Нашрияи Омӯзгор

Таҳкими робитаҳо

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Робитаҳои судманди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо марказҳои илмӣ ва муассисаҳои касбии олии Федератсияи Россия густариш меёбанд.

Дар ин замина, вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода бо ректори Донишгоҳи давлатии Сургути Федератсияи Россия Косенок Сергей Михайлович баргузор гардид. Мулоқот тариқи онлайн гузаронида шуд ва дар он сардори комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии Сургут, дотсент Олга Трухина ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ, дотсент Комилҷон Шарипов ширкат варзиданд.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ, густариши ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Сургут, имзои шартномаи тарфайн байни донишгоҳҳо, пайдо намудани робита байни кафедраҳо ва пурзӯр намудани кор бо ҷавонон, волонтёрон ва пайдо намудани робита бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Сургути Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ мебаранд, маънидод гардид.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш