Нашрияи Омӯзгор

Мадеҳаи меҳрбори омӯзгор

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 889        Шарҳ: 0

 

Бузургони ҳар давру замон, сиёсатмадорону ҳокимон, пешвоёни дину тариқат, роҳнамоёни халқро бо унвони муаллим эҳтиром мекарданд ва мекунанд. Пайғамбарони оламро муаллими инсоният гуфтаанд. Дар васфи муаллим достонҳо, шеъру қиссаҳо офарида шудааст...        

Дар қатори дигарон адиби соҳиблаёқат Султонмуроди Одина ҳам васфи муаллим кардааст.

Гуфтанист,  ки ӯ ҳам чун дигарон дар ашъори худ дар васфи муаллим, омӯзгор, устод шеърҳои шиормонанд низ офаридааст, ки пайванди анъаноти қадимаи назм аст. Аз ҷумла, шоир менигорад:

Устод  агар  набошад,  ақле  ба  сар  набошад,

Дар  боғи  зиндагонӣ  гарди  самар  набошад.

Бе  раҳнамою  раҳбар  дар  ин  ҷаҳони  бесар

Пойи   равон  набошад,  нури  басар  набошад.

Ин маъно гуфтаи  олими маъруфи рус Д.И.Менделеевро ба хотир меорад;  “Ифтихори муаллим аз  нумӯи сабзаҳои шогирдон аст”.

Дар манзумаи “Муаллим” Султонмуроди Одина барои нишон додани образи муаллим аз паҳлуи  дигар наздик мешавад. Тасвири ӯ бо услуби хосаш ва ба тарзи нав, бо оҳанги тоза, дилчаспу хонданӣ рӯйи коғаз омадааст.

Дар шакли баён ва риояи вазну қофия манзума тобеи анъаноти роиҷ аст. Манзума аз 24 банди чорпора дар шакли қофиядармиён иншо шудааст. Ба қавли академик Абдуҷаббор Раҳмонзода: “Дар манзумаи “Муаллим”... шоир бо як самимияти беандоза аз бузургӣ, заҳматкашӣ ва меҳнатдӯстии омӯзгор нақл мекунад ва симои тавонои ин пешоҳанги ҷомеаро васф менамояд”.

Шоир аз банди аввал симои омӯзгори калонсоли заҳматиро чунин ба риштаи тасвир мекашад:

Сархаму ошуфтахотир,

Зери каш як даста дафтар,

Меравад бар сӯйи хона.

Сад хаёлу фикр бар сар.

 

Чун варақҳои сафеди

Дафтари шогирдҳояш

Мӯйи барфинаш бидода,

Бар ҳама кораш баҳояш.

Сухан дар бораи муаллими куҳансол, сарсафед меравад, ки баъди анҷоми дарс мондаю шалпар сӯйи хона равон асту дар сар танҳо  андешаи беҳбуди кор дорад. “Зери каш як даста дафтар” гуфтан симои муаллимро равшантар мекунад: муаллим ҳатто ҷузвдон надорад, балки дафтари шогирдҳояш дар бағал қувватдиҳандаи тану ҷони  ӯст.

Овардани муқоисаи сари сафеди муаллим ба варақҳои сафеди дафтари мактабӣ, ба лавҳи машқи хат монанд будани чеҳраи омӯзгор ва ба хатҳои  ожанги  рӯи муаллим ташбеҳ  кардани дафтари машқи хат хеле самимӣ, ҳаётӣ ва воқеӣ баромадааст.  Дарвоқеъ, хонандаи нав ба мактаб омада дар машқи хат ба каҷукилебиҳо роҳ медиҳад, ки дар натиҷаи заҳмати омӯзгор хушнависии тифл пайдо мешавад ва дар навбати худ ин заҳмат  беосор намемонаду дар чеҳраи муаллим  нақши худро мегузорад.

Мусаллам аст, ки образофарӣ дар адабиёти бадеӣ бо ду шакл амалӣ карда мешавад: муаллиф метавонад якбора дар бораи қаҳрамонаш, дар вақти тасвири амалу  симои ӯ  сухан ронад ва тарзи дигараш-дар раванди баёни фикр лаҳза ба лаҳза образи ӯро тасвир созад. Шоир тарзи дуюми тасвирро пеш гирифтааст: хонандаи худро оҳиста-оҳиста бо қаҳрамонаш, вобаста ба амалу симояш шинос мекунад.

Ҳосили заҳмати муаллимро шоир ба тарзи нав тасвир мекунад:

Кард тай дар зиндагонӣ

Умрро бо ин равуо.

Гирди мактаб, дар сари роҳ,

Ҳосили боғаш ҳамин ҷо.

Дарвоқеъ, умри муаллими ҳақиқӣ дар атрофи мактаб, дар ҳалқаи шогирдон мегузарад. Маҳсули меваи дарахти умри ӯ дар ҳамин ҷо ҳосил медиҳаду  мардумро, ҷомеаро шодком месозад.

Зиндагӣ тазодҳо дораду аз ин сабаб рангоранг аст. Ҳамон муаллими офаридаи шоир ҳам инро дидаасту дарк кардааст, шогирдонаш гуногунанд ва баъди хатми мактаб аксар  эҳтиромаш мекунанд, ба қадраш мерасанд. Ин зикри шоир танҳо ба як шахс-муаллими куҳансол дахл надорад, балки  нишонаи ахлоқи ҷомеа аст. Аммо на ҳама даст пеши бар аз ҷо хеста саломаш медиҳанду на ҳама мӯйсафедон “мондаҳо, устод” мегӯянд. Ин ҷанбаи ҳаёт низ аз назари шоир дар канор намондааст:

Фахр дорад ӯ зи шогирд:

- О, фалонӣ, раҳбари мо,

Додаам таълим бар ӯ,

Дар замонаш буд доно!

 

Ҳам зи шогирди дигар  боз

Нақл мекард ӯ ин аҳвол:

- Дӯғ зад рӯзе ба сӯям,

Баччагияш монда то ҳол…

Бинед, ин  ҳолати тасвири шоирро: шогирди собиқи имрӯз соҳибмансабаш, шояд ба вазифаю имконияти васеаш такя карда, нисбат ба  устод    дағалмуомилагӣ  кардааст. Ин ҳол  муаллимро ба ташвиш орад ҳам (“дӯғ зад рӯзе ба сӯям”), онро ором қабул мекунад ва  ин феълро ба ҷавонии ӯ, зери сатр аз  таъсири волидонаш медонад, аммо ниҳоят нарм мегӯяд, зеро худро аз ин амали шогирд канор намегирад.

Симои  муаллими собиқадор дар манзума ҳамаҷониба дар алоқамандии раванди ҳаёт ва  таъсири ҷомеа офарида  шудааст ва чунон ки гуфтем,  бо ишораҳои амиқ ва  кинояҳои нишонрас:

Меравам  наздик бар вай

(Ӯ маро ҳам дарс додаст).

Дасти нарми меҳрубонаш

Бар сари ман ҳам ниҳодаст.

 

Гарчи додам ман саломаш,

Дасти шахшӯлаш фишурдам,

Ӯ маро нашнохт аввал,

Ман зи чашмаш пай бибурдам..

 

Шишаҳои ғафси айнак

Карда чашмонаш калонтар.

Мекунад манро назора

Бо тааҷҷуб пой то сар.

 

Чун бигуфтам номи худро

Ӯ маро бигрифт оғӯш.

Сахт буд оғӯши устод,

Пирӣ кард оё фаромӯш?

 

Лаҳзае кардем  суҳбат,

Аз гузашти даври дерин.

Хотироташ буд барҷо,

Гарчи гӯшаш гашта вазнин.

Моро  дар забони ин қитъа бештар ибораи  “дасти шахшӯл” ба худ кашид. Наход, муаллим, касе, ки кораш бо қаламу дафтар, тахтаи синфу шароити нисбатан осуда дорад, дастони шахшӯл дошта бошад? Оё шоир дар истифодаи ин ибора саҳве накарда бошад? Дар ҷое хонда будам, ки Арасту “шеър сухани хаёлангез” гуфтааст. Ба ҳамин хаёлангезии шеър такя карда, аз ин ибора таҳмаъно ҷустем ва ба хулоса расидем, ки шоир бо воситаи ин ибора  ҳаёти имрӯзаи муаллими куҳансолро ба риштаи маънӣ кашидааст. Омӯзгори имрӯза, чи ҷавону чи мӯйсафед, ғайр аз таълиму тарбия барои сариштаи рӯзгор бо коре машғул аст, аксарият деҳқонӣ мекунанд, ба бунёди боғу роғ машғуланд ва дастони шахшӯли онҳо гувоҳи ҳамин аст. Дар образи муаллими пиронсол шоир маҳз ба ҳамин тарафи масъала ишора кардааст.

 Хулосаи манзумаи “Муаллим”-и Султонмуроди Одина, ки худ умре муаллимӣ кардаасту ба қавли худаш, “зиндагиро дар ин равуо”тай намудааст, муҳтавои оптимистона (боварӣ ба ояндаи рахшони Ватан) дорад. Муаллим ҳамеша хушбин асту дар ҳама ҳолат тараққии  ҷомеаро дар пешрафти шогирдонаш-ояндасозони халқу миллат медонад:

Дар намози бомдодаш

Бо дуо бархезад аз ҷо:

- Эй Худо, шогирди манро

Ҷодаи тавфиқ бинмо.

Ниҳоят, шоир  ба аҳли ҷомеа муроҷиат карда, дар манзума чунин мисраъҳоро  ҳусни мақтаъ мекунад, ки андешаи кулли мактабдидагону аз дарси муаллим баҳра бардоштагонро дар қолаби назм ифода кардааст:

Хидмати устодро кун,

То тавонӣ, эй бародар.

Чунки аз устод бошад

Равнақи фардои кишвар.

Зиёвиддин Бӯриев,

омӯзгори коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш