Тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, дӯст доштани табиат ва боигариҳои он аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳар як омӯзгор ба шумор меравад. Оби ошомиданӣ ба мисли нафту газ, маъдану сангҳои қиматбаҳо сарвати бебаҳои миллист ва мо бояд ба қадри он расида, барои тоза нигоҳ доштанаш саъю кӯшиш намоем.
Бинобар он, яке аз соатҳои тарбиявиро дар синфи ҳаштум ба мавзӯи «Аҳамият ва тоза нигоҳ доштани оби ошомиданӣ» бахшидан ба мақсад мувофиқ аст. Ман барои гузаштани як соати дарс бо ҳамин ном аз усулҳои замонавии таълиму тарбия истифода бурдам. Дар натиҷа шогирдон, ба иқрори худашон, бисёр паҳлуҳои масъаларо дарк намуда, қавл доданд, ки минбаъд бо ин муъҷизаи олам – об муносибати ҷиддӣ менамоянд.
Омӯзгор, чунонки инҷониб дар дарс истифода кардам, номгӯи асарҳоеро дар тахтаи синф менависад, пораеро аз онҳо қироат менамояд, ки ба ҳамин масъала бахшида шудаанд. Дар баробари ин, эссеҳои хурди онҳоро, ки бо супориши омӯзгор як ҳафта пеш навиштаанд («Об - манбаи ҳаёт», «Об - рӯшноӣ», «Об - манбаи файзу баракат» ) мавриди муҳокима қарор дода, расмҳои кашидаи онҳоро дар ҳамин мавзӯъ дар тахтаи синф меовезад. Ҳамчунин, сабти видеоии «Манзараҳои Искандаркӯл», «Баҳри тоҷик», «Норак» ва «Кӯли Сарез» низ тавассути тахтаи электронӣ намоиш дода мешаванд.
Ҳамин тавр, дар баробари он ки бачаҳо аз аҳамияти об ба таври пурратар воқиф мегарданд, боз онҳо оид ба кӯлу дарёҳои кишварамон, мавқеи ҷойгиршавӣ ва масоҳати онҳо ошно мегарданд.
Бачаҳо аз нақли омӯзгор доир ба дарёҳои калонтарини ҷумҳуриамон – Сир, Аму, Зарафшон, Вахш, Бартанг, Панҷ, Варзоб, Кофарниҳон маълумот мегиранд. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 дарёи дарозиашон аз даҳ то се ҳазор километр мавҷуд буда, ҳамаи онҳо дарёҳои кӯҳианд. Дарозии умумиашон қариб 30 ҳазор километр аст. Дар давоми як сол аз дарёҳои ҷумҳурӣ беш аз 60 миллиард метри кубӣ об ҷорӣ мегардад. Ё ин ки онҳо дар бораи кӯли Сарез ин тавр маълумот мегиранд: Он дар ВМКБ ҷой гирифтааст. Кӯли мазкур соли 1911 дар натиҷаи канда шудани кӯҳпора дар баландии 3262 метр ба вуҷуд омадааст. Чуқуриаш 500 метр буда, дар он 17 миллион метри кубӣ об ҷамъ омадааст, ки барои тамоми сайёра дар як сол басанда аст. Масоҳати кӯл 88 ва дарозиаш 62,2 километр мебошад.
Шогирдон боз ҳам маълумоташонро дар бораи об пурра мекунанд: об барои шустушӯй, тайёр кардани хӯрок, обёрии заминҳо, истеҳсоли неруи барқ, роҳҳои киштигард, ҳаракатдиҳандаи воситаҳои техникӣ истифода мешавад.
Сурмахон АВАЗОВА,
омӯзгори мактаби №116,
ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр