Нашрияи Омӯзгор

Марди накуном

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7- и деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон ба номи омӯзгори асил, сиёсатмадори варзида Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров гузошта шуд.

Дар маъракаи номгузорӣ раиси ноҳия Фаррух Додхудоев оид ба ҳаёту фаъолияти хизматии Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров ҳарф зада, қайд кард, ки устод Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров аз қабили фарзандони барӯманди диёрамон буданд.

Дар чорабинӣ муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода номаи шодбошии раиси ВМКБ роҷеъ ба номи Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров номгузорӣ шудани мактаби зодгоҳ ва дар саҳни мактаб гузошта шудани нимпайкараи зиндаёдро қироат карда, ҳамкорону шогирдон, пайвандони марҳум ва омӯзгорони таълимгоҳро ба ифтихори ин санаи таърихӣ табрику таҳният гуфт.

Ҷ. Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш