Нашрияи Омӯзгор

Иқдоми “Добрый самаритянин”

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Барномаи байналмилалии “Добрый Самаритянин” тайи 20 сол аст, ки дар зиёда аз 100 кишвари дунё фаъолияти хайрхоҳонаи худро амалӣ месозад. Чанде пеш намояндаи барнома Хурсанд Саидасанов барои 400 хонандаи синфҳои зинаи ибтидоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 25, 26, 27-и ноҳияи Роштқалъа либосҳои варзишӣ, ашёи илмӣ-хатнависӣ, бозичаҳоро тақдим намуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва маъмурияти мактабҳои номбурда ба намояндаи барнома Хурсанд Саидасанов изҳори сипос баён намуданд. Номбурда изҳор дошт, ин амал бори охир набуда, минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Ҷ. Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш