Нашрияи Омӯзгор

Дилдодаи забони ноби тоҷикӣ

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Корманди шоистаи Тоҷикистон, устод Ҳомид Маҷидов доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони адабии муосири тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, забоншиноси маъруф, бунёдгузори илми фразеологияи тоҷик, пажӯҳишгари масъалаҳои мубрами бахшҳои луғатшиносӣ, савтиёт, грамматика ва услубиёти забони тоҷикӣ мебошад.

Ҳарчанд дарунмояи таҳқиқоти илмии профессор Ҳомид Маҷидовро масъалаҳои системанокӣ, гурӯҳҳои маъноӣ, сохторӣ, мансубияти ҳиссаинутқӣ, категорияҳои грамматикӣ ва қонуниятҳои мавҷудияту амалкарди воҳидҳои фразеологии забони тоҷикӣ фаро мегиранд, масъалаҳои дигари забони тоҷикӣ низ аз мадди назари ӯ дур намондаанд. Махсусан, пажӯҳишҳои ӯ доир ба маънои луғавии калима, навъҳои он, роҳҳои сермаъношавӣ, хусусиятҳои муродифӣ, ҳамовозӣ, зидмаъноӣ ва наздиковозии онҳо, нишонаҳои калимаҳои аслии забони тоҷикӣ, роҳҳои ташаккули таркиби луғавии забон, сабабҳои иқтибоси калимаҳо, манбаъҳои пайдоиш, нишонаҳои савтӣ, сарфӣ, маъноӣ, мутобиқати онҳо ба меъёрҳои савтиву сарфӣ ва маъноии забони тоҷикӣ, таснифоти онҳо аз лиҳози дараҷаи истеъмол, оҳангҳои мухталифи эҳсосӣ, баҳодиҳӣ ва мавқеи онҳо дар фарҳангу луғатҳо, ки дар китоби «Забони адабии муосири тоҷикӣ» ҷамъбаст гардидааст, аҳамияти баланди илмиро соҳибанд.

То имрӯз аз ҷониби профессор Ҳомид Маҷидов 11 монографияву китоби дарсӣ ва зиёда аз 170 мақолаи илмиву таълимӣ таълиф гардида, аз ҷониби муҳаққиқони бахши филологӣ ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамчун дастури муҳимми илмӣ - таълимӣ пазируфта шудаанд. Ба монанди «Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик» (1982), «Системаи фразеологии забони адабии муосири тоҷикӣ» (2006), «Забони адабии муосири тоҷикӣ. Луғатшиносӣ» (2007), «Сеҳри сухани форсии тоҷикӣ» (2014) ва чанде дигар.

Самти пажӯҳиши профессор Ҳомид Маҷидов якранг набуда, масъалаҳои мубрамро дар бар мегирад. Тибқи назарияи профессор Ҳомид Маҷидов, гузариши унсурҳои бегона ба забони тоҷикӣ ҳанӯз то зуҳури ислом аз забонҳои модӣ, бохтарӣ, портӣ, суғдӣ, юнонӣ, ҳиндӣ, суриёнӣ, оромӣ оғоз ёфта, баъдан аз забонҳои арабӣ, туркиву муғулӣ ва русиву аврупоӣ гузариш ёфтаанд. Аммо дар тамоми муддати иқтибосшавӣ забони тоҷикӣ тавонистааст, ки унсурҳои бегонаро ба талаффузи тоҷикӣ тавъам сохта, мавриди истифодаи соҳибзабонон қарор диҳад.

Дар асоси омӯзиш ва муқаррарсозии нишонаҳои калимаҳои аслии забони тоҷикӣ, махсусиятҳои савтӣ, сарфӣ ва маъноии калимаҳои мансуб ба забони арабӣ, туркиву муғулӣ ва русиву аврупоӣ профессор Ҳомид Маҷидов муқаррар намудааст, ки забони тоҷикӣ дар раванди қабул ва истифодаи калимаҳои бегона дастгоҳи қавии амалкардро соҳиб аст. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат забони тоҷикӣ тавонистааст, ки дар давраҳои дуру дарози таърихӣ ва тазйиқи забонҳои бегона сохтор, махсусиятҳои савтӣ, сарфӣ ва маъноии хешро то ба имрӯз нигоҳ дорад. Хосатан, пешниҳоди устод дар бобати роҳу усулҳои мутобиқгардонии калимаҳои русиву аврупоӣ ба забони тоҷикӣ, ки дар мақолаи «Қонуни мутобиқат меъёри муҳим» оварда шудааст, кӯшиши аввалинест дар ин самт.

Ҷиҳати дигари таҳқиқоти профессор Ҳомид Маҷидов дар он зоҳир мегардад, ки вай на фақат ҳамчун муҳаққиқ, донандаи хуби таърихи гузаштаву имрӯзаи забони тоҷикӣ, балки ҳамчун тарбиятгари олимони ҷавон низ шинохта шудааст. Шогирдони мактаби илмии ин шахсият доир ба масъалаҳои ҷудогонаи мубрами забони тоҷикӣ пажӯҳишҳо анҷом дода, имрӯз даҳҳо нафар дорои унвони номзади илмҳои филологӣ, чанде дигар дар арафаи ҳимояи рисолаҳои докторӣ қарор доранд.

Имрӯз профессор Ҳ. Маҷидов дар ҳалқаи пайвандон, ёру дӯстон ва шогирдонашон даврони пирӣ меронад. Мо, шогирдони устод, умри дарози бобаракат, тани сиҳат, хушиҳои рӯзгорро барояшон таманно дорем.

М.АБДУРАҲМОНОВА,

Н.ХУДОЁРОВА,

М.ХОЛОВА,

устодони кафедраи забони адабии муосири

тоҷикии ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш