Нашрияи Омӯзгор

Раҳнаварди ҷодаи илму маориф

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Маҳмуд Абдуллоев таҳсили ибтидоиро дар деҳаи Деҳдарозаки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб гирифтааст. Вақте ки дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мактаб-интернат ташкил ёфт, падар ба умеди такмили дониши писар ӯро ба ин муассисаи таълимӣ месупорад.

Пас аз хатми ин муассисаи таълимӣ  ба факултаи забони русии Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кард.

Маҳмуд Абдулло таассуроти худро аз ин муассисаи таълимӣ дар китоби «Аз таърихи мактаб-интернати «Коммунизм»-и ноҳияи Шӯрообод»  (Душанбе,  2015) муфассал баён кардааст. Махсусан, ҷараёни ба боғ табдил додани қариб панҷоҳ гектар замини интернат ҷолиби диққат ва омӯзанда аст. Оид ба хониши Маҳмуд дар мактаб - интернат як нуктаро таъкид кардан мехоҳам. Талабаҳои ҳар синф дар синфхонаҳои вобасташуда аҳлона дарс тайёр мекарданд ва талабаҳои пешқадам ба назди тахта баромада, вазифаи хонагиро ба аҳли синф мефаҳмониданд. Барои идора кардани талабаҳои синфҳои поёнӣ ҳангоми дарстайёркунӣ (дар интернат аз синфи 5 талаба қабул мекарданд) аз синфҳои болоӣ назоратгар таъйин мекарданд. Ман назоратгари  синфи Маҳмуд будам ва медидам, ки вазифаи хонагиро аз фанҳои таърих ва забони русӣ аксар вақт ӯ ба ҳамсинфон фаҳмонда, муколама мекард.

Маҳмуд Абдулло дар китоби ба мактаб-интернати «Коммунизм» бахшидааш борҳо аз муаллимони, дар ҳақиқат, донишманду ғамхори ин муассиса, чун Қосим Каримов, Барот Муродов, Алӣ Эмомқулов, Эмомалӣ Содиқов, Изатулло Исматов, Масамӣ Абдураҳмонов, Нур Насимов, Раҷабалӣ Шокиров, Вазир Назиров, Ҳабибулло Табаров, Ш. Кабирова… бо меҳру муҳаббат  ёдовар шудааст.

Дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб, ки Маҳмуд Абдулло таҳсил мекард, ба ӯ дар факултаи навтаъсиси филологияи рус устодон А. Агаев, В. Д. Пчелников, Л. В. Папирина, Ш. А. Бжассо, Ш. Комилов илм меомӯхтанд. Маҳмуд Абдулло  пас аз хатми донишкада бо роҳнамоии профессор М. Назаршоев ҷодаи душвори илмро тай намуда, соли 1982  дар шаҳри Алмаато бомуваффақият рисолаи номзадияшро дифоъ кард. Ӯ чун мудири кафедра, ҷонишини декан ва декани факултаи таърих ва ҳуқуқ солиёни дароз заҳмат кашид. Дар самти тадқиқоти илмӣ тамоми фаъолияташро ба як мавзӯи муҳим - таърихи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида, нуҳ монография ва 110 мақолаи илмию оммавӣ  эҷод кардааст.

Вақте аз дастовардҳои илмии профессор Маҳмуд Абдулло суҳбат мекунем, боз як самти дигари фаъолияти ӯ - роҳбарӣ ба корҳои илмии унвонҷӯёнро қайд кардан лозим аст. Алҳол бо роҳбарии ӯ зумрае аз унвонҷӯён ба корҳои илмӣ машғуланд. Шаш нафари онҳо рисолаи номзадиашонро ҳимоя намуданд.

Профессор Маҳмуд Абдулло инсони хушбахт аст. Сабаби асосии пешрафти фаъолияти ӯ, ба андешаи мо, ёриву дастгирии ҳамсараш Робиямоҳ Сафаралиева мебошад. Муаллима Робиямоҳ чун зани порсои тоҷик бори таълиму тарбияи фарзандонро ба дӯш гирифта, ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии шавҳар шароит фароҳам овард ва ба қавле, ин марди роҳи илмро ба мақсад расонид.

Ба наздикӣ Корманди шоистаи ҶТ ва Аълочии маорифи ҶТ, доктори илмҳои таърих, профессор Маҳмуд Абдулло ба синни мубораки 70 қадам мениҳад. Мо ба рафиқи айёми бачагӣ, марди хушгуфтору хушрӯзгор ва аҳли хонадони ӯ тинҷию осудаҳолӣ ва сарсабзиҳои зиндагиро таманно дорем.

А.Кучаров,

узви вобастаи АИ ҶТ,

профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш