Нашрияи Омӯзгор

Садриддин Айнӣ – шоири ватанпарвар

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 861        Шарҳ: 0

 

Устод Садриддин Айнӣ дар овони мадрасахонӣ ба машқи шеър пардохт ва метавон оғози шеъргӯии ӯро ба солҳои 1893-1894 мелодӣ иртибот дод.

Шеърҳое, ки Садриддин Айнӣ дар оғози фаъолияташ бо тахаллусҳои Сифлӣ, Муҳтоҷӣ ва Ҷунунӣ навишта буд, парокандаву гум шудаанд, фақат як ғазал ва як мухаммас бар ғазали Ҳозиқ бо тахаллуси Сифлӣ боқӣ мондаанд, ки байти тахаллусии ғазал ин аст:

Нест хубонро вафое ҳеҷ дар бозори даҳр,

Сифлии бечораам, сар то ба по кардам ғалат.

Садриддин Айнӣ баъд аз ошноӣ бо Ҳайрат ба шеър гуфтан ҷиддан машғул шуд ва тахаллусашро «Айнӣ» интихоб намуда, аз соли 1896 милодӣ бо ин тахаллус шеър навишт.

Шеърҳои то давраи Шӯравӣ навиштаи устод Айнӣ зуҳуроти фикру андеша ва ҷаҳонбинии ӯ мебошанд. Ин ашъор аз бевафоии ёр, ҷабри ағёр ва шикваи қаҳрамони лирикӣ ҳикоят мекунанд. Инчунин, дар ашъори ӯ ҳаёти мадраса ва донишҷӯёни он инъикос ёфтааст. Ӯ аксар вақт аз нобаробариҳои иҷтимоӣ шикоят мекунад. Садриддин Айнӣ дар яке аз ғазалҳои аввалинаш «Гули сурх» дар натиҷаи бепулӣ аз сайри «Гули сурх» маҳрум монданашро ба риштаи тасвир кашидааст:

Аз тамошои «Гули сурх» аз чӣ мемондам ҷудо,

Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам?!

Ҳамин тавр, шеърҳои Садриддин Айнӣ «Достони сайри Ширбадан», «Базми амалдорон», «Дар мадраса ҳуҷраи қулай нест маро» ва қасидаи «Беҳуҷраву бекӯему беҷомаву дастор» пайи ҳам эҷод мегарданд.

Намунаи шеърҳое, ки устод Айнӣ то Инқилоби Октябр эҷод кардааст, дар тазкираҳои он давра, амсоли «Тазкират-уш-шуаро»-и Хоҷа Азими Шаръӣ, «Афзал-ул-тазкор фи зикр-уш-шуаро»-и Афзалмахдуми Пирмастӣ, «Баёз»-и Идрисхоҷаи Розӣ, «Наводири Зиёия»-и Садри Зиё, «Туҳфат-ул-аҳбоб фи тазкират-ул-асҳоб»-и Салимбеки Салимӣ ва ғайра ҷойгир ва ҳифз гардидаанд.

Шеърҳои «Эй тарҷумаи ҳоли дил, эй сафҳаи «Турон», «Нидо ба ҷавонон», «Самарқанду Бухоро», «Панд», «Азият ва ҳиҷрон», «Саҳаргоҳон» моҳияти амиқи иҷтимоӣ доранд. Дар ин ашъор низ Садриддин Айнӣ саҳифаҳои рӯзгори худро инъикос кардааст. Ӯ аҳволи ҳамондавраинаи хешро дар шеъри «Самарқанду Бухоро» чунин баён намудааст:

Меҳру шафқат ба замон нест, агар ҳаст, риё,

Одамият ба ҷаҳон нест, агар ҳаст, хаёл.

Мил бар дида гузоранду бигӯянд: «Хамӯш!»

Тир бар сина халонанду бигӯянд: «Манол!»

Ин шеър оғози андешаҳои зиддиамирии Айнӣ мебошад. Баъди бо асари «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ошно гардидан дар тафаккури Садриддин Айнӣ «инқилоби фикрӣ» ба вуҷуд меояд ва ӯ чунин менависад: «Ҷойҳои ба ман таъсирбахши «Наводир-ул-вақоеъ» он ҷойҳо буданд, ки ман он ҳодисаҳоро дар зиндагӣ дида будам ва аз он аҳвол дилтанг мешудам, аммо ҳеҷ гоҳ ислоҳ шудан ва ислоҳ кардани он аҳвол дар хотирам намегузашт …» Ҳамин мавзӯи «ислоҳ карда натавонистану нафрат кардан»-и Садриддин Айнӣ дар ашъори ӯ қаблан ҳам дарҷ гардида буд.

Айнӣ бо пирӯзии Инқилоби Октябр масъалаи «нафрат» доштанро ба сохти пешин ривоҷ медиҳад. Аз ин ҷост, ки дар шеърҳои «Ба шарафи Инқилоби Октябр» ва «Марши ҳуррият» комилан ба мақсадҳои Шӯравӣ худро пайваст ва ба васфи ғояҳои озодиовар пардохт, ба ин восита душмани сохти амирсолорӣ будани худро дар шеъри «Марши ҳуррият» ошкор намуд:

Эй ситамдидагон, эй асирон!

Вақти озодии мо расид.

Муждагонӣ диҳед, эй фақирон!

Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.

Дар маҷмӯъ, ашъори устод Айнӣ дар даврони Шӯравӣ ба васфи инқилоб, озодӣ ва ҳаёти нав бахшида шудаанд. Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Ахгари инқилоб» ба ду забон (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) интишор ёфт.

Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ фаъолияти устод Айнӣ дар шеърнависӣ густариш меёбад ва ӯ мардуми Шӯравиро ба мубориза ба муқобили душман даъват менамояд. Ғалаба бар фашизмро бо «Қасидаи ҷанг ва зафар» истиқбол кард, ки дорои оҳанги мутантан ва қофиябандии тоза мебошад.

Дар шеърҳои Садриддин Айнӣ оҳанги тарбиявӣ ва маорифпарварӣ ҳувайдо аст. Устод дар шеъри «Овози тоҷик» чунин гуфтааст:

Ба парда то ба чандин рози тоҷик?

Биё, биншин, шунав овози тоҷик.

Чу қумрӣ месароям нағма,чунки,

Гирифторам ба сарви нози тоҷик.

Ҳақиқат ҚУРБОНОВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №27, ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш