Николай Миклухо-Маклай солҳои зиёди ҳаёташро ба саёҳати олам бахшида, дар ин ҷода ба муваффақиятҳо ноил гардидааст. 19-уми сентябри соли 1871 киштии ҳайати олимону мутахассисон ба сардории Миклухо-Маклай дар соҳили Гвинеяи нав лангар партофт. Сайёҳ ба ҷои ноозмуда-ҷазираи нав бо аслиҳа ворид мешавад. Ногоҳ эҳсос мекунад, ки аз наздаш тири камон парида мегузарад. Эътибор надода, роҳашро идома мебахшад. Дар роҳ мефаҳмад, ки ӯро папаусҳо иҳота кардаанд. Зуд мӯзаҳояшро кашида, зери сар мегузорад ва хоб меравад. Ин ба маъноест, ки ман ба шумо кордор нестам. Ин қадами аввалини одами сафедпӯст дар сарзамини папаусҳо буд. Папаусҳо Миклухо-Маклайро эҳтиром карда, кордор намешавад. Ба ҷазираи Гвинеяи нав омадани Миклухо-Маклай дар солҳои ҳаштодуми асри XIX ҳодисаи нодир буд, зеро ин сарзаминро олимон, аз ҷумла, олими англис Джеленс Гент кишвари «Одамони ваҳшӣ» ном мебурданд. Ташрифи Миклухо-Маклай онҳоро ба ҳайрат овард ва дурӯғ будани ақидаҳояшон исбот шуд.
Миклухо-Маклай дар байни папаусҳо зиндагӣ карда, забон, тарзи зиндагӣ ва таърихи халқи ҷазираро омӯхт. Моҷароҳои байни қабилаҳою деҳаҳоро барҳам дода, байнашон муносибатҳои дӯстонаро тарвиҷу ташвиқ мекард. Аз ин рӯ, папаусҳо ӯро “ЭММ, - аба, рус” (Эй падар, эй бародари рус) мегуфтанд. Хурсандии сокинони ҷазираи Гвинеяи нав ҳадду канор надошт, вале оқибати ин хурсандӣ бо фоҷиа анҷомид, зеро баъди ба Австралия сафар кардани Миклухо-Маклай ба ҷазираи мазкур мустамликадорони Англия сар дароварданд.
Онҳо ба мақсади мутеъ гардонидани сокинони ҷазира бо артиши афзун хуни мардуми бегуноҳро мерехтанд. Папаусҳо то ин дам ба аврупоиҳо муҳаббати зиёд доштанд, вале пас аз ин ғоратгариҳо ақидаашон тамоман дигар шуд.
М.Маклай аз ин ҳодиса бохабар шуда, аз подшоҳи Россия хоҳиш мекунад, ки бояд ба ҳукуматдорони Англия барои ин бедодгарияшон эътирознома фиристад. Вале ин кӯшиши Маклай бенатиҷа мемонад.
Пас вай ба воситаи матбуот мустамликадорони англияро сахт маҳкум мекунад. Ӯ бори дигар ба ҳукумати подшоҳӣ муроҷиат мекунад, вале ин дафъа ҳам муродаш ҳосил намешавад. Сайёҳ маҷбур мешавад, ки ба воситаи рӯзномаи “Новости” ба халқи Россия муроҷиат кунад. Мардуми Россия даъваташро қабул мекунанд ва 2 ҳазор хоҳишманд барои ба Гвинеяи нав муҳоҷир шудан розигӣ доданд. Ҳатто нависандаи бузурги рус Л.Н Толстой ба тарафдории муроҷиати Миклухо-Маклай чунин менависад: ”Шумо, Миклухо-Маклай, гуфтаи “инсон дар ҳама ҷо инсон аст”-ро амалан исбот кардед. Исбот кардед, ки бо инсон на ба воситаи аслиҳа, балки ба рафтори инсонпарварона муносибат кардан лозим аст. Хизмати шумо қаҳрамонист, дар ҷамъияти мо ин гуна одамон каманд. Ин қаҳрамониро бисёриҳо намефаҳманд. Хоҳишмандам барои илм муфассал дар бораи саёҳати худ нависед. Навиштани ин гуна воқеаи таърихӣ-вохӯрӣ ба мардуми Океания ба халк хизмати хуб кардан аст.”
М.Маклай тирамоҳи соли 1887 ҳамроҳи ҳамсараш Маргарита Робертсон ва ду писараш аз Австралия ба Санкт-Петербург бармегардад. Вай аз бемории сахт дар шаҳри Петербург вафот мекунад.
Ҳамсари М.Маклай Маргарита Робертсон соли 1936 дар Австралия аз олам мегузарад. Аз рӯи баъзе гуфтаҳо фарзандонаш-Искандар Нилс ва Владимир Олан то вақтҳои охир дар қайди ҳаёт буда, дар Австралия зиндагӣ мекарданд. Такдири ояндаи онҳо маълум нест. Дастнависҳо аз асарҳои чопшудаи Миклухо-Маклай ҳоло дар Институти этнографияи ба номи М.Маклай Академияи фанҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Санкт-Петербург нигоҳ дошта мешавад. Ҳаёт ва фаъолияти М.Маклайро аҳли илм на танҳо медонанду меомӯзанд, балки ӯро сайёҳ ва тадқиқотчии аввалини кишвари дурдаст - Океания меноманд.
Таҳияи Саймурод Одинаев,
мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр