Ҳунарҳои мардумӣ – посдори фарҳанги миллӣ
Мардуми тоҷик аз азал бо ҳунару ҳунармандӣ гаравидаанд. Асарҳои безаволи ҳунармандони бузург дар ҳама давру замон диққати бинандаро ба худ ҷалб намуда, ба кас ҳаловати тоза ва тарбияи маънавӣ мебахшанд. Устодон ва дастпарварони коллеҷи ҳунарҳои мурдумии шаҳри Истаравшан ҳам чун давомдиҳандагони ҳунарҳои мардумӣ ба ривоҷу равнақи санъати ороишӣ – амалӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Матонат Ҳоҷибоев,
унвонҷӯи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
***
Гузаштагони мо насли наврасро аз хурдсолӣ дар рӯҳияи ҳунаромӯзӣ тарбия намуда, ба камол мерасониданд. Масалан, Аҳмади Дониш барои тарбияи фарзандонаш – Абдулкарим ва Асад китоби «Дар васоёи фарзандон ва баёни ҳақиқати касбҳову пешаҳо» - ро иншо намудааст. Адиб ба ҷавонон рӯ оварда таъкид кардааст, ки илму дониш ва касбу ҳунарро барои он омӯзанд, ки дар дигарон низ ҳисси омӯхтанро бедор намоянд ва ин анъана аз насл ба насл гузарад.
Асомуддин Азизов,
саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ, рушди маҳал ва сайёҳии ДДД
То имрӯз дар баъзе деҳаҳои кӯҳистони ватанамон анъанаҳову маъракаҳое боқӣ мондаанд, ки идомаи расму оинҳои ориёӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин маҳалҳо табибзанҳое ёфт мешаванд, ки риояи қоидаҳои тиббиро урфу одат ном мебаранд. Онҳо зоҳирпарастонаю беасос ба ҷои испанд ҳар гуна гиёҳҳоро дар маъракаҳои оилавию ҷамъиятӣ дуд меандозанд…
Бисёр хуб шуд, ки дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ислоҳот гузаронда шуд ва мардум аз таърихи ҳақиқии расму оинҳо огоҳ гардиданд.
Нозимҷон Соҳибов,
омӯзгори мактаби рақами 35, ноҳияи Деваштич
Аксарияти минтақаҳои сайёҳии кишвар ҳанӯз дорои инфрасохтори сайёҳии ба сатҳи байналхалқӣ ҷавобгӯ нестанд. Вобаста ба шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар аксарияти минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон хатари аз байн рафтани минтақаи махсус ҳифзшаванда ба назар мерасад.Сокинони маҳаллӣ дарахтони боғу ҷангалҳоро ба сифати сӯзишворӣ истифода менамоянд ва ҳамин тариқ қаламрави зисти паранда ва ҳайвоноти нодирро маҳдуд сохта, барои аз байн рафтани онҳо сабаб мешаванд. Вобаста ба ин зарур аст, ки ба сокинони маҳаллии чунин минтақаҳо тарзи дигари хоҷагидорӣ пешниҳод карда шавад ва дар ин замина тараққӣ додани сайёҳӣ бо истифода аз имконоти ҷомеаи маҳаллӣ мувофиқтарин масъала аст.
Рухшона Тӯхтаева,
омӯзгори факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик
Б. Ғафуров
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Кӯлоб на танҳо ватани тарғиботи чакан аст, балки дорандаи мактаби ин ҳунари зебо ва офарандаи навъҳои нави чакан, ганҷинаи ин ҳунари волои миллати тоҷик маҳсуб мешавад.
Калимаи «чакан» - ро бо калимаҳои «чеканит», «чеканка» - и русӣ ва «чакома» - ву «чакомак» - и авестоӣ алоқаманд медонанд. Дар ин маврид вобастагӣ ба нақшро дар назар доранд, яъне чакан ин нақш аст. Вожаи «чакан» - ро фарҳангномаҳои муътабартарину куҳан чун «Бурҳони қотеъ»», «Ғиёс – ул – луғот», «Рашидӣ», «Кашф»... шарҳ додаанд.
Исфандиёр Бадалов,
ассистенти кафедраи таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Аз Панҷакенти қадим ёфт шудани зарфҳои сафолӣ оид ба мавҷудияти санъати баланди кулолгарӣ ва ҳунари кулолгарӣ маълумот медиҳанд. Ғайр аз зарфҳои рӯзгор аз қабили косаву табақ, хумчаву кӯза, чароғ ва пиёлачаҳо, хумҳои калонҳаҷми сафолӣ низ ёфт шудаанд, ки аз вуҷуд доштани пиллабуғкунӣ (дар Панҷакенти қадим касби пиллакашӣ тараққӣ карда будааст) дарак медиҳанд. Бояд зикр намуд, ки вобаста ба ҳаҷмашон зарфҳо барои нигоҳдории ғалла, об, равған, мусаллас ва ғайра истифода шуда, намудҳои ин зарфҳо хеле базеб сохта шудаанд ва бо нақшу нигорҳои гуногун ва тамғаву нишонаҳо оро ёфтаанд.
М. Ғаниева,
мудири шуъбаи таърихи осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент
Аз лаҳзаҳои аввали таълими фанни санъат ва меҳнат моро лозим меояд, ки оид ба намудҳои гуногуни коғаз, мавқеъ, сифат ва аҳамияти он маълумот диҳем. Донистани хусусиятҳои коғаз ба шахс имконият медиҳад, ки онҳо меҳнати дастии худро бо сифати баланд иҷро намоянд. Коғаз хусусиятҳои ба худ хос дорад. Масалан, коғази хатнависӣ бояд сафед, нафис ва маҳкам бошад. Коғази обчинак бояд ранг ва обро дар худ зуд ҷабида гирад, коғази чопкунӣ бояд хушсифат ва зебо бошад.
Ҷамолиддин Норхоҷаев,
омӯзгори литсейи хусусии «Эҳсон» - и ноҳияи Рӯдакӣ
Дар натиҷаи ғамхории доимии ҳукумат, ҷидду ҷаҳди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар солҳои охир базаи таълимию моддии мактабҳои таҳсилоти умумии гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон хеле мустаҳкам шуд. Сифати корҳои таълим ва тарбияи хештаншиносии насли наврас, аз ҷумла, тарбияи меҳнатӣ ва интихоби касб ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва ба ҳаёти мустақилона тайёр намудани ҷавонон беҳтар гардид. Асосҳои касбу ҳунар дар қатори дигар фанҳои таълимӣ воситаи муҳими инкишофи фикрию ҷисмонӣ ва тарбияи ахлоқии бачагон аст.
Раҳмонхӯҷа Мирзоев,
дотсенти кафедраи забони давлатӣ ва ҳуқуқи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
«ОМӮЗГОР»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр