Нашрияи Омӯзгор

“Андоз аз нигоҳи хонандагон”

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Тибқи иҷрои фармоиши сардори раёсати маорифи вилояти Суғд ва Низомномаи озмуни “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” бо мақсади тарғиби қонунгузории андоз, ҳавасманд намудан, баланд бардоштани фарҳанги андози насли наврас даври муассисавии озмун дар муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид ва барои иштирок ба даври шаҳрӣ беҳтарин довталабон пешниҳод карда шуданд.

Мутобиқи низомнома, толибилмони шаҳр дар бахши “Расми беҳтарин” иштирок намуда, корҳои иҷронамудаи худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод карданд. Дар расмҳои хеш довталабон моҳияти андоз ва саривақт супоридани онро инъикос намуда, барои баланд бардоштани маърифати андозсупорандагон бо рангу тобишҳои гуногун ҳамчун насли наврас ва ояндасози миллат афкору омоли худро баён доштанд.

Дар озмун беш аз 40 нафар беҳтарин толибилмони муассисаҳои таълимӣ расмҳои худро пешниҳод намуданд, соҳибмукофот гардиданд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш