Нашрияи Омӯзгор

Дӯстӣ нишотбор аст

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Дар хурдсолиам ҳамеша бибиам дуои нек дода, мегуфтанд, ки “муаллим шав, ба мисли падарат”   ва илова менамуданд, ки бузургон беҳуда “мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз” нагуфтаанд. Хоҳӣ, ки ба мисли қиблагоҳат шахси босаводу сазовори ҳурмату эҳтироми мардум бошӣ, касби ӯро интихоб намо. 

Ҳамин дуои бибиам (ҷояшон ҷаннат бод) соли 1969 маро ба даргоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оварду ман ҳуҷҷатҳоямро ба шуъбаи филологияи факултаи таъриху филология супоридаму донишҷӯ шудам. Мо дар ду гурӯҳ 30 - нафарӣ (60 нафар дар як курс) мехондем. Бо ҳамдигар ба зудӣ унс гирифтем. Ба назарамон чунин менамуд, ки солҳо боз шиносему ёру бародарем. Бахусус, дар давраи сессияҳо гурӯҳ-гурӯҳ якҷоя ба имтиҳонот омодагӣ медидем. Ҳама ташнаи илму дониш   бо ҷидду ҷаҳд машғули илмомӯзиву донишандӯзӣ будем, ҳамдигарро дастгирӣ мекардем.

Солҳо сипарӣ шуданду мо донишгоҳро ба итмом расонда, дар соҳаҳои гуногун кору пайкорро оғоз намудем. Ҳоло синну соламон ба ҷое расида бошад ҳам, дарсҳои пурмуҳтавои устодони мутафаккиру донишмандамон - Носирҷон Маъсумӣ, Холиқ Мирзозода,  Тилло Пӯлодӣ, Ю.И. Бобоев, Асомиддин Насриддинов, А.Эшонҷонов, Назаршо Бозидов, М.Исматуллоев, Ҷонон Бобокалонова, Собирҷон Мирзоев, Наҷмӣ Сайфиев, Субҳон Давронов... аз лавҳи хотирамон дур нарафтааст. Оре, ҳар як дарси онҳо муҳтавои як асари бадеиро дошт. Онҳо омӯзгорони асилу нотакрор буданду дарсҳояшон мондагор.

Ҳоло хотираамро оид ба яке аз ҳамон ҳамкурсони хушсалиқаву дӯсти қадрдонам Исмоил варақгардон карданиам. Исмоил фарзанди яке аз абармардони  санъати тоҷик, Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Назриев (ҷаннатул маъво бод) буд. Мо ифтихор аз он мекардем, ки фарзанди чунин як шахси бузург бо мо дар як курс, дар як гурӯҳ таҳсил менамояд.

Исмоил аз кӯдакӣ сурудҳои марғуби падарро шунида, ба завқ меомад. Дар фазои сурудҳои дилчаспу дилрабои падари бузургвораш шоду мамнун ба воя расид. Ҳамин хушнудию хурсандии доимии хонаводагӣ ӯро ҳамчун ҷавони кушодарӯю хушмуомила, шӯху хандонрӯ ба воя расонд. Мо, ҳамкурсон, борҳо ба хонаи Исмоил рафтаем ва ҳаққи нону намаки амаки Абдулло Назриев шудаем.

Исмоил дар баробари бо баҳои хубу аъло хонданаш дар корҳои ҷамъиятии факултаю донишгоҳ фаъолона ширкат меварзид. Дар озмунҳои ҷодаи санъат иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намунавӣ гашта, номбардори курсу факултаю донишгоҳ  буд. Мо, ҳамкурсон, то андозае дӯстони қадрдон гашта будем, ки дар рӯзҳои таваллуди ҳамдигар туҳфае ба соҳибҷашн гирифта, бо рӯзи мавлудаш табрик намуда, барояш хониши хубу аъло ва дар зиндагиаш тамоми хушиҳои ҳаётро таманно мекардем. Исмоил бо сурудҳои дилнавозаш ба базм шодию сурур зам намуда, табъи соҳибҷашну ҳамкурсонро болида мегардонд. Аҷаб оламест, олами ҷавонӣ! Касе, ки бори аввал овони ҷавонию  донишҷӯиро давраи тиллоӣ гуфтааст, билкул ҳақ асту рост. Давраи  илму донишандӯзӣ, сатҳи дониш, маҳорату малакаро баланд бардоштану  такмил додан, аз кулли ташвишҳои дигари зиндагӣ орӣ будан, бо ҳамсабақон шоду мамнун, хушу хурсандона таҳсил намудану аз хушиҳои  ҳаёт баҳрабардор шудан ва аз он илму дониши андӯхта тамоми умр баҳраманд гаштан худ гувоҳи он аст, ки донишҷӯӣ давраи тиллоӣ мебошад. Ҳосиле, ки дар ин давр мо ҷамъоварӣ менамоем, тамоми умри боқимонда сарф мекунем.

Моҳи октябри соли 1985 банда ба курси думоҳаи бозомӯзии директорони мактаб, ки дар бинои Донишгоҳи омӯзгории пойтахт баргузор мегашту ҷойи хобамон дар хобгоҳи донишҷӯёни факултаи забон ва адабиёти рус буд, омадам. Ин бино рӯ ба рӯи кинотеатри 8- уми март аз тарафи ғарби хиёбони Рӯдакӣ (пештара хиёбони ба номи Ленин) ҷойгир буд.

Рӯзе дар роҳрави пешорӯйи бинои донишгоҳ бо Исмоил рӯ ба рӯ шудам. Самимона ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, ҳолу аҳволпурсӣ намудем. Исмоил ба ҳайси устоди кафедраи педагогикаи донишгоҳ фаъолият менамуд. Дар фарҷоми суҳбат маро ба хонааш таклиф кард, ман бо миннатдорӣ:  ягон рӯзи дигар меравем, гуфтам ва мо хайру хуш намудем. Пагоҳи он рӯз Исмоил ба хобгоҳ омада, гуфт, ки аз ба Душанбе омаданат падарам огоҳӣ ёфта, маро сахт сарзаниш намуд, ки чаро Муҳаммадраҳимро бо худ гирифта наомадӣ? “Пагоҳ, албатта, ҳамроҳат гирифта биё!” – таъкид намудааст амаки Абдулло. Мо ҳамроҳи ду директор аз ноҳияи Шаҳритус (Ҳамро Тӯрабоев ва Қиёмов) бегоҳӣ ба хонаи  Исмоил рафтем. Ҳофизи номдору тавонои миллат, равоншод Абдулло Назрӣ ҳамроҳи Исмоил моро самимона пешвоз гирифтанд. Баъд аз зиёфату суҳбатҳои самимию пурмуҳтавои соҳибхонаю меҳмонон чун ҳарвақта аз амаки Абдулло ва Исмоил хоҳиш намудем, ки суруде бихонанд. Суҳбат ба базм табдил ёфт.

“Омадан бо иродат, рафтан бо иҷозат”, - гуфта  мизбонон моро танҳо нимаи шаб иҷозати рафтан доданд. Дар берун шим-шим борон меборид. “Исмоил ба рондани мошин завқ пайдо накард”, - гуфта, амаки Абдулло худ дар паси чамбараки мошини “Волга”-и сиёҳашон нишаста, моро то ба хобгоҳамон оварданд... 

Ҳамин тариқ, дӯстии мо, ҳамсабақон, дӯстии ҷонӣ буд, ки то ба имрӯз идома дорад. Воқеан, мо бо ҳам мунтазам иртиботи телефонӣ дорем ва аз вазъи кору рӯзгори якдигар огаҳем. Дар ғаму шодии якдигар шарик, дар паҳлуи ҳамдигарем. Аламовар он аст, ки як қисм хамсабақонамон бо ин ҷаҳони фонӣ падруд гуфта, ба ҷаҳони абадӣ реҳлат намуданд, ки ҷояшон холист.

Дотсенти Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи ҷумҳурӣ Исмоил Назриев ба синни мубораки 70 расидааст. Ин ситораи намоёни олами маориф ва фарҳангро бо зодрӯзаш табрик намуда, дар ҳаёташ хушиҳои рӯзгор ва дар фаъолияти омӯзгорию фарҳангиаш барору баракат, комёбию муваффақият таманно дорам.

 

Муҳаммадраҳим Тошпӯлодов,

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш