Нашрияи Омӯзгор

Коллеҷи омор: дар садади пешравиҳо

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 828        Шарҳ: 0

 

Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат аз 2 ноябри соли 2012 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи техникуми омори шаҳри Ваҳдат таъсис ёфтааст.

Директори кунунии коллеҷ Ҳайдарзода Меҳроби Ислом баъди хатми факултаи иқтисоди байналмилалии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва магистратураи донишгоҳ ба коллеҷ омада, нахуст аз фанни назарияи иқтисод, менеҷмент ва маркетинг ба толибилмон дарс дод.

- Вақте ки маро барои кор ба коллеҷ даъват карданд, 24 - сола будаму ҳамзамон дар курси дуюми магистратура таҳсил мекардам, - мегӯяд сарвари муассиса  ва меафзояд, ки ҷавонтарин омӯзгор дар коллеҷ ҳисоб  меёфтам. Он ҳангом дар коллеҷ, ба тасдиқи Ҳайдарзода, нақшаҳои корӣ, силлабусҳо ва нақшаҳои тақвимӣ дастӣ таҳия ва омода мешуданд. Сохтори муқаррарии таълим дар ҷараён буд.  Ҳоло коллеҷ ба низоми кредитӣ нагузашта буд. Тадриҷан, марҳала ба марҳала бо дастгирию иқдоми роҳбарияти вақти муассиса низоми кредитӣ дар ду гурӯҳ таъсис ёфта, он ба системаи электронӣ - чопӣ гузашт.

- Солҳои 2013 – 2015 ба сифати мутахассис – эдвайзер фаъолияти худро ба роҳ мондам, - мегӯяд директор. Он солҳо  аз рӯйи чор ихтисос  мутахассисон тайёр карда мешуданд. Баътар таълим аз рӯйи шаш ихтисос ба роҳ монда шуд. Ин дигаргуниҳо ба он мусоидат кард, ки  сафи довталабон нисбат ба солҳои пешин зиёд гардид. Ҳамин тариқ, номзади илми иқтисодӣ, Ҳайдарзода Меҳроби Ислом дар вазифаҳои декани факулта ва муовини директор оид ба илм ва робитаҳои берунӣ ифои вазифа намуда, билохира  директори коллеҷ  таъйин гардид.  Айни замон дар муассиса 1300 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 400 нафар духтар ба шумор мераванд. Таҳсил дар коллеҷи мазкур дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ (ғоибона) тибқи низоми кредитӣ сурат мегирад. Ҳамчунин, дар муассиса шуъбаи таҳсилоти  ибтидоии касбӣ (литсей) низ амал менамояд, ки дар он зиёда аз 150 нафар хонанда ба таҳсил  фаро гирифта шудаанд.

Коллеҷ дорои 34 синфхонаи таълимӣ, се озмоишгоҳи компютерӣ китобхона, китобхонаи электронӣ (пайваст ба шабакаи интернет) мебошад. Ду факулта, шаш кафедра аз рӯйи 12 ихтисос мутахассисонро омода менамоянд. Дар коллеҷ аз 26 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ муҳассилин ба таҳсил фаро гирифта  шудаанд. Толибилмоне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд, бо хобгоҳ таъминанад.  Ба муҳассилин ихтисосҳои иқтисодиёт, ва ташкили истеҳсолот, иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо ва КАС, андоз ва андозбандӣ, кори бонкӣ, молия, таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ, омор, менеҷмент… омӯзонда шуда, дар шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ (литсей) аз рӯйи ихтисосҳои ҳисобдор  бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет – технология, ҳисобдор ва хазинадор – назоратчӣ маълумот ба даст меоранд. Айни ҳол дар коллеҷ 85 омӯзгор фаъолият мекунанд.

- Хатмкардагони коллеҷи мо дар бонкҳои қаламрави шаҳри Ваҳдат,  шаҳри Душанбе  ва дигар навоҳии ҷумҳурӣ ба ҳайси муҳосиб кор мекунанд, - тавзеҳ медиҳад сарвари муассиса. -Инчунин, онҳо дар раёсату шуъбаҳои андози шаҳру навоҳӣ, корхонаҳои тиҷоратию молиявӣ ба сифати менеҷмент ва иқтисодшинос фаъолият мекунанд. Чунонки зикр шуд,  коллеҷ  заминаи хуби моддӣ – техникӣ дошта, дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи технологияи иттилоотӣ мебошад, ки дар онҳо 116 компютер, 4 тахтаи электронӣ ва 8 видеопроектор мавҷуд аст.

Дар китобхонаи коллеҷ тақрибан тамоми китобҳои тахассусии зарурӣ мавҷуданд. Дар  умум, китобхона дорои 12931 китоб мебошад.

  -     Китобхонаи электронӣ  дорои 10000 нусха китоб аст, -  мегӯяд муовини директор оид ба илм  ва робитаҳои байналмилалии муассиса, номзади илмҳои педагогӣ  Раҳматулло Давлатов ва  тавзеҳ медиҳад, ки ҳамасола  аз Вазорати маориф ва илм ба коллеҷ, тибқи дархости роҳбарият, 300-400 нусха китоби  дарсӣ ворид мегардад. Устодону омӯзгорони коллеҷ  дар соҳаҳои гуногуни илмӣ (вобаста ба ихтисосҳои таълимӣ) дастуру китобҳои илмию методӣ ва назариявӣ таълиф мекунанд, ки аз он асар-ҳо муҳассилини муассиса ба таври васеъ истифода мекунанд. Аз ҷумла, Раҳматулло Давлатов  муаллифи «Раҳнамои фанни технологияи иттилоотӣ» ва «Технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт» (маҷмӯи ҳалли  масъалаҳои иқтисодӣ бо  ёрии «ms Excel» барои  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ) мебошад, ки  ин  таълифот бо тавсияи Вазорати маориф ва илм нашр гардидаанд. Омӯзгори таҷрибадори физикаю математика Зубайдулло Самадов зиёда аз 10 китоби  илмӣ – методӣ таълиф намудааст.

Чунин устодону омӯзгорони соҳибкитоб дар коллеҷ бисёранд. Раҳбарияти коллеҷ ба тарбия ва  тайёру омода намудани кадрҳои илмӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар муассиса бо ин мақсад Шӯрои  илмӣ фаъолият мекунад. Феълан, 3 нафар омӯзгор дар арафаи ҳимояи рисолаҳои илмӣ қарор доранд. Дар доираи «Бистсолаи омӯзиш  ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар  коллеҷ чорабиниҳои зиёде баргузор карда мешаванд.

-Танҳо дар нимсолаи аввали соли таҳсил  дар ин самт зиёда аз 5 конфронси илмӣ ташкил ва баргузор карда шуд, - мегӯяд муовини директор  Р.Давлатов ва шарҳ медиҳад, ки  семинари илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва  роҷеъ ба мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки тараққиёти корхонаҳои саноатӣ дар  Тоҷикистон» аз ҳамин қабил ба ҳисоб мераванд. Дар ин бобат пешниҳоди лоиҳаҳои эҷодии донишҷӯён бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омӯзиш…»  аз тарафи донишҷӯён дар мавзӯъҳои «Таҳияи барномаи мағозаи электронӣ дар CO  Android» ва «Таҳияи барнома барои сайёҳони хориҷӣ дар CO Android» аз талошу шавқи донишҷӯёни коллеҷ ба омӯзиши фанҳои  дақиқ шаҳодат медиҳад. Боиси хурсандист, ки дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ аз  фанни физика соли равон  донишҷӯи курси 2-и коллеҷ Дилноза Наимова  соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид. Ба қарибӣ дар  Олимпиадаи  ҷумҳуриявӣ, дар байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ – касбӣ, донишҷӯйи курси 2-и муассиса Адиба Давлатшоева маҳорату  дониши баланд нишон дода, ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гардид. Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (даври аввал) донишҷӯи  курси 2 Беҳрӯз Шарифов аз рӯйи номинаи адабиёти муосир сазовори ҷойи  якум, донишҷӯи курси якум Фирӯза Бобоева ҷойи дуюм ва донишҷӯи курси дуюм  Мурод Муродов ба гирифтани ҷойи сеюм ноил гардиданд. Ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд. Ин довталабон ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

Дар шаҳри Ваҳдат озмуни «Нақши китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси 2-и коллеҷ Сабрина Ғаниева сазовори ҷойи дуюм гардид.

Тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти  миллӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро аз масоили умдаест, ки дар меҳвари таваҷҷуҳи  раҳбарияти коллеҷ қарор дорад. Дар ин радиф, маъмурияти муассиса бо тамоми сохторҳои ҳифзи  ҳуқуқи кишвар робитаи зич дошта, ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳо (семинарҳои илмӣ, мизҳои мудаввар, конфронсҳо) оид ба «Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав», «Маводи мухаддир ва зарари он ба ҷомеа» ва амсоли инҳо ҷаҳду талош менамояд. Бояд хотиррасон намуд, ки ҳамкорию робитаҳои коллеҷи омор бо макотиби олии кишвар ва берун аз он, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии техникии Кузбасс ба номи Т.Ф.Горбачёв, Донишгоҳи менеҷменти шаҳри Алма – Атои Ҷумҳурии  Қазоқистон, Донишгоҳи иқтисодии Урали шаҳри Екатеринбург, Донишгоҳи кооперативии истеъмолии шаҳри Сибири Федератсияи Россия дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст, ки табодули таҷрибаи байниҳамдигарии устодону омӯзгорони ин муассисаҳои олӣ бо ҳамтоёнашон аз коллеҷи омор исботи гуфтаҳои мост.

Директори коллеҷ Ҳайдарзода Меҳроби Ислом дар хусуси қабули довталабон дар соли равон  ба коллеҷ ҳарф зада, қайд намуд, ки  бо мақсади ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, дар коллеҷ аз ҳисоби омӯзгорон гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шудаанд, ки ин гурӯҳҳо  ба шаҳрҳои Роғун, Норак, шаҳру ноҳияҳои вилояти  Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, Файзобод, Ёвон сафари хидматӣ анҷом додаанд.

Ҳамзамон, дар маркази бақайдгирии довталабон дар шаҳри Ваҳдат ва панҷ марказ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати қабули бештари довталабон корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ гардид. Тибқи нақша -  чорабиниҳои комиссияи қабули коллеҷ рӯзи «Дарҳои кушод» баргузор карда шуд. Хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳамроҳи волидони хеш дар ин чорабинӣ иштирок варзиданд.

Шодӣ  РАҶАБЗОД,

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш