Нашрияи Омӯзгор

Аҳамияти фанҳои табиӣ меафзояд

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

 Инсон донишҳои худро оид ба табиате, ки ӯро иҳота кардааст, дар ҷараёни муборизаҳои шадид барои зистани худ ғун кардааст. Инсонҳо аввалин маълумоти илмиро ҳангоми кишту кор, муқим шуда зистан ҷамъ намудаанд. Мисриён ва Бобулиён аз донишҳои ҷамънамуда истифода бурда, пирамидаҳо, қалъаҳо, сарбандҳо сохтаанд. Дар сохтмони ин иншоот аз механизмҳои одӣ: фишангҳо, ходаҳои чархзананда, ҳамвориҳои нишеб истифода бурдаанд.

Агар шумо ба атроф назар кунед, боридани барф ё борон, абрҳои дар осмон шинокунанда, ҷӯйбор ё дарёи обаш ҷориро мебинед. Ҳамаи инҳо ҳодисаҳои табиат ба шумор мераванд.  Ин дигаргуниҳо бевосита ба ҳаёти мо таъсир мекунад. Омӯхтани қонуниятҳои ҳодисаву ҷараёнҳои табиат имкон медиҳад, ки аз онҳо пурратар истифода барем. Қонуниятҳои мазкурро омӯхта, инсон мошинро ихтироъ намуд, ки меҳнати ӯро сабук менамояд. Мо ҳаёти ҳаррӯзаи худро бе электр (барқ), сӯзишворӣ ва оби тоза тасаввур карда наметавонем.  Асосҳои машинаҳои энергияи электрикиро ҳосилкунанда ва сохтмону дастгоҳҳоеро, ки ба воситаи сӯзишворӣ ва барқ кор мекунанд, фанни физика меомӯзад. Барои идора кардани мошину механизмҳо, ҳангоми кор таъмир кардани онҳо, инчунин, барои истифодаи пурсамари асбобҳои  рӯзгор моро зарур аст, ки донишҳои аз физика омӯхтаамонро ба кор барем.

Физика илмест, ки дар тараққиёти техника ва технология нақши муҳим мебозад. Рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар замони ҳозира бе истифодаи воситаҳои техникӣ ва технологияи нав ғайриимкон аст. Ин воқеият тақозо менамояд, ки ҳарчи бештар одамон бо донишҳои физикӣ мусаллаҳ бошанд. Омeзиши сабаби ҳодисаҳои табиат, ки ба зиммаи физика вогузошта шудааст, аз як тараф, барои қонеъ гардонидани талаботи маънавии инсон,  дуруст шаклёбии ҷаҳонбинии илмии вай мусоидат намояд, аз дигар тараф, маҳз тавассути донишҳои физикӣ, воситаҳои гуногуни техникӣ ва усулҳои нави технологӣ ба даст оварда мешавад. Ин раванд дар тӯли садсолаи охир имкониятҳои техникӣ-технологии инсонро хеле бузург кардааст. Мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон дар ин замина бо суръат пеш мераванд, манфиатҳои иқтисодиву сиёсии худро ҳифз мекунанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ин раванди умумиҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад. Аммо, ворид шудан ба шоҳроҳи технологии ҷаҳони муосир талаб менамояд, ки насли наврас ва ҷавонон бо донишҳои амиқи илмӣ мусаллаҳ бошанд. Ин масъулият баланд бардоштани сатҳи таълими фанҳои дақиқ, аз ҷумла, физикаю математикаро дар мактабу донишгоҳҳо талаб менамояд.

Аслиддин ХОЛИҚНАЗАРОВ,

омӯзгори физика-математикаи  мактаби №50, шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш