Адиби асилу тавонманд, бедордилу худшинос Сотим Улуғзода аз мактаби устод Айнӣ сабақи фаровон андӯхта, муваффақ бар он гардид, ки асарҳои гаронмояву пурарзишеро рӯи саҳнаи адабиёт оварад. Ҳар яке аз онҳо бозгӯйи таърихи миллати куҳанфарҳанги мо, бозгӯйи ҳувият ва ифтихору нубуғу фурӯғи миллии мост ва бо муҳтавиёти басо баланди хеш нақши адабиёти 3000 - солаи тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
Ба ин гуфтаҳо, махсусан, осори пурарзиштарини ин адиби бедордил, ки дар душвортарин лаҳзаҳои зиндагияш романҳои «Фирдавсӣ» ва «Восеъ», қиссаи «Ривояти суғдӣ», рисолаҳои «Аҳмади Дониш» ва «Пири ҳакимони Машриқзамин», асарҳои саҳнавии «Рӯдакӣ», «Ҷавонии ибни Сино», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Темурмалик» - ро ба арсаи адабиёти оламшумули мо ворид намудаааст, далели барҳақ шуда метавонанд.
Оре, ин асарҳои гаронбаҳову арзишманд мардуми тоҷикро ба сӯйи огоҳдилию хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу русуми миллӣ, ҳисси меҳанпарастӣ, ваҳдату ягонагӣ раҳнамун намуда, таконбахши тарбияи маънавию зеҳнии пиру барнои ҳар як фарди соҳибдилу соҳибмаърифат гардидаанд. Махсусан, ин адиби маҳбуб дар осори мондагори насрии таърихияш перомуни шахсиятҳои шинохта ва алломагону нобиғагони нотакрори илму адаб, ҷавонмардиҳою қаҳрамониҳои шердилонаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик хеле барҷаста сухан мегӯяд. Чунончи, офариниши романи «Фирдавсӣ» дар солҳои болоравии касодии маънавии ҷомеа як такони ҷадиде миёни форсзабонони олам гардиду бо маъруфияти хеш дар Ҷумҳурии Исломии Эрон сазовори ҷоизаи «Романи сол» гардид.
Ин асар тавонист мардуми тоҷикро ба ҳамдилию якдигарфаҳмӣ ва хирадманду дурандеш будан раҳнамоӣ намояд. Нақши Ҳаким Фирдавсии Тусии ҷасуру далеру донишманд ва дӯстдори расму оини аҷдодӣ, ки ҳатто аз шамшери фотеҳону аҷнабиёни ғосиб парвое надошт ва ба муқобили онон дар ростои ба аҳдофи ҳақталошонаи наҷиби хеш расидан муборизаи шадид мебурд, хеле ҷаззобу бориз таҷассум гардидааст. Эҳтиром ба забони модар, арҷгузорӣ ба расму оини ниёгон мағз андар мағзи «Шоҳнома» - и безаволу сиришти офаридгори онро фарогир буда, дар роман бо самимияти хоса мунъакис гардидааст. Воқеан, фарде наметавонад бе огаҳӣ аз таъриху фарҳангу суннатҳои миллии хеш ба оянда назари нек дошта бошад, ки мо инро дар симои Фирдавсии бузургуфтор ба хубӣ эҳсос карда метавонем. Билхусус, мунозираву мубоҳисаҳои Фирдавсӣ чи бо шоирони маддоҳу санохон, чи бо ҳокимону амирон, чи шоҳону вазирон ва шайхону имомони мутаассиб барои ҳимоя аз фарҳангу суннатҳои аҷдодони хеш, аз тарафи адиби мумтоз бо далоили фаровону пурмазмун пуробуранг тасвир ёфтааст. Чанд далеле барои тақвияти андешаҳои фавқ аз худи роман меоварем. Фирдавсӣ аз гузаштагони хеш сарбаландона ифтихор дорад ва ҳамеша ононро васфу ситоиш менамояд. Масалан, дар боби «Баҳс бо имом» - и роман омадааст: «Фирдавсӣ гуфт: - Ниёгони мо кундтабъони хушкидадимоғ набудаанд, мардумони хушзавқ будаанд, ки зебоиро дӯст медоштаанд ва мепарастидаанд». Ё дар боби «Мубоҳиса» - и асари мазкур маҳбубияти хосаи шоир ба забони модарӣ, дар мунозира бо шоири арабгаро ибни Абдумалик ва посухи ин адиби некандеш басо ҷолиби диққат аст. «Фирдавсӣ дар ғазаб шуду шӯрид: - Шумо, ҷаноб, - гуфт сӯйи Абдумалик, - забони модарии худро бад дида, забони бегонагонро бар вай тарҷеҳ додаед, ин монанди он аст, ки кас аз модари худ рӯй гардонаду модарандарро хуш кунад ва чунин кас, бешак, бадсиришт ва бадгавҳар аст». Пандҳои ибратомӯзу ибратбахши ин ҳакими бузург, ки ҳангоми маргаш ба пайвандонаш додаасту ҳар яке аз калимоти он дар худ ҷанбаъҳои зиёди ахлоқиро нуҳуфтаанд, абадан равшангари роҳи ҳаёти башарият мебошанд. «- Ба марги ман гиря накунед. Аз шумо… розиям…шумо ҳам аз ман розӣ бошед…ба ҳам меҳрубону... ғамхор бошед…яздонпараст, беозор …бошед…Дилҳоятонро ҳамеша…аз кина, ҳасад, риё…пок доред…Ба мардумон…некӣ бикунед…». Вақте ки кас ин асарро мавриди мутолиа қарор медиҳад, вуҷудашро саропо ғурури миллӣ ва худшиносию ватанхоҳӣ фаро мегирад. Ҳаким Фирдавсии Тусӣ дар роман ҳамчун шахси меҳандӯсту озодихоҳ, эҳёгари расму оини ниёгон, посдор ва ҳифзкунандаи забони нобу шевою гуворои шоиронаи форсӣ намудор мешавад. Ҳаминро бояд таъкид намуд, ки ҳадафи таълифи ин асар аз тарафи нависандаи маҳбуб, шамъи бедории фикрию маънавӣ ва миллиро дар роҳи пупечутоби таърих дар роҳи тайкардаи миллат афрӯхтан аст.
Ва ё бигирем қиссаи «Ривояти суғдӣ»-ро, ки бо вуҷуди ҳаҷман на он қадар бузург будан аз ҷонбозиҳою диловариҳои мардону занони суғдӣ ба муқобили аҷнабиёни истилогару тахрибкор, ки ба гуфтаи худи адиб, «Онро кишваркушоёни бегонае оварда буданд, ки ба як даст шамшер, ба як даст «Қуръон», сарзаминҳои он сӯйи Ҷайҳунро забт …ва акнун дар тараддуди он буданд, ки мамолики ин сӯйи рӯдро ҳам тасхир кунанд…», бо сӯзу гудоз бо як эҳсоси баланди ватандӯстона ҳикоят менамояд. Нависандаи маъруф бо далелу санадҳои рӯшани таърихӣ парда аз рӯйи ин истилогарони ғосибу тороҷгар мебардорад. Дар асари мазкур аҳли ҳунар будани суғдиён, ҳуқуқи баробар доштани занон, манзарҳои зисту зиндагӣ, мамлакатдорию соҳиби фазлу одоб будани онон хело барҷаста ва самимӣ тасвир шудааст. Адиби равшандил хислатҳои наҷиби қаҳрамонҳояшро ҳар кадоме бо роҳе, масалан, Маликаи Бухоро бо ақлу фаросату сулҳҷӯйӣ, Виркану Ёдхиштак бо диловарию мардонагӣ, шоҳзода Вағдварз бо интиқомситониву сарфуруднаорӣ, Наниманча бо ҷасорату вафодорӣ ва ҳимояи шарафу номусаш, Вғашфарни сипоҳдор бо шуҷоатмандию размандагӣ меҳоҳанд, балои ба сари кишвар ва мардумони хеш омадаро бо василае дур бисозанд, моҳирона қаламдод намудааст. Тасвири далерию вафодории занони озоди суғдӣ дар симои Наниманча хело диққатҷалбкунанда ва муъҷазона рӯйи саҳфаи ин асари муҳташам омадааст, ки дили ҳар як аз хонандаи закитабъро тасхир менамояд: «Наниманча дар пеши Саид ба зону афтида, ду даст гоҳ бар сина, гоҳ бар сару бар хок зада нолид: - Инсоф бидеҳ, амир! Сипоҳи ту номардӣ кард, ӯро – занак шавҳарашро нишон дод, - ба фиреб гирифт. Охир, ба зӯр натавонист, мағлуб шуд, ба макру фиреб гирифт. Ӯро озод кун ё бифармой аз сари нав набард бикунанд…». Набарди Виркани далер, ки гарчи дар асорат буду маргро аз бардагию ғуломӣ авлотар меҳисобид ва пайваста рафиқонашро ба исёну шӯриш талқин менамуд, замони разм намудан бо қувваи чандин маротиба аз худ зиёд ва мардонавор ҷон доданаш басо ибратомӯз аст: «Виркан ҳанӯз нафас мекашид, вале ҷон меканд, баногоҳ вай чашм кушод… - Хир - хиркунон калимае чанд аз даҳон баровард: - Гургон !.. Ман…интиқом…интиқоми Самарқанд… Наниманча…Виркан як - ду тапиду ҷон дод. Ва ё падрудгӯйии шоҳзода Вағдварз, ки интиқоми худро бо Виркан ва ёронаш аз Саид бинни Усмони ситампеша ситонида, ӯро кушта ва қасрашро оташ зада буданду ҳангоми паноҳ бурдан ба кӯҳ гирифтори таъқиби навкарони ҳокими Мадина гаштанд, хеле ҳузнангезу риққатовар ва далолат аз ғурури озодиҷӯӣ ва виқори суғдиёнаю тоҷикона ва мардонаи онон аст: «Шоҳзода Вағдварз бар лаби ҷарӣ истод. Зинда таслим намешавем! - хитоб кард ӯ. - Падруд, бародарон! Аввал ман! - инро гуфта, вай худро ба ҷарӣ ҳаво дод. Аз паси вай дигарон ҳам ба рафиқони худ «падруд» - гӯён худҳошонро ба ҷарӣ партофтан гирифтанд…».
Дар романи «Восеъ», ки он аз диди муҳаққиқини соҳа қуллаи эҷодиёти ин адиби ҳушманд аст, аз таърихи муборизаҳои озодихоҳонаи халқи тоҷик ҷиҳати раҳоӣ аз зулму истибдоди амирону ҳокимони аморати Бухоро нақл гардидааст. Восеъ марди паҳлавон, софдилу ростқавл, меҳнатдӯсту бошараф, ҳақҷӯю адолатпеша ва шуҷою далер, муборизи роҳи адолату озодӣ таҷассум гардидааст, ки мехоҳад беху бунёди зулму ситамро барканда, парчами шарафи миллӣ ва истиқлолияти адолату ҳақиқат ва озодиро дар аморати тираву тори замонаш парфишон созад. Сифатҳои ҷавонмардӣ, ҳақҷӯӣ ва ҳақталошиҳои ин муборизи роҳи озодӣ ва ҳимоятгари бечорагону дармондагон мағзи асарро фарогир буда, талқингари хисоли писандидаи башариянд. Восеъ аз касе бим надорад, на аз миршабу қозию навкар, на аз ҳоким амир, ҳамеша дар рӯ ба рӯйи онҳо суханони ҳақро беибо арза медорад. Масалан, вохӯрии ӯ бо Остонақули ҳоким дар кӯча, ки дар боби ҳаштуми асар моҳирона тасвир ёфтааст, далели гуфтаҳои болост: «Мардум Восеъро зуд миёнгир карда, забон ба таҳсину офарини ӯ кушоданд. Ӯ дар назари онҳо кори қаҳрамононае карда буд, ки «худи бий – додхоҳ» - ро нотарсона дар миёни кӯча боздошта, бо вай саволу ҷавоб кард. Боракаллоҳ!.. Ёдат ба хайр, дохунда!.. Одами гурдадор будаӣ!..» Рӯёнидани ҳаққи модари Ашӯри машкоб аз шайх Саидасрор ва мулзам намудани ӯ аз тарафи Восеъ дар боби ҳаждаҳуми асар, хайрхоҳи беваю бечорагон будани ӯро ба хубӣ нишон медиҳад: «Ҳой амак, ту як зарра номусу виҷдон дорӣ ё не? Наход, ки динат, имонатро ба панҷоҳу панҷ танга фурӯшӣ? Э садқаи он саллаю он тасбеҳ шав!» Восеъ то охири ба қатл расиданаш далерона мубориза бурд ва ҳатто дар дами вопасини маргаш низ дар назди амир сар фуруд наовард.
Хулоса, ҳар яке аз ин муборизони роҳи озодӣ то охирин қатраи хуни хеш ва то нафасҳои вопасини умрашон сарбаландона ҷангида, ҷони азизашонро фидои ғояҳои олии башардӯстона намудаанд, дар асарҳои ин адиби вафодори Ватан, бо обуранги хосаи бадеӣ қаламдод гардидаанд. Кору пайкор ва қаҳрамониҳою диловариҳои беназири абармармардону родмардон ва фарзонагони соҳибзаковати миллат дар тамоми давру замон, саҳфаи заррини таърих ва рӯҳи бешикасти ин миллати соҳибназар, тавассути заҳматҳои ҷонфидоёнаи ин нависандаи дилогоҳи хештандор ва ба василаи офаридани осори пурғановат аз ҷониби ӯ бо ҳарфҳои заррин дар тамаддунхонаи башарият ҷовидона ҳак ёфтааст.
Абдурашиди АБДУНАБӢ,
ҷонишини директори мактаби №20, ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр