Нашрияи Омӯзгор

Теъдоди ғолибон афзуд

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии соли 2021-ум 24 ҷойи намоёнро ишғол намуданд, - гуфт Садбарг Ҳайдарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак. Мавсуф илова намуд, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни толибилмони синфҳои 5-6, 7-8 ва 11, ки аз 11 фанни таълимӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ баргузор гардид, аз синфҳои 11-ум аз 12 иштирокчӣ 3 нафар хонанда ғолиб дониста шуданд. Аз ҷумла, хонандагони гимназияи давлатии №1, литсейи давлатии “Нурбахш” ва муассисаи таълимии №9 аз фанҳои забони англисӣ, биология ва забони тоҷикӣ ба ишғоли ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ сазовор гардиданд. 

Дар даври ниҳоии олимпиадаи “Наврасон” байни хонандагони синфҳои 7-8 17 нафар толибилм иштирок карда, 4 нафар ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Азҷумлаи, хонандагони синфҳои 5-6 дар ҳамин олимпиада, ки 16 нафар аз шаҳри Норак ширкат намуд, 11 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ҳамзамон, хонандаи синфи 6-уми муассисаи таълимии №3 Басонати Зикрулло бо гирифтани ҷойи аввал бо медали тилло баргашт. Бори аввал хонандагони шаҳри Норак дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 24 ҷойро ишғол мекунанд, ки дастоварди беҳтарин маҳсуб меёбад.

Хонандагони шаҳр дар умум, як медали тилло, панҷ медали нуқра, ёздаҳ медали биринҷӣ ва ҳафт ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.

С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш