Нашрияи Омӯзгор

Саромадони илми ҷуғрофиё

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 824        Шарҳ: 0

 

Дар асарҳои пажӯҳишии олимони тоҷик А. Ҷалилов  «Аз таърихи ҳаёти фарҳангии аҷдоди тоҷикон ва халқи тоҷик дар ибтидои асрҳои миёна» (Д., 1974) ва Н. Неъматов  «Давлати Сомониён» (Д., 1989) дар бораи таърихи географияи тоҷик маълумоти аҷиб пешниҳод гардидааст. Аз навиштаҳои устодон бармеояд, ки олимону донишмандон ва сайёҳони тоҷик, аз ҷумла, Ибни Сино, Муҳаммади Хоразмӣ, Ибни Хурдодбеҳ, Истахрӣ, Абузайди Балхӣ, Абурайҳони Берунӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Аҳмади Тусӣ  дар рушди  илми география саҳми барҷаста гузоштаанд.

Муҳаммади Хоразмӣ (780-850) дар рисолаи «Китобу-с-сурату-л-арз» (836–847) дар бораи бисёр кишварҳо ва сарзаминҳои тамоми  замонаш маълумот додааст. Ӯ дар ин китоб мавқеи ҷуғрофии 537 маҳал ва 209 кӯҳро нишон дода, роҷеъ ба тавсифи баҳрҳо, ҷазираҳо ва дарёҳо тадқиқоти муфиде ба анҷом  дода, чандин харитаи ҷаҳонро тартиб дода буд.

Ибни Хурдодбеҳ (820–913) асареро бо номи «Китобу-л-масолик вал-мамолик» («Китоб дар бораи роҳҳо ва мамлакатҳо») навишт, ки дар бораи ҷуғрофияи математикӣ, аз ҷумла, шакли сатҳи Замин маълумоти фаровону ҷолиб додааст. Дар ин асараш роҳҳои тиҷорати корвонгузарро ба шимол, ҷануб, ғарб, ҷанубу ғарб, аз Аврупо ба Ҳиндустону Хитой ва роҳи тоҷирони русро ба воситаи дарёҳои Дон, Волга, баҳри Хазар ба Осиёи Миёнаву Эрон тасвир кардааст.

Асосгузори мактаби классикии ҷуғрофидонҳои арабзабон Абузайди Балхӣ (850–934) дар асари худ «Сувару-л-ақолим» («Тасвири иқлимҳо») Заминро даврашакл тасвир карда, маълумоти муфид додааст.

Аҳмади Сарахсӣ (фавт 899) муаллифи ду асари ҷолиб аст, ки яке ба ҷуғрофиёи ҳисобӣ («Аз боби баҳрҳо, обҳо ва кӯҳҳо») ва дигаре ба ҷуғрофиёи тавсифӣ («ал-Масолик ва-л-мамолик») бахшида шудаанд.

Абурайҳони Берунӣ (973–1048), ки донандаи забонҳои хоразмӣ, арабӣ, суғдӣ, суриёнӣ ва юнонию санскритӣ буд, дар баробари дигар илмҳо ба ҷуғрофиё низ рағбати хосса дошт. Ӯ соли 997 глобусе сохта, онро барои муайян кардани тӯлу арзи шаҳрҳо истифода намуд. Берунӣ дар бораи тағйирёбии қишри Замин, пайдоиши кӯҳҳо, ҳаракати қитъаҳо, ҷойивазкунии баҳру бар ва дигар масоили ҷуғрофӣ фикрҳои ҷолибе баён кардааст. Ин донишманд, ҳамчунин, дар осораш ба сарватҳои зеризаминии қаламрави ҳозираи Тоҷикистон-конҳои тиллои Қаротегину Шугнов, лаълу лоҷуварди Бадахшон, симобу нуқраи Зарафшон, нафти водии Фарғона низ ишора кардааст.

Ибни Сино (980-1037) ба илми география низ машғул буд ва бо кашфиёти худ ин илмро ба пояи баланд бардошт. Ӯ шарҳу тафсири бисёр падидаҳои табиат (раъд, барқ, борон, жола, барф, гирифтани моҳ, заминларза, фаввораҳо ва ғ.)-ро дақиқ баён кардааст. Ибни Сино дар соҳаи геология низ ба комёбиҳои назаррас ноил шуда буд.

Рушди илми ҷуғрофиё дар асрҳои 12-13 ба номи як зумра олимони бузурги форсу тоҷик, аз ҷумла, Ибни Балхӣ, Алии Ҳиротӣ, Закариёи Қазвинӣ ... низ иртиботманд аст. Ибни Балхӣ намояндаи ин аср ба чандин музофоти Форс сафар карда, соли 1117 «Форснома»-ро навишт, ки дар таърихи адабиёти ҷуғрофии форсизабон мақоми хос дорад. Ӯ муаллифи яке аз аввалин харитаҳои ҷуғрофиёии вилояти Форс мебошад.

Таърих бисёр муаллифони гумномро медонад, ки асарҳояшон шуҳрати оламшумул доранд. Дар байни ҷуғрофидонҳо низ чунин муаллифон кам нестанд. Асарҳои муаллифони гумном  «Ҳудуду-л-олам» (982), «Аҷоибу-л-арз» (охири асри 12 ва аввали асри 13), «Аҷоибу-д-дунё» (асри 13), «Вақоеи ғароиб» (асри 16) ва ғайра, ки ба забони форсӣ навишта шудаанд, қимати баланди илмӣ доранд. Дар асрҳои 15–16 ва асрҳои минбаъда асарҳои зиёди ҷуғрофиёӣ, харитаҳо, глобусҳо пайдо шуданд. Гулшани Бухороӣ (фавт соли 1910) дар асари худ «Таърихи Ҳумоюн» дар бораи ҷуғрофиё, иқтисодиёт, топографияи ноҳияҳо, сарватҳои табиӣ, шуғли мардум ва хоҷагии онҳо, шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишини Аморати Бухорои асри 19 ва аввали асри 20 маълумот медиҳад.

Ҷуғрофиёдон, харитакаш ва ситорашиноси тоҷик Ҳоҷӣ Юсуф (1842–1925) борҳо ба мамолики Араб ва Аврупо сафар карда, 11 адад глобуси гуногун сохтааст. Яке аз глобусҳои ӯ то ҳол дар осорхонаи шаҳри бостонии Самарқанд маҳфуз аст, ки дар он номи қитъаҳо, уқёнусҳо, баҳру дарёҳо, инчунин, арзу тӯли замин сабт гардидааст.

Мавҷигул ТАБАРОВА,

омӯзгори географияи мактаби №5-и шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш