоҳи ҳастӣ поя ҳастем.

 

Насими дӯстии мо вазон аст,

Баҳори ошноён бехазон аст.

 

Раҳи тақдири мо ҳамранг бошад,

Сари мо сахттар аз санг бошад.

Фақат созе, ки номаш ошноист,

Ба тори қалб ҳамоҳанг бошад.

 

Насими дӯстии мо вазон аст,

Баҳори ошноён бехазон аст.

 

Зи Ҷомиву Навоӣ панд дорем,

Ба номи рафтагон савганд дорем.

Ба боғи пурумеди зиндагонӣ

Ҳазорон решаи пайванд дорем.

 

Насими дӯстии мо вазон аст,

Баҳори ошноён бехазон аст.

 

Абдулло ОРИПОВ,

Шоири халқии Ӯзбекистон,

Қаҳрамони Ӯзбекистон

Ӯзбеку тоҷик

Ёру бародар аз азал ӯзбеку тоҷик,

Чун шоҳбайти як ғазал ӯзбеку тоҷик

 

Шайдои   ин рафоқатам, ҷӯям ба  он қиёс,

Ширинтар аст аз асал, ӯзбеку тоҷик.

 

Бахте бувад Навоиро то Ҷомӣ барҳаёт,

Ҳамрешаанд аз он маҳал ӯзбеку тоҷик.

 

Бо чашми ақл бингаред, ҷуфти ситораем,

Гӯяд Алӣ ҳарфи Зуҳал, ӯзбеку тоҷик.

 

Як  тарфи марза ӯзбеку  як тарф тоҷик аст,

Часпад ба кор аз ҳамал ӯзбеку тоҷик.

 

Як матлабест дар дилам, эй кош то абад,

Як маънӣ ёбанд аз масал ӯзбеку тоҷик.

Тарҷумаи Ҷонибек Қувноқ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш