Олимпиадаи ҷумҳуриявии «Дониш талабу бузургӣ омӯз...» имсол дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардида, донишҷӯёни 35 муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он иштирок намуданд.
Дар олимпиада донишҷӯён аз рӯйи 14 фанни таълимӣ сабқат намуданд.
Пас аз кори комиссияи аппелятсионӣ натиҷаҳои озмун эълон шуд. Мувофиқи натиҷаи кори комиссия, аз миёни 400 нафар донишҷӯ - Фархунда Шодиева, донишҷӯи курси 4-ум аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойи 2-юм, Собирҷон Чоршанбиев, донишҷӯи курси 3-юм аз фанни химия ҷойи 3-юм, Озодамоҳи Неъматулло, донишҷӯи курси 2-юм аз фанни педагогика ҷойи 3-юм, Муборакшоҳ Қодиров, донишҷӯи курси 2-юм аз фанни сиёсатшиносӣ ҷойи 3-юм, Мавҷуда Саидова, донишҷӯи курси 3-юм аз фанни фалсафа ҷойи 3-юм ва Наҳтулло Давлатов, донишҷӯи курси 5-ум аз фанни таърихи халқи тоҷик ҷойи 3-юмро соҳиб шуданд.
Аз ҷониби маъмурияти донишгоҳ ва декани факултаҳо донишҷӯёни ғолиби Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
С.АЗИЗӢ,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр