Дар айёми донишҷӯӣ то шурӯъ шудани нахустин дарси омӯзгоре мо - донишҷӯён аз хулқу атвор ва усули дарсдиҳии он омӯзгор маълумот мегирифтем. Дар курси чаҳорум аз фанни услуби таълими фанни таърих ба синфхонаи мо муаллимаи хушқомату зебосурате ворид шуд. Мо аз донишҷӯёни курсҳои болоӣ дар бораи ин муаллима иттилоъ пайдо карда будем ва медонистем, ки ӯ бонуи хеле ором ва ботамкин мебошад. Маҳз дарсҳои муаллима буданд, ки мо аз сифатҳои омӯзгори асил ва моҳияти ин касби инсонсоз воқиф шудем. Ҳаёт ва фаъолияти муаллима барои мо дарси ибрат буд. Ин муаллимаи донишманду кушо Мунавварова Тамара буда, хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ), номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷии ДМТ, муаллифи китобҳои “Исторический опыт традиционной школы и учительства Таджикистана (вторая половина XIX-начало XX вв.) (бо ҳаммуаллифӣ), “Услуби таълимӣ фанни таърих дар мактабҳои миёна” (бо ҳаммуаллифӣ), “Новая история стран Европы и Америки” (1870-1918гг.), “Муқаддимаи ихтисоси таърихшиносон” ва инчунин, якчанд дастурамали методӣ ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ба шумор меравад. Т.Мунавварова тамоми умри бобаракати худро дар роҳи илму дониш ва тайёр кардани шогирдони заҳматкашу донишманд сарф намуда, дар байни устодону донишҷӯён ва аҳли илму маорифи ҷумҳурӣ соҳибэҳтиром гардидааст.
Аксари педагогҳои машҳури ҷаҳон бар он ақидаанд, ки муаллими асил як хусусияти хос дорад, ки ба шогирдон маъқул аст, яъне, кораш бо амалаш мувофиқ буда, гапҳои беҳудаи дурушту дурӯғро умуман истифода намебарад. Хушбахтона, ҳамин хусусиятҳоро муаллимаи азизи мо доро мебошад. Чунонки бузургон мегӯянд, омӯзгори хуб таваллуд намешавад, балки тарбия меёбад. Муаллима барои фаҳмонидани дарсҳояш усулҳои гуногуни методиро истифода мебарад ва мавзӯъро бо мисолҳои гуногуни ҳаётӣ муқоиса намуда мефаҳмонад.
Муаллимаи азизу меҳрубон Тамара Мунаввароваро ба ифтихори 75-cолагии зодрӯзаш самимона табрику таҳният гуфта, барояш саодатмандиву рӯзгори шукуфон ва дастовардҳои нави илмиро таманно мекунем.
Суханвар Маҳмудзода,
омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддини Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр