Нашрияи Омӯзгор

Фаҳмиши ягонаи муносибати босалоҳият ба таълим

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Чанд сол аст, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муносибати босалоҳият ба таълимро мавриди амал қарор додааст. Вобаста ба ин ин масъала пайваста афкору ақидаи донишмандон, муҳаққиқон, устодони макотиби олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти зинаҳои гуногун мавриди арзёбӣ қарор дорад, вале ба ақидаи мо, фаҳмиши ягонаи масъала аз диди назарҳо ва ақлҳо ҳанӯз ба даст наомадааст.

Ҳадафи асосии гузориши масъала ва ҳаллу фасли он, омода кардани омӯзгорону устодон ба раванди таълими босифат ва натиҷабахш буда, аз ҷониби онҳо ба мактабиён ва ҷавонони муҳассил парвариш додани тавоноӣ, қудрату лаёқати андӯхтани дониш, сифатҳои салоҳиятмандӣ, тавонмандӣ, вусъати малака ва маҳорати фаҳму идрок, дарёфтани роҳу усули рушди табъи салим, лаёқати маърифатмандӣ дар раванди таҳсил аст.

Салоҳият ва тавонмандии аҳли таълим ва таҳсил дар пойгоҳи илмомузӣ ва андӯхтани дониш бунёд мегардад. Ҳанӯз 1100 сол қабл аз ин Абулқосим Фирдавсӣ гуфта буд: Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад!

Воқеан, нахустқадами салоҳиятмандӣ ва тавонмандӣ дар сатҳи фаҳмидан ва қабули илму дониш ба амал меояд. Албатта, на ҳар фарди омӯзанда (мактабхон, донишҷӯй) қобилияти закӣ ва фавқулода дорад. Ба ин нукта Мирзо Абдулқодири Бедил ишорате кардааст:

Рамзошнои маънӣ ҳар хирасар набошад,

Табъи салим фазл аст, ирси падар

набошад! 

Пас, андешаҳоро тавре ба миён гузорем, ки ба суоли «чӣ тавр ва чӣ гуна ба ташаккули салоҳиятмандии аҳли таълиму таҳсил (омӯзгор; хонанда, донишҷӯй) метавон муваффақ гардид», ҷавоби мутаносиб ва қобили қабул пайдо карда бошем. Гузориши масъала, қабл аз ҳама, шарҳи вожаи русии «компетентность»-ро тақозо менамояд, ки дар мавриди зайл маънии худро дар калимаи баробарарзиши «салоҳиятмандӣ» мунъакис месозад.

Инак, «салоҳиятмандӣ» (компетентность) чист ва чиро дар бар мегирад? Чаро фаҳмиши ягонаи мафҳуми зер душворӣ меорад ва чаро «компетентностный подход» ҳамчун «муносибати босалоҳият ба таълим» қабул шудааст? Муносибат аз ҷониби кӣ: омӯзгор, хонанда ё шахси дигар? Кадом амалҳое мавриди иҷро ва ҳукми қабул гардад, то муносибати босалоҳият ба таълим дар заминаи қобилияти илмомузӣ, сарфаҳм рафтан ба маводи таълим, вусъати дарк кардану дар амал истифода кардани чизи омӯхташуда аз ҷониби аҳли илму маориф фаҳмида шавад?  

Қабл аз шарҳи матлаб, дар робита бо казияи салоҳиятмандӣ бори дигар ба маънии дарку идрок, фаҳмидан ва сарфаҳм рафтан, дарёфтан ва зуҳури қобилият руҷӯъ мекунем. Саъдии Шерозӣ мегӯяд:

Дарки сухан гар накунад мустамеъ,

Қуввати нутқ аз мутакаллим равад.

Манзури мо аз ин таъкид чунин аст, ки «салоҳиятмандӣ», ки бештар ва амиқтар наздик ва ягона бо мафҳуми «тавонмандист», бар ду ҷониб асар дорад: ҳам ба омӯзгор ва ҳам ба мактабхон.

Дар ҳошияи ин андешаҳо мо тасмим гирифтем, аз ҷумла, аз нигоҳи таълими забони русӣ барои мактабҳои тоҷикӣ сухан ронем, то ба андозае салоҳиятмандии хонандагонро дар самти забондонӣ ва қобилияти сухангӯйии эшон (озодона гуфтугӯ карда тавонистан) арзёбӣ намоем. Чунин салоҳиятмандии фаннӣ робитаи мутақобилаи ҷузъҳои пайванди онро дар доираи забондонӣ, сухангӯйӣ, муошират, гуфтори озодона ва вижагиҳои иҷтимоӣ-фарҳангии муошират дар бар мегирад.  Рукнҳои зикрёфтаи салоҳиятмандӣ муоширати комилро ба забони русӣ таъмин мегардонад ва аз дарки фанни омӯхташаванда шаҳодат медиҳад. Ба дигар маънӣ, салоҳияти сухангӯйии мактабиён ба забони русӣ ҷузъи таркибии ҳамаи қисматҳои дар боло зикршуда маҳсуб меёбад ва сарфи назар кардан аз онҳо аз доираи ҳикмати таълим ва омӯзиш берун меафтад.

Ба андешаи мо, дар ташаккули салоҳиятмандии шогирдон муҳимтар аз ҳама маҳорати гуфтор бо риояи қонуни қоидаҳои забони омӯзиш аст. Суоле ба миён меояд: магар бе донистани қоидаву кавоиди талаффузи овозҳо, гузориши зада, риояи оҳанги гуфтор ва хониш (интонатсия), аз бар намудани миқдори кофии захираи луғат дар доираи мавзуоти муошират, салоҳиятмандии мактабиён бо забони русӣ таъмин мегардад? Агар хонандагон қоидаҳои маъмули калимасозӣ ва шаклсозиро дар забони русӣ дарк накунанд (маълум, ки забони русӣ ба типи забонҳои флективӣ-синтетикӣ мансуб аст), онро дар раванди гуфтор истифода набаранд ва ё истифода карда натавонанд, барояшон   омӯзиши ин забон маънӣ дорад? Албатта, не!  Ҳадаф аз он иборат аст, ки ҳамаи қисматҳои назариявии забон ба самти омӯзиши амалии он бояд равона гардад. Аз ин бармеояд, ки салоҳиятмандии хонандагон натиҷаи мушаххаси фаъолияти амалии онҳо дар бобати истифодаи забони русӣ дар раванди муошират буда, қобилият, лаёқат ва тавонмандии онҳоро ба маърази матлаб мегузорад.

Чунончи, ба салоҳиятмандии хонандагон дар сатҳи омӯзиши забони русӣ донистан ва тавонистани як зумра амалҳо салоҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, пайдо намудани малакаҳои нахусти муошират ва гуфтугӯ ба забони русӣ дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ бо соҳибон ва намояндагони забон дар ҳадди имконоти суҳбати озод ва баёни матлаб; донистан ва фаҳмидани қоидаҳои муқаррарии одоби муошират; пайдо намудани тасаввурот доир ба урфу одат, анъана, арзишҳои миллӣ, ки аз шиносоӣ бо фарҳангу хусусиятҳои зиндагии мардуми рус бармеояд; вусъати ҷаҳонбинии лингвистии хонандагон ва амсоли он. Ногуфта намонад, ки дар ҷараёни рушди малакаҳои нутқи шогирдон салоҳиятмандии онҳо дар бобати фарқ карда тавонистани воҳидҳои гуногуни забон, амсоли овоз, ҳарф, ҳиҷо, калима, ҷумла аҳаммияти хос касб менамояд.       

Таҳлили китоби дарсии забони русӣ барои синфхои ибтидоии мактабҳои тоҷикӣ (2-4) нишон дод, ки бо чунин тарзи таълими забони русӣ салоҳиятмандии хонандагон ба гумон аст таъмин гардад. Аз ҷумла, китоби дарсӣ барои синфи 2 «Русская речь» ном дорад (муаллиф В.М.Кострикова, Душанбе, «Маориф», 2017). Мақсади муаллиф дар қисмати «Сарсухан» хеле хуб ва мушаххас баён шудааст, вале роҳу усули пешгирифтаи вай ба забономӯзии мактабиён роҳ намекушояд. Тасаввур кунед, дар синфи 2 хонандагон нав ба забони модарӣ дуруст хондан ва навиштанро ёд мегиранд. Аз синфи 2 омӯзиши забони дигар – русӣ шурӯъ мешавад. Магар забонро фақат аз руйи сурат ва расмҳо таълим додан мумкин аст? Бо кадом донишу қудрат ва салоҳиятмандӣ мактабиён калимаҳои русиро талаффуз мекунанд, ба маънии онҳо сарфаҳм мераванд, онҳоро ба ҳам пайваст мекунанд, ҷумла месозанд?!

Дар китоб ягон маълумот дар бораи овозҳои забони русӣ, ки аз забони модарии хонандагон фарқ дорад, дида намешавад. Зада, ки дар забони русӣ душвортарин рукни низоми фонетикӣ аст, дар китоби дарсӣ ба назар гирифта нашудааст. Кор бо луғатомузӣ, ки пойдевори асосӣ ва «масолехи сохтмонии» забон маҳсуб меёбад, комилан сарфи назар шудааст. Шояд нигоҳи муаллиф ба масъала андаке дигар бошад, лекин дар марҳилаи кунунии омӯзиши забони русӣ, ки дар вазъияти қариб мавҷуд набудани муҳити гуфтор (речевая среда) сурат мегирад, табиати ҳар ду забон ва махсусан, забони модарии хонандагонро ба назари эътибор гирифтан муҳим дониста мешавад.

Аз нигоҳи салоҳиятмандӣ китоби «Русская речь» муаллим ва талабаро ба мушкилоти гуногун дучор меорад. Он на ба муаллим ва на ба талаба роҳнамо шуда метавонад. Дар китоб ҳатто ба хотири намуна ягон калима, ибора ва ҷумла оварда нашудааст. Танҳо расму суратҳо саҳифаҳои китобро пур кардаанд ва умеди ягона ба салоҳияти омӯзгор вогузор шудааст. Тафаҳҳум кардан душвор, ки омӯзгор чӣ гуна бо хонандагон аз рӯйи расмҳо кор мебарад, чӣ тарз онро мефаҳмонад, чиро тақозо мекунад ва чиро дастрас мегардонад?

Модом ки сухан аз боби салоҳиятман-дӣ меравад, бояд иқрор шуд, ки на ҳамаи муаллимони забони русӣ (тоҷикзабонҳо) қобилияти талаффузи бенуқсони овозҳои русиро соҳибанд (махсусан, хатмаркардагони солҳои охир), на ҳамеша задаро ба калимаҳо дуруст мегузоранд, ҷумлаҳоро дар қолаби дурусти грамматикӣ пешниҳод мекунанд. Пас, мо кадом салоҳияти талабаро интизор шавем? Китоби дарсӣ ин асолатро иҷро накунад, нутқи худи омӯзгор нуқсонҳои фонетикӣ ва грамматикӣ дошта бошад, талаба надонад, ки аз рӯйи расмҳо чӣ гӯяд ва ҳоказо.

(Давом дорад)

Саъдулло Неъматов,

доктори илмҳои

педагогӣ, профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш